Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳимтарин омили пешрафти иқтисодиёти кишвар

Тавре аз таҳлили коршиносон бармеояд, имрӯз дар аксари мамлакатҳо сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Дар аксар кишварҳои дунё қисми зиёди даромади буҷаи давлат аз ҳисоби сайёҳӣ аст. Давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба буҷети худ даромади зиёд меоранд. Сайёҳӣ дар ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои беруна, таъмини шуғли аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ нақши арзанда бозида, ба соҳаҳои асосии иқтисодиёт таъсири мусбӣ мерасонад.

Мувофиқи маълумоти оморӣ пас аз соли 1998 сайру саёҳат ва хизматрасонӣ дар ин соҳа нисбат ба саноати мошинсозӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ба сафи пеш баромад. Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, кӯҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи сайёҳӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меорад. Тибқи баҳогузории коршиносони Ташкилоти умумиҷаҳонии сайёҳӣ бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон дар фарҳанги нодир (саёҳати фарҳангию маърифатӣ), иқтидори бои табиӣ (сайёҳӣ-экологӣ), фаъолнокии корӣ (саёҳати корӣ), инчунин, имкониятҳои машғулият бо намудҳои фаъоли истироҳат, ба мисли сайёҳии варзишӣ ва экстремалӣ мебошад. Айни замон дар ҷумҳурӣ иншооти зиёди фаъолияти сайёҳӣ, аз ҷумла базаҳои туристӣ, муассисаҳои санаторию курортӣ ва меҳмонхонаҳо, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнуъгоҳҳо, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ мавҷуданд, ки дар маҷмуъ ҳамаи онҳо вазъи имрӯзаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд.

Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои мавҷуда имрӯз дар Тоҷикистон сиёсати миллии сайёҳӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Сиёсати миллии сайёҳӣ аз умдатарин сиёсат дар самти рушди иқтисодӣ мебошад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паём таъкид намуданд: «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд. Бо истифода аз табиати зебою чашмаҳои беҳисоби шифоӣ, кӯҳҳои сарбафалаку маконҳои таърихии диққатҷалбкунанда ва зиёратгоҳҳои кишварамон ин соҳаро бемайлон рушд диҳем ва онро ба соҳаи сердаромаду манфиатнок табдил дода, ба нафъи кишвару халқамон босамар истифода барем”.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест.

Дар баробари ин “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Зуҳра Турсунова
шуъбаи иттилоот ва нашрия

16.09.2019     3638

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php