Ифтитоҳи бинои таълимии нав дар шаҳраки «Шифобахш»

Ифтитоҳи бинои таълимии нав дар шаҳраки «Шифобахш»

Яке аз дастовардҳои муҳими донишгоҳ ба охир расонидани сохтмон, таҷҳизонидан ва ба истифода додани бинои нави нимсохт дар шаҳраки «Шифобахш» 29-уми августи соли 2017 бо иштироки сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ба ҳисоб меравад.

Бо сарфи кушишу талошҳои зиёд, оқилона буҷети донишгоҳро истифода бурда, корҳои таъмиру сохтмонро оғоз намуданд, дар натиҷа донишгоҳ соҳиби боз як бинои замонавӣ пардид, ки масоҳати 9 400 м2, аз он 6 056,77 ммаҷмааи таълимӣ мебошад. Бинои нави таълимӣ дорои синфхонаҳо, толорҳои лексионӣ, китобхонаи илмӣ, толори хониш, толори китобхонаи электронӣ, ки бо асбобҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд, мебошад. Ғайр аз он, бинои таълимӣ дорои маркази оиди омӯзиши малакаҳои амалӣ «МОМА» мебошад. Вақтҳои охир марказ бо технологияи аз ҳама замонавии симулятсионӣ (симуляторҳо, амсилаҳо, суробҳо, таҷҳизоти тиббӣ ва асбобҳои аёнӣ) таъмин карда шуд. Таҷҳизоти замонавии симулятсионӣ бо Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ бо маблағи зиёда аз 2 млн.сомонӣ дар мамлакатҳои Аврупо ба даст оварда шуд. Дар маркази омӯзишӣ ба малакаҳои таҷрибавӣ ҳуҷраҳои нави фаннӣ, 14 кабинети махсусгардонидашуда тибқи ихтисосҳо кушода шуд. Марказ пурра ва ҳарсола фаъолият менамояд аз хадамоти марказ ҳарсола зиёда аз 1800 донишҷӯ, омӯзгорон ва кор мандонидигар муассисаҳои тиббӣ истифода мекунанд. Дар назди Марказ 3 сексияи нав (сексияи қабул, пеш аз амалиётӣ ва ҷарроҳӣ). Дар назди Марказ ҳамчунин гурӯҳи «Ёрии таъҷилии тиббӣ» амал менамояд. Дар Марказ тамоми шароитҳо барои омӯзиш ва рушди зиёда аз 400 малакаҳои таҷрибавӣ ва комуникативию касбӣ таҳия гардидааст.

Майдони лоиҳавӣ 9400 м2-ро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 2534,44 м2-ро майдони сохтмон, 6056,77 м2-ро майдони муфид, 2680,19 мгулзорҳо ташкил медиҳанд.


29.08.2017     199