Ҳақиқат зодаи имони раҳбар...

Ҳақиқат зодаи имони раҳбар,

Ба ҳифзат ҷони ширин садқаи сар….

Бештари мардуми мо ҳақиқатро намебинанд ва гуфтан ҳам намехоҳанд. Касоне, ки вазирро аз наздик мешиносанд, медонанд, ки Ӯ як шахси серғайрат, серталаб ҳам нисбат ба худ ва ҳам нисбат ба атрофиёнашон ҳастанд. Ба ҳама маълум аст, ки вазири маориф дар куҷое, ки фаъолият намуданд, пурра аз ӯҳдаи кор мебаромаданд. Мисоли оддӣ, "ҷазира"-и ДМТ-ро ба як шаҳраки ободи донишҷӯён табдил доданд. Дар муддати шаш соли вазири маориф буданашон даҳҳо мактабҳо сохта ба истифода дода шуданд. Ана ин ҳаст хизмат ба халқу Ватан. Мансабдоронеро медонем, ки забони русиро об барин медонанд, аммо системаи идоранишинро пеша намудаанд. Вазири мӯҳтарам Худо ҳамеша ёр ва мададгори Шумо бошад. Омин

Аз собиқаи кории ин шахс қазоват кунед, ки Устоди азиз чӣ гуна дар соҳаи маориф солҳои тулонӣ заҳмат кашидаанд.

  • Солҳои 1975-1978-Хизмат дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ
  • Солҳои 1978-1983-Донишҷӯи Институти педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко  
  • Солҳои 1983-1984-Ассистенти кафедраи педагогика ва психологияи филиали Интитути педагогии давлатии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа
  • Солҳои 1984-1988-Ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишкадаи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
  • Солҳои 1988-1991-Аспиранти Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин
  • Солҳои 1991-1993-Муаллими кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон  
  • Солҳои 1993-2006-Дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2006-2007-Сардори раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаҳои олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2008-Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • Соли 2008 (01-11)- Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
  • Солҳои 2008-2012-Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2012-2013-Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Аз 19 ноябри соли 2013 то ҳоло - Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                                   

Шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ


05.02.2019     637
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php