Вохурии деканати факултети стоматологӣ бо донишҷӯёни курси 1-ум

Вохурии деканати факултети стоматологӣ бо донишҷӯёни курси 1-ум
Дар бинои асосии донишгоҳ вохурии намояндагони деканати факултети стоматологӣ бо донишҷӯёни курси 1-ум гузаронида шуд. Қаландарзода Ё.Қ., декани факултет зимни шиносоӣ, донишҷӯёни соли аввалро барои сазовор гардидан ба унвони донишҷӯӣ табрик намуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас дод. Дар фарҷоми вохӯрӣ декани факултет ба донишҷӯён дар хониши минбаъда муваффақият орзу намуд.
Дар идомаи раванди шиносоии донишҷӯёни соли аввал бо муҳити донишгоҳ, намояндагони деканати стоматологӣ муҳассилинро бо кафедраҳои тахассусӣ ва ғайритахассусии таълимии донишгоҳ дар бинои таълимии МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” “Шифобахш” ва МТИК “Стоматология” ошно намуданд.
Декани факултети стоматологӣ н.и.б., Қаландрзода Ё.Қ.
18.08.2020     584

Гузариш ба саҳифаи:

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php