Чорабиниҳои факултети стоматологӣ барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус COVID-19

Санаи 30.03 соли 2020 бо ташабуси деканати факултети стоматологӣ   бо иштироки мудирони кафедраҳои  тахассусӣ ва донишҷӯёни курси 5-уми факултет вохурӣ бо профессори бемориҳои сироятӣ д.и.т. Хоҷаева Нигина Муродовна дар  “Толори ба номи Рахимов Я.А.” дар бораи безарар ва пешгирӣ намудани коронавирус COVID-19  лексияи пурмазмун баргузор гардид.  

Маҷлиси навбатии декани факултети стоматологӣ бо донишҷӯён.

Дар ин вохурӣ донишҷуёни курсҳои 1,2,3-юми факултети стоматологӣ бо пуррагӣ иштирок намуданд. Аз тарафи намояндагони деканати стоматологӣ оиди гузаштани имтиҳон, фосилаи 2-юми кредитӣ, супоридани маблағи таҳсил сӯҳбат гузаронида шуд. Дар ин маҷлис донишҷӯён фаъолона иштирок намуда, оиди саволҳои худ аз шахсони масъул ҷавоби заруриро гирифтанд.





Санҷишҳои фосилавии кредитӣ дар факултети стоматологӣ.

     Аз санаи 23.12 соли 2019 дар МЯТ санҷиши 2-юми фосилавии кредитии донишҷӯёни курси 1 то 3-юми факултетҳои донишгоҳ оғоз гардид. Дар санҷишҳои фосилавии кредитӣ ҳамаи донишҷӯёни курси 1,2,3-юми факултети стоматологӣ иштирок намуда истодаанд. То ҳол аз рафти санҷишҳо ягон эрод мушоҳида нашудааст.

Сӯҳробҷон аз Тошканд медали нуқра овард

Қобили зикр аст, ки аз санаи 29ноябр то 02 декабри соли 2019 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқаи байналмиллалӣ байни наврасон ва калонсолон оид ба тэкван-до  ИТФ баргузор гардид, ки дар байни варзишгарони 23-давлати ҷаҳон донишҷуи курси 4-уми факултети стоматологӣ Зарипов Сӯҳробҷон Рустамҷонович сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра гардид.

Санҷишҳои фосилавии кредитӣ дар факултети стоматологӣ.

   Аз санаи 21.10 соли 2019 дар МЯТ санҷишҳои фосилавии кредитиии ба донишҷӯёни курси 1 то 3-юми факултетҳои донишгоҳ оғоз гардид. Дар санҷишҳои фосилавии кредитӣ ҳамаи донишҷӯёни курси 1,2,3-юми факултети стоматологӣ иштирок намудаанд

Донишҷӯён аз муоинаи тиббӣ гузаштанд

Санаи 22.10. соли 2019 тиббқи ҷадвали гузаронидани муоинаи тиббии донишҷӯёни донишгоҳ  донишҷӯёни  курси 1-юми факултеи стоматологӣ аз муоинаи тиббӣ пурра гузаштанд.

Иштироки донишҷӯёни факултети стоматологӣ дар форуми байналмиллалӣ

Санаи 17.09 соли 2019 ҳайати кормандони факултети стоматологӣ бо донишҷӯёни курси 5-уми факултет дар “Китобхонаи миллӣ” дар форуми байналмиллалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ иштирок намуданд.

Омодагии факултеи стоматологӣ барои гузаштан аз акредитатсияи байналмилалӣ

Деканати факултети стоматологӣ бо ҳайати намояндагони кафедраҳои тахассусии факултет барои гузаштан аз акредитатсияи байналмиллалӣ тайёрии ҷиддӣ дида истодаанд.

САНҶИШИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР ФАКУЛТЕТИ СТОМАТОЛОГӢ

Сифати таҳсилот ин қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон аст, ки ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгў мебошад.


Гузариш ба саҳифаи: