Шукронаи Истиқлолият

Шукронаи Истиқлолият

Шукронаи Истиқлолияти давлатӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раёсати МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” мекунем, ки ба шароити зисту таҳсили донишҷӯён диққати зиёд медиҳанд. Барои таҳсилу истироҳати донишҷӯён дар хобгоҳҳои донишгоҳ ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, барои соли нави таҳсили 2020–2021 таъмиру тамрин карда шудаанд. Донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд аз шароити хуби хобгоҳ истифода намудаву миннатпазиранд.

Деканати факултети тиббӣ тасмим гирифтанд, ки бо ду гуруҳи корӣ, дар хобгоҳҳои донишгоҳ рейдҳо гузаронида бо шароити зисти донишҷӯён аз наздик шинос шаванд, бо онҳо дар бораи чораҳои пешгирӣ аз COVID 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ, қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ суҳбату вохӯриҳо гузаронанд.

Бо ҳамин мақсад   ҳайъати кории факултети тиббӣ бо сарварии декани факултет д.и.т., профессор Хоҷаева Н.М. ва муовинони декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У., Раҳимова Д.С., Зокиров Р.А., Мансуров Ҳ.Н., намояндагони иттифоқи касабаи донишҷӯён ва донишҷӯёни фаъоли факултет бо рейди навбатӣ аз хобгоҳи № 4 дидан карданд. Дар аввал намояндагони деканат донишҷӯёнро бо фарорасии Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, зимни суҳбат, дар бораи сиёсати давлатӣ ва интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои зист дар хобгоҳ, эҳтироми ҳамхонаҳо ва тартибу интизом сухан ронданд. Инчунин ба донишҷӯён дар бораи қоидаҳо ва чораҳои пешгирӣ аз коронавирус маслиҳатҳо доданд. Дар толор ва роҳравҳои хобгоҳ овезаҳои ташвиқотӣ насб карданд.

Аз суҳбат бо коменданти хобгоҳ Шарипов Д., маълум гардид, ки дар ҳамкорӣ бо табибони поликлиникаи шаҳрии № 10, нуқтаи тиббӣ барои донишҷуён ташкил карда шудааст. Донишҷӯён доимо дар зери назорати табибон ва навбатдорон қарор доранд. Ҳарорати бадани онҳо бо ҳароратсанҷҳо санҷида шуда, дар мавриди зарурӣ зери назорати табибон мегиранд. Нуқтаи тиббӣ бо ҳама лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла маҳлулҳои тамизкунанда ва ниқобҳо пурра таъмин карда шудааст. Умед дорем, ки суҳбату вохӯриҳои судманд натиҷаҳои хуб медиҳанд.

Хоҷаева Н.М. Декани факултети тиббӣ, д.и.т., профессор                    

12.09.2020     599

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php