Дастовардҳо


Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар фазои илмиву таълимии ватанӣ ва байналхалқӣ мақоми волоро ишғол кардааст. Басо олимони барҷаста ва хатмкунандагон ба ин даргоҳ шӯҳрати ҷаҳонӣ овардаанд, инчунин садҳо ихтироот, усулҳои нави ташхису табобат дар амалияи нигаҳдории тандурустӣ бомуваффақият ҷорӣ карда шудаанд.
Дастовардҳо дар соҳаи тиб доимо дар равандҳои гуногун кашф ва мукаммал гардида, дар як ҷо намеистанд. Аҳамияти тиб ва ҳамчунин мақоми пизишкон дар тамоми давру замон бузург буд; шак нест, ки он бо ноилшавии муваффақиятҳои умумии фанҳои табиатшиносӣ боз ҳам зиёдтар хоҳад гардид. Ба хотири он, ки тибби замонавӣ дар инкишофи худ ба дигар соҳаҳои табиатшиносӣ, махсусан, ба биология, физиология, биохимия, генетика ва физика такя мекунад, он ҳар сол тавонотар шуда, ба Тадриҷ ҳокимияти томро бар организми инсон пайдо менамояд.
Дар ин боби сомона лоиҳаҳои ҷолиб ва натиҷабахши аз ҷониби ҳайати омӯзгорон, кормандон ва донишҷуёни ДДТТ иҷрошаванда пешкаш карда шудаанд. Лоиҳаҳо на танҳо ба раванди таълим, илм ва тарбия, балки ба кори клиникавии гурӯҳи тиббӣ низ дахл доранд.
Ифтитоҳи бинои таълимии нав дар шаҳраки «Шифобахш»

Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ ба охир расонидани сохтмон, таҷҳизонидан ва ба истифода додани б...

Ифтитоҳи маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолотии «Фарматсия» (дорусози)-и назди донишгоҳ

19-уми августи соли 2017 кушодашавии Маркази омӯзишию истеҳсолии «Фарматсия» бо масоҳати 383 м2 барг...

Кушодашавии майдончаи нав ва маҷмааи фарҳангию фароғатии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

5-уми августи соли 2017 кушодашавии майдончаи нави ДДТТ, маҷмааи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки муов...

Саҳ 1 Охир Бо саҳ.

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php