10 – УМИ ДЕКАБР РӮЗИ УМУМУҶАҲОНИИ ҲУҚУҚИ ИНСОН

Ҳамасола ҷомеаи ҷаҳонӣ 10-уми декабрро ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн мегиранд ва ин сана ба рӯзи қабули Эълоимияи умумии ҳуқуқи башар вобастааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз тарафи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Мутаҳид 10-уми декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса  қабул гардидааст. Матни суратдори ин санади муҳими таърихӣ бо дастгирии Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба чоп расидааст. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар  дар шароити  имрӯза барои башарият  ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Эъломияи умумии ҳуқуқи башар хусусияти эъломиявӣ дошта, дар тамоми ҷаҳон аз ҷониби кулли одамон, ҳамчун санади тақдирсозу муътабар қабул гардидааст ва 72 сол мешавад, ки мавриди амал қарор дораду ба халқи ҷаҳон асосҳои адолати ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд. Дар мазмуну муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони барӯманди халқи тоҷик низ арзиши гаронмоя дорад. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ѓуломӣ ҳамчун таҳқир ба шаъну  эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дарҷ гардидаанд. 

ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР

МОДДАИ 1.

Тамоми одамон озод ва аз лиҳози шарафу ҳуқуқ ба ҳам баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд. 

Дар асоси Эъломияи умумии ҳуқуқи башар санадҳои дигари байналмилалӣ қабул гардидаанд, ки онҳо барои эътирофу эҳтиром ва ҳифзу пешрафти инсон ва ҳуқуқҳои ӯ нақши бузург дорад. Аз ҷумла, ду Паймони байналмилалӣ: Паймон «Дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ» ва Паймон «Дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ», ки  баҳри ҳифзу таъмини ҳуқуқҳои асосии инсон бахшида шудаанд, хеле муҳим мебошанд. Паймонҳои мазкур санаи 16-уми декабри соли 1966 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидаанд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 10-уми декабр ҳамчун «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ҷашн гирифта мешавад. Ҳамасола ҳафтаи аввали моҳи декабр ҳамчун ҳафтаи ҳуқуқи инсон эътироф шудаасту дар доираи он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чораҳо андешида мешаванд. Мақсад аз «Рӯзи ҳуқуқи инсон» ин пеш аз ҳама ба ҷомеа ва ҳар як нафар расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди  ҷомеа ва ҳаёти ҳар як нафар мебошад.

ЭЪЛОМИЯИ УМУМИИ ҲУҚУҚИ БАШАР

МОДДАИ 3.

Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1994 барои фароҳам овардани ҳуқуқу озодиҳо ва дар муҳити сулҳу субот зиндагӣ кардани аҳолии мамлакат таваҷҷуҳи зитёд дошт ва барои таъмин намудани шароити арзанда пайваста тадбирҳо меандешад. Боиси сарфарозист, ки аз се як ҳиссаи Конститутсияи Ҷумиҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст ва давлат ба он кафолат медиҳад. 

КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

МОДДАИ 5.

Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.

Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.

Ҳуқуқу оздиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. 

Маврид ба таъкид аст, ки барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда  барои ҳар як фарди ҷомеа Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 2012 таҳти рақами 678  «Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» ба тасвиб расидааст. Мақсади асосии барномаи мазкур баланд бардоштани  маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳамкории байни мақомоти давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар системаи маориф, барномаҳои  таълимии судияҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва чанде аз ҳадафу мақсадҳои  дигарро дар бар мегирад.

Расидан ба мақсаду маромҳои олӣ баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа ва ҳар як фардро тақозо менамояд, зеро эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон қисми ҷунонашавандаи зиндагӣ, фаъолият ва рафтори  ҳар як узви ҷомеа мебошад. 

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Валиев Д.- хабарнигори шуъба



03.12.2020     89