2019-соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот

Санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар кафедраи тибби ҳарбӣ бо иштироки донишҷӯён маҳфил дар бораи соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ шуда гузашт. Дар маҳфил устодони кафедра суханронӣ намуданд. Донишҷӯи курси 2-юми факултети тиббӣ Шукронова Нурия дар бораи ҳунарҳои мардумӣ, хусусан табақтарошӣ бо маърӯзаи худ баромад намуд.


ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАБАҚ, ТАБАҚСОЗӢ, ТАБАҚТАРОШӢ

Идораи рӯзномаи «Хатлон» тасмим гирифтааст, ки таҳти рубрикаи нави «Ҳунарҳои мардумӣ» дар бораи касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон ба хонандаи худ маълумот диҳад. Таври маълум тоҷикон дорои таъриху фарҳанги қадимӣ ва пурғановат буда, бо ҳунармандию гулдастиашон машҳури олам гаштаанд.

Имрӯз доир ба санъати табақу табақсозӣ ва зарфҳои чӯбӣ, ки мардуми тоҷик онро аз насл ба насл нигоҳ медоранд ва рушд медиҳанд, суҳбат хоҳем дошт.

Табақтарошӣ яке аз ҳунарҳои суннатии тоҷикон аст, ки ба сохтани табақ, кафлесу қошуқ ва дигар зарфҳои чӯбӣ марбут мебошад. Табақҳо аз ҳиҳати сохту андоза гуногун буда, калону хурд, паҳн ё чуқур мешаванд. Масолеҳи он чӯб, сафол, чинӣ, фулузот ва баъзан мармар аст. Бозёфтҳои бостоншиносон собит менамоянд, ки анвои гуногуни табақ (хусусан табақи чӯбӣ ва сафолӣ) ҳанӯз аз замонҳои қадим маъмул будаанд. Ҳунари табақтарошӣ танҳо ба табақи чӯбин тааллуқ дорад.

Тавре ки муҳаққиқ Дилшод Раҳимов менависад, устохонаҳои табақтарошӣ дар поёноби дарёчаҳо ё ҷӯйҳои кӯҳӣ сохта мешуданд. Аз таги устохона ҷӯйи об мегузашт ва дар он ба мисли осиёб чарх гузошта мешуд. «Об бо суръати баланд аз новадон омада, чархро гардон мекард ва чарх тири дастгоҳро тоб медод. Тир ба тарзи амудӣ ҷойгир шуда, қисми болои он аз фарши чӯбин гузашта, дар миёнаҷойи дӯкон устувор шуда буд. Дар болои тир се адад мехи рӯболо кӯфта шуда буд, ки усто ба он ҷо чӯби коркарднашударо маҳкам мекард. Бо тоб хӯрдани чарх ва тир кундачҷби нотайёр низ чарх мезад ва усто тавассути олоти корӣ ба табақтарошӣ шуруъ менамуд. Усто табақи тайёршударо аз дастгоҳ кушода, бо сӯҳон соида, ҳамвор мекард ва ба он равғани зағир мемолид. Пас аз ҷабида гирифтани равған ба табақ намуд ва ҷилои махсус медод.

Барои табақтарошӣ бештар чӯбҳои чормағз, зардолу, чинор, зарбед истифода мешаванд. Устоҳои Дарвоз чӯби дарахтеро интихоб мекарданд, ки дар он ҷойҳо шамол камтар вазад. Дарахтоне, ки дар дараҳо рӯидаанд, шамол онҳоро камтар ҷумбонидааст ва чӯби онҳо мулоим мебошад. Кундаҳои дарахтонро бурида, дар оби ҳавзу обанборҳо ба муддати дароз, баъзан то 4-5 сол, нигоҳ медоштанд, то ки обро пурра ба худ кашида, дар вақти коркард девораҳои табақ ё ашёи дигар накафад. Кори устоҳо бештар дар фасли баҳору тобистон авҷ мегирифт, зеро дар ин фаслҳо оби ҷӯйборҳо зиёд гашта, барои гардонидани чархи дастгоҳ имконияти хубе буданд. Имрӯзҳо дастгоҳҳои табақтарошии обӣ аз байн рафта, ҷойи онҳоро дастгоҳҳои барқии харротӣ гирифтаанд», -омадааст дар китоби "Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон”.

Дар табақҳо бештар таомҳои миллӣ мехӯранд. Масалан, шакароб, қурутоб, фатирмаска ва ғайраро танҳо дар чунин табақ мехӯранд. Таом гӯё болаззаттар мешавад. Ва ин таомҳоро тоҷикон бо даст мехӯранд (на бо қошуқ).

Офаридани табақҳои гуногун кори осон набуда, басо мушкил асту заҳматталаб. Вале бо вуҷуди ин нафароне ҳастанд, ки бо муҳаббати зиёд пойбанди ин ҷодаанд. ҷавони табақтарош Аҳмад Исматов яке аз онҳост. «Сохтани табақҳои гуногун аз масолеҳи чӯбин кори осон нест. Аз ин ки аз чӯб чизе сохта бошед, пеш аз ҳама наққош будан зарур аст. Зеро дар ибтидо шаклу андозаро бояд донист, баъд ба офаридани табақ машғул шудан лозим меояд. Табақҳоро аз анвои гуногуни чӯб (чӯби бед, чормағз, тут, зардолу ва ғайра) метарошем. Ҳоло коргоҳҳои махсус табақҳои сафолӣ, чинӣ, фулузӣ истеҳсол мекунанд. Онро бо нақшҳои каҷак, гули бодом, товус, чашми булбул зеб дода, ба рӯяш сир медавонанд. Аммо табақи чӯбин танҳо бо заҳмати дасти инсони ҳунарманд пайдо мегардад», - мегӯяд Аҳмад Исматов.

Солҳои пеш аз табақҳои калон дар тӯю маъракаҳо истифода мешуд. Имрӯз ҷойи онро табақҳои чинию сафолӣ гирифтааст. Ҳоло дар баробари табақҳои калон барои бачаҳо табақчаҳои хурдакак низ метарошанд. Барои истифодаи ҳаррӯза дар рӯзгор табақу косаҳои гуногун лозим мешаванд. Дар бештари хонаҳои мо дар табақҳо бештар таомҳои миллӣ истеъмол мекунанд. Ба монанди шакароб, қурутоб, шӯрбо. Вақте аз онҳо пурсида мешавад, ки чаро дар ин гуна табақ хӯрок истеъмол менамоед, дар посух мегӯянд, ки таом дар он болаззаттар мешавад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ низ истифодаи табақҳои чӯбин баманфиат мебошад, чунки он намешиканад.

Баҳром Маҳмуд, мудири кафедраи тибби ҳарбии донишгоҳ


21.02.2019     417