Машварат ба донишҷӯён дар факулта

 Машварат ба донишҷӯён дар факулта

Дар толори № 6 бо курси 2-юми факултети тиббӣ ҷаласа барпо шуд. Дар оғоз декани факултет Хоҷаева Н. М. ва муовинони декан Зуҳурова П.М., Арабзода С.Н., Иргашева Ҷ.З. дар бораи иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар дарсҳои лексионӣ ва амалӣ, сари вақт сабақгардонӣ намудани дарсҳои ғоиббуда, ба донишгоҳ бо сару либоси тавсиявӣ ҳозир шудан, иштироки фаъолона намудан дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, ҳарчӣ зудтар супоридани маблағи шартномаи таҳсил сухан ронда, оид ба масъалаи бемориҳои сироятӣ ва чораҳои пешгирии паҳншавии онҳо, этика ва эстетикаи табиб, ҳурмату эҳтироми устодон ва ҳамсабақон бо донишҷӯён сӯҳбат гузарониданд. Инчунин дар мавриди имтиҳонҳои дарпешистода аз фанҳои анатомияи одам ва гистология (ба таври тестӣ ва хаттӣ), ҳамзамон, бинобар сабаби вайрон намудани қоидаҳои дохилидонишгоҳӣ аз сафи донишҷӯёни донишгоҳ хориҷ шудани 2 нафар ва танбеҳ гирифтани 12 нафар донишҷӯи курси 2-юми факултет маълумоти саҳеҳ пешниҳод карда шуд.

Деканати факултети тиббӣ


18.11.2020     546

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php