“Шаби Ялдо”

“Шаби Ялдо”

Санаи 21 декабри соли 2020 муовини декани факултети тиббӣ Бурҳонова З.У. дар пахши мустақими Радиои Фарҳанги Кумитаи Телевизион ва Радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд. Барномаи навбатӣ ба ”Шаби Ялдо” бахшида шуда буд.

“Шаби Ялдо” -  ин  шабест, ки ба оғози чиллаи калони фасли зимистон рост меояд. Дар ин шабу  рӯз дар иқлим ва дар баробари он дар организми инсон  низ тағйиротҳо ба назар мерасанд.Дар ин масъала яке аз омилҳо ин дарозии шабу рӯз ва норасоии нури Офтоб буда, ба саломатии инсон бетаъсир намегузарад. Нури равшании Офтоб омили ҳаётбахшанда буда, барои  нашъу намо ва пухта расидани анвои меваҳо  низ хизмат мекунад. Табиати биҳиштосои Тоҷикистон  аз чунин меваҷот ва сабзавот бой аст. Мо метавонем организми худро дар фаслҳои баҳор, тобистон ва тирамоҳ ҳам аз нури Офтоб ва ҳам аз меваю сабзавоти сервитамини    он, ки аз  таъсири нерӯи Офтоб пухта расидааст,  ғанӣ ва масъунияти бадани худро қавӣ  гардонем.

Кумитаи  телевизион ва радиои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасмим гирифтанд, ки санаи 21 декабри соли ҷорӣ пахши мустақими Радиои Фарҳангро ба ин мавзӯ бахшида, сари мизи мудаввар олимони варзидаи табиатшинос, файласуфон, таърихнигорон, устодони адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Тоҷикситонро ҷамъ оваранд, то ин ки доир ба ин масъалаи ниҳоят муҳим равшанӣ андозанд.

Муовини декани факултети тиббӣ, устоди калони кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика Бурҳонова З.У., ба ин барнома даъват шуда, дар бораи таъсири омилҳои муҳит ба  солимии  одам ва  чораҳои пешгирии  баландшавии фишори хун дар гипертоникҳо – шахсони мубталои фишорбаландӣ, баландшавии   қанди  хун  ва шахсоне, ки тез асабонӣ мешаванд, маслиҳатҳои  муфид доданд. Зимни посух ба саволҳои сомеони Радиои Фарҳанг муаллима  муроҷиат карда,  водор намуданд, ки дар давраи паҳншавии бемории  сироятии  “COVID – 19”  бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки масъунияти бадан қавӣ гардонида шавад. Дар ин маврид  бо риояи як қатор қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятӣ метавонем ба  ин беморӣ  ғолиб оем ва истодагарӣ намоем. 

Декани факултети тиббӣ д.и.т., профессор  -  Хоҷаева Н.М.

25.12.2020     673

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php