Таърихи Маркази омодагии қаблӣ


Маркази омодагии қаблӣ таърихи 78 сола дошта 28 соли фаъолияти он ба давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ рост меояд. Сарварии Марказро тули ин солҳо омӯзгорони зерин:
Директори марказ
А.Б.Друкер (1941-1963);
Е.П.Хемич (1963-1970);
А.Х.Турсунов-н.и.х., доцент (1970-1979);
К.К. Носиров (1979-1996);
Х.А.Максудов (1996);
Т.Ф.Фатҳуллоев-к.ф.м.н, доцент (1996-2005);
к.б.н., доцент Майсупов М.М. (2005-2011);
Ҳакимов М.Ғ, ( 2011);
д.х.н.. доцент Ғафуров Б.А. (2011-2015);
Аз моҳи сентябри соли 2015 иҷрои ин вазифа ба зиммаи н.и.х., дотсент Қиматов Р.С. гузошта шудааст.
Сарварони Маркази омодагии қаблӣ

Маълумоти умумӣ


Сарварони Маркази омодагии қаблӣ Қабули шунавандагон аз 1-уми сентябр оғоз ёфта то 30-юми сентябр идома меёбад. Машғулиятҳо аз 1-уми октябр шурӯъ гашта 8 моҳ давом мекунад ва маблағи таҳсил бошад 4085 сомониро ташкил медиҳад. Дар марказ 26 воҳиди корӣ ҷудо гардида аст.
Дар Марказ алҳол 22 нафар омӯзгорони доимӣ, 6 нафар ҳамкор, як нафар лаборант ва як нафар мудири кабинетҳо ба таълиму тарбияи шунавандагон машғуланд. Аз ин шумора 18 нафарро мардон ва 12 нафарро занон ташкил медиҳанд. Синну соли миёнаи омӯзгорон 39 сол аст. Ҳамаи омӯзгорон ба тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд. Дар Марказ шаш нафар номзадони илм фаъолият мекунанд: Инҳо Қиматов Р.С. ва Қурбонов А.С. (аз фанни химия) Наврузшоева Г.Х. ва Баҳромов А.М. (аз фанни биология) ва Фозилова М.З. ва Муродов С.С. (аз фанни таърих) мебошанд. Унвоннокии омӯзгорон 23%-ро ташкил медиҳад. Қариб ҳамаи омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисоси тахассусӣ ва омӯзиши компютер гузаштаанд. Ҳамасола бо кормандони Маркази Миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар доир ба тести муосир гузаронида мешавад.
Коллективи Марказ Коллективи Марказ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳия карда чоп намуданд. Ба монанди Хусравбеков Л.Д., Ҳамроев М.Ғ., (аз фанни физика), Ҷӯраев Ҷ.Х., Қиматов Р.С., Қурбонов А.С. (аз фанни химия), Сафарова Ф.М., Сабуров А.О., (аз фанни забон ва адабиёти тоҷик), Талбаков Ф.М. (аз фанни математика), Фозилова М (аз фанни таърих), Ҳамроева С.С. (аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ) ва Наврӯзшоева Г.Х., Наботов М.М. (аз фанни биология). Ҳамаи саволҳои тестӣ ба талаботҳои Маркази миллии тестии Ҷумҳурӣ мувофиқ карда шудааст. Дар рӯзномаи “Ворисони Сино” ва маҷаллаи “ Авҷи Зуҳал” пайваста хабару мақолаҳо чоп карда мешавад.
Таълим дар Маркази омодагии қаблӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда шунавандагон дар 16 синфхонаҳои барҳаво таълим мегиранд. Онҳо ба 22 гурӯҳи ватанӣ ва 2 гурӯҳи хориҷӣ тақсим гаштаанд. Дар соли таҳсили имсола 24 нафар (4 духтару 20 писар) шунавандагон аз давлатҳои Афғонистон (3 нафар), Қазоқистон (1 нафар) ва Узбекистон (20 нафар) таҳсил намуда истодаанд. Шунавандагон дар МОҚ бо ду забон таҳсил мекунанд (тоҷикӣ ва русӣ).
Центра подготовительных курсов Бо мақсади беҳтар сохтани сифати қабули шунавандагон дар Марказ технологияи компютерӣ истифода бурда мешавад. Ҳамасола базаи маълумотҳо оид ба шунавандагони марказ ва саволҳои тестӣ таҳия карда мешавад. Дар Марказ хонаи компютерӣ ташкил карда шудааст, ки дар 6 компютер зиёда аз 16000 саволҳои тестӣ аз рӯи 8 фанни таълимӣ ҷой дода шудаст. Шунавандагон дар вақтҳои холигӣ метавонанд дониши худро санҷанд. Яъне, дар солҳои охир базаи таълимӣ ва моддии Марказ такмил ёфт. Ҳуҷраҳои дарсӣ ва ҳуҷраи омӯзгорон бо дастгирии раёсати Донишгоҳ пурра таъмир карда шуданд. Маркази компютерӣ такмил дода шуд, яъне системаи локалӣ тартиб дода шуд, ки натиҷаи кори шунавандагон дар компютер зери назорати коргузори Марказ мебошад.
Дар Марказ толори лексионӣ мавҷуд аст, ки аз он ҳам донишҷӯён ва ҳам омӯзгорони МОҚ пурра истифода бурда истодаанд.
Барои бомуваффақият ба роҳ мондани раванди таълим дар Марказ барномаҳо ва нақшаҳои таълимии намунавӣ ва дарсӣ таҷдиди назар шуда аз нав таҳия шуданд. Дар барномаҳо тавсияҳои бозсозии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бозсозии маълумоти тиббӣ ва талаботи ММТ ба ҳисоб гирифта шудааст.
Номи фан Миқдори соат Хол Бал
Химия 8 соат 37 150
Биология 6 соат 44 100
Физика 4 соат 42 50
Забон ва адабиёти тоҷик 6 соат 48 75
Таърих ва ҳуқуқ 4 соат 48 75
Математика 4 соат 38 50
Ҳамагӣ 257 500

Корҳои тарбиявӣ


Центра подготовительных курсов Барнома ва нақшаҳои таълимии Марказ тибқи меъёрҳои давлатии таҳсилоти олӣ мувофиқи фанҳои таълимии дар Марказ таълим додашаванда (химия, биология, физика, забон ва адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва математика) таҳия шуданд. Ҳашт моҳи таълимӣ ба ҳашт фанни таълимӣ мувофиқ карда шуда аст. Миқдори соатҳои таълимӣ низ ба хол ва балҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шудааст.
То соли 2014 Марказ фақат барои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино довталаб тайёр мекард. Дар он вақт онҳо метавонистанд дар ду марҳила имтиҳони қабул супоранд. Инак, соли шашум аст, ки имтиҳонҳои қабул тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Тули шаш сол боз Марказ довталабонро барои ҳамаи ихтисосҳое, ки мансуби кластери 5-ум аст омода месозад.
Изучение трудов Основателя мира, Лидера нации, Уважаемого Эмомали Рахмона  в нашем Центре.
Изучение трудов Основателя мира, Лидера нации, Уважаемого Эмомали Рахмона  в нашем Центре.
Изучение трудов Основателя мира, Лидера нации, Уважаемого Эмомали Рахмона  в нашем Центре.
Встречи с работниками НЦТ (ММТ)
Встречи с работниками НЦТ (ММТ)
Встречи с работниками НЦТ (ММТ)

Тамос


Суроға: ш. Душанбе, Хиёбони Сино 30/1, бинои философия, 1-ум ошёна
E-mail: tajmedun14omodagi@gmail.com
Директори Маркази омодагии қаблӣ: Қиматов Рустам Сафарович

Рӯйхати ҳуҷҷатҳо


C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php