Сӯҳбат бо донишҷӯёни курси аввал

Сӯҳбат бо донишҷӯёни курси аввал

Дар ибтидои соли таҳсил донишҷӯёни курси аввал ба маслиҳати   устодони кафедраҳо ва намояндагони деканат  ниёзи бештар доранд. Вазифаи асосии устодон низ дар рӯзҳои аввали соли таҳсил ба роҳи рост ҳидоят намудани донишҷӯёни курси  аввал аст.

Дар баробари дарсҳои пурмазмун бояд  муовинони декан ва устодон бо донишҷӯён оиди риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ суҳбатҳо ороста, ба онҳо маслиҳатҳои  муфид  диҳанд.

Бинобар ин, муовини декани факултети тиббӣ  Бурҳонова З.У.,  барои санҷиши давомоти донишҷӯёни курси 1-ум ба кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика  ташриф оварда, дар лексияи устоди кафедра Шахсуфбекова Н.Н., ки дар потоки 5-уми курси 1-ум ҷараён мегирифт, иштирок намуд. Бо донишҷӯён оиди чораҳои пешгирӣ аз COVID 19, дар бораи сиёсати давлатӣ ва интихоботи дар пешистодаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи сару либоси тавсиявӣ, риояи қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ суҳбат ороста, донишҷӯёнро бо фарорасии  29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо муваффақиятҳо орзу намуд.

Зимни суҳбат донишҷӯён ба як қатор саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд. Муовини декан бо муроҷиат ба донишҷуён таъкид кард, ки аз рӯзҳои аввал, ба дарсҳо бо омодагии хуб омада, сазовори холҳои баланд  гарданд. Инчунин қайд намуд, ки дар баробари таҳсили хубу аъло донишҷӯён метавонанд, дар кафедраҳои  донишгоҳ вобаста ба шуғл ба маҳфилҳои гуногун шомил шуда, донишу малакаи худро  сайқал  диҳанд.

        Хоҷаева Н.М.     Декани факултети тиббӣ ,д.и.т., профессор

12.09.2020     564

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php