Баргузории ҷаласаи курсӣ дар курси 4-уми факултети тиббӣ

Баргузории ҷаласаи курсӣ дар курси 4-уми факултети тиббӣ

Санаи 8 декабри соли 2020 ҷаласаи курсӣ дар курси 4-уми факултет баргузор карда шуд. Дар ҷаласа иштирок доштанд: и.в. декани факултети тиббӣ н.и.т., дотсент Зокиров Р.А., ҷонишини декан оид ба таълим Ахмедов Ф.С., ҷонишини декан оид ба тарбия Бурҳонова З.У., нозири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Усмонов Б., муаллими калони кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ Мансуров Ҳ.Н., ассистенти кафедраи беҳдошт ва экология Қурбонов С.Р.

Иҷрокунандаи вазифаи декани факултет н.и.т., дотсент Зокиров Р.А. дар баромади худ қайд намуданд, ки донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ болаёқат, ташнагони дониш, фидоиёни ҷодаи маърифат, илмдӯстони бозаковат ва бофаросат мебошанд. Номбурда зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати МДТ «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино» барои омӯхтани илму дониш ва малакаи касбӣ ҳамаи шароитро муҳайё намудааст. Аз ин лиҳоз бояд кӯшиш намоянд, ки дар оянда духтурони босалоҳият, бомаърифати касби хеш бошанд ва номбардори Синои бузург гарданд

Оид ба сессияи зимистона ва супоридани имтиҳонҳо ҷонишини декан Ахмедов Ф.С. баромад намуда, қайд кард, ки сессияи зимистонаи соли таҳсили 2020-2021 аз санаи 22.12.2020 оғоз мегардад. Аз рӯи ҷадвали имтиҳонии тасдиқгардида донишҷӯёни дараҷаи мутахассиси курси 4-уми факултети тиббӣ аз 3 фанни таълимӣ имтиҳон месупоранд:

а) Тиббӣ ҳарбӣ санаи 22.12.2020 ба тариқи тестӣ баргузор гардида, танҳо донишҷӯёни ватании бо фармоиши ректори донишгоҳ дар кафедра таҳсилкунанда имтиҳон месупоранд.

б) Амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ санаи 26.12.2020 ба тариқи тестиву хаттӣ баргузор гардида, ҳамаи донишҷӯён имтиҳон месупоранд.

в) Беҳдошти умумӣ санаи 30.12.2020 ба тариқи тестиву хаттӣ баргузор гардида, ҳамаи донишҷӯён имтиҳон месупоранд.

Муаллими калони кафедраи амалияи ҷарроҳӣ ва анатомияи топографӣ Мансуров Ҳ.Н. ва ассистенти кафедраи беҳдошт ва экология Қурбонов С.Р. вобаста ба фанҳои таълимии имтиҳонӣ оиди саволҳои тестӣ ва хаттӣ маълумотҳои муфассал пешниҳод намуданд. Инчунин ба саволҳои донишҷӯён ҷавобҳои аниқу возеҳ гардониданд.

Вобаста ба таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён нозири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ Усмонов Бахтиёр баромад намуда, оиди гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни курси 4-ум дар кафедраҳои клиникии донишгоҳ маълумот пешниҳод намуд. Номбурда қайд кард, ки шумораи зиёди гурӯҳҳои таълимии курси 4-ум таҷрибаомӯзиро гузаштанд ва аз тарафи кафедраҳои масъул рӯйхати донишҷӯён пешниҳод гардидааст. Дар баъзе гурӯҳҳои таълимӣ таҷрибаомӯзӣ то санаи 17.12.2020 идома дорад. Донишҷӯён бояд дафтари корӣ ва тавсифномаи худро барои гирифтани санҷиш дар дафтарчаи имтиҳонӣ ба шуъбаи таҷрибаомӯзӣ пешниҳод намоянд.

Ҷонишини декани факултет Бурҳонова З.У. баромад намуда, дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва экстремистӣ бо воситаи сомонаҳои интернетӣ ва шахсони воқеӣ, роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбии COVID-19, манъ гардидани ҳама гуна чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба соли нави мелодӣ, пӯшидани либосҳои тавсиявӣ ва ҷонибдорӣ намудани сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати донишгоҳ маълумот пешниҳод намуданд.

Дар охир ҷонишини декан Ахмедов Ф.С. оиди супоридани саривақтии маблағи шартномаи таҳсил то санаи имтиҳонҳои сессияи зимистона, риояи қатъии қоидаҳои пешгирии сироятёбӣ аз COVID-19 ва нигоҳ доштани ҳурмату эҳтироми устодону ҳамсабақон ба донишҷӯён маслиҳатҳои муфид дода, ҷаласаи курсиро ҷамбаст намуд.

 

11.12.2020     485

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php