ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО»

ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ «ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО»

 

Шартномаи №_________

 

БАНДИ 1

Муққарароти умумӣ

оид ба тайёр намудани мутахассиси дорои маълумоти олии тиббӣ

 

«____»_______________20____с                                                                                                   ш. Душанбе

 

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» дар асоси иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ №0005450 аз 15.07.2024 дар шахси ректор Муҳиддин Нуриддин Давлаталӣ, ки тибқи «Оинномаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» амал мекунад (минбаъд-«донишгоҳ»), аз як тараф ва аз тарафи дигар довталаб __________________________________________, ки минбаъд «Донишҷӯ» номида мешавад, шартномаи мазкурро бо шарт ва ҳуқуқу ӯҳдадориҳои зерин имзо намудаанд:

 

БАНДИ 2

2.1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Донишгоҳ

2.1.1. Донишгоҳ довталабро пас аз бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои озмунӣ ва роҳхати Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешпардохт намудани маблағи пурраи соли аввали таҳсил ва дар муҳлати муқараргардида мувофиқи қоидаҳои қабули Донишгоҳ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои муайянгардида ҳамчун донишҷӯ барои таҳсил ба ______________________________________________ қабул намуда, ӯҳдадор мешавад:

                                                            (факултети)

 

2.1.2. Таҳсилро бо се забон таъмин намояд ва вобаста ба забондонӣ донишҷӯёнро ба гурӯҳҳо тақсим кунад;

2.1.3. Санҷиши мунтазами таҳсили Донишҷӯро дар шакли санҷиш ва имтиҳон мутобиқи барномаи таълимии мавҷуда ба роҳ монад. Агар Донишҷӯ барномаи таълимиро аз худ намуда, имтиҳоноти давлатиро супорад, ба ӯ бо ихтисоси __________________________________ дипломи тахассусӣ диҳад;

2.1.4. Донишҷӯи факултаҳои тиббӣ, педиатрӣ ва тибби-профилактикӣ, ки 4 семестри таҳсилро бо зиёда аз 75% баҳои «аъло» ҷамъбаст менамоянд ва инчунин ба оилаҳои камбизоат мансубанд, дар асоси Қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ ба муҳлати 1 сол ба таҳсили ройгон гузаронида мешавад ва ё маблағи таҳсилаш кам карда мешавад. Баъди гузаштани як сол масъалаи мазкур бо назардошти баҳоҳои гирифтаи донишҷӯ дар ин давра баррасӣ карда мешавад;

2.1.5. Ҳангоми аз як факултет ба факултети дигар гузаронидани Донишҷӯ фарқияти пули пардохти хизматрасониҳои таҳсилот вобаста ба пардохти муайянкардашуда амалӣ карда мешавад;

2.1.6. Раёсати Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, Донишҷӯро барои риоя накардани талаботи Оинномаи Донишгоҳ, тартиботи дохилӣ, Низомномаи ахлоқии Донишҷӯён ва инчунин барои дар мӯҳлати муқараргардида напардохтани маблағи соли таҳсил аз Донишгоҳ хориҷ намояд. Дар ин ҳолат маблағи пардохташудаи соли таҳсил баргардонида намешавад;

2.1.7. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ки дар сурати ба дарсҳо оғоз кардани Донишҷӯ ё тарк намудани Донишгоҳ, маблағи барои соли таҳсил пардохтшударо дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун зарари расонидашуда бозпас нагардонад;

2.1.8. Агар Донишҷӯ уҳдадориҳои худро, ки дар банди 3-и шартнома зикр шудаанд, вайрон кунад, Донишгоҳ метавонад шартномаро яктарафа бе огоҳ кардани Довталаб (донишҷӯ) бекор кунад.

2.1.9. Донишҷӯёне, ки дар давраи таҳсил тибқи ҳукми ба қувваи қонунӣ даромадаи суд ба ҷиноятҳои куштор, таҷовуз, хариду фурӯши маводи мухаддир даст задаанд, ё ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва ифротгаро шомил гардидаанд, ҳамчунин бо воситаи нақлёти шахсӣ ба дарс ҳозир шудаанд, аз донишгоҳ бе ҳуқуқи барқароршавӣ хориҷ карда мешаванд.

 

БАНДИ 3

3.1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Довталаб (донишҷӯ)

3.1.1. Довталаб (донишҷӯ) ӯҳдадор мешавад, ки маблағи таҳсилро ҳамасола то оғози соли таҳсил дар ҳаҷми __________ сомонӣ ба хазина ё ба суратҳисоби махсуси Донишгоҳ дар СХМ ВМ ҶТ таҳти № 20204972712010100002, МФО 350101800, ҳисоби корреспондентӣ 22402972000002 ва ИНН 020000024 пардохт намояд;

3.1.2. Довталаб (донишҷӯ) ӯҳдадор мешавад, ки дар мавриди интиқол аз дигар муассиса танҳо барои нимсолаи дуюми ҳамон соли таҳсил дар ҳаҷми _____­­­_____ сомонӣ маблағи таҳсилро пардохт намояд;

 

3.1.3. Довталаб (донишҷӯ) ӯҳдадор мешавад, ки қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳ, Низомномаи ахлоқии Донишҷӯёнро риоя ва барномаҳои таълимиро аз худ намояд;

3.1.4. Дар сурати зарари моддӣ овардан маблағи зарари расонидаро ҷуброн намояд;

3.1.5. Дар сурати таҳсили такрории Донишҷӯ дар солҳои мувофиқ, Донишҷӯ ӯҳдадор аст, ки маблағи таҳсилро дар ҳаҷми хароҷот мувофиқи соли таҳсил пардохт намояд;

3.1.6. Қарори мушовираи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 03.07.2007 таҳти № 14/2 дар бораи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», инчунин тартиби истифодаи телефони мобилиро дар раванди таълим ва имтиҳон риоя намуда ба дарсҳо бо автомобил ҳозир нашавад;

3.1.7. Дар ҳолати бо гуноҳи худ хориҷ шудани Довталаб (донишҷӯ) маблағи барои соли таҳсил пардохткардааш бар гардонида намешавад;

3.1.8. Агар Довталаб (донишҷӯ) баъд аз курси якум бо сабаби қарзи академӣ ва ё давомоти нокифоя аз Донишгоҳ хориҷ карда шавад, қисми маблағи барои соли таҳсил супурдаи истифоданакардаи ӯ ҳангоми барқарор шуданаш баназар гирифта мешавад;

3.1.9. Агар Довталаб (Донишҷӯ) бо сабаби сари вақт насупоридани маблағӣ соли таҳсил дар нимсолаи дуюм аз донишгоҳ хориҷ карда шавад, танҳо пас аз супоридани маблағи қарзи соли гузашта ва супоридани маблағ барои соли нави таҳсил ба Донишгоҳ барқарор карда мешавад;

3.1.10. Довталаб (донишҷӯ) уҳдадор мешавад, ки новобаста аз оғоз намудани семестри таҳсил маблағи соли таҳсилро пурра пардохт намояд;

3.1.11. Дар чорабиниҳои донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, қоидаҳои донишҷӯиро пурра ва бечуну чаро иҷро намояд;

2.1.12. Аз истифодаи ашёҳои таълимии диққатҷалбкунанда, ки раванди таълиму тарбияро халалдор месозад, худдорӣ намуда, ба биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Донишгоҳ бо либосҳое, ки хусусияти таблиғотӣ дошта, дорои ҳар гуна навиштаҷот мебошанд (аз қабили либосҳои суратдор, нимурён, куртаҳои пур аз навиштаҷот, сатр, ҳиҷоб, шимҳои аз ҳад зиёд танг), ворид нагардад;

3.1.13. Берун аз донишгоҳ бо атрофиён муомилаи хуш намуда, аз муносибати қабеҳ ва ҷангу ҷанҷол худорӣ намояд;

3.1.14. Довталаб (донишҷӯ) дар навбати худ ӯҳдадор аст, ки нусхаҳои ордери маблағҳои супоридаи шартномавиашро то хатми донишгоҳ нигоҳ дорад.

3.2. Ҳуқуқҳои Довталаб (донишҷӯ);

3.2.1. Баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк намудани Донишгоҳ тибқи талаботи Низомнома дар бораи гузаронидан, барқароркунӣ ва хориҷ намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишгоҳ барқарор гардад;

3.2.2. Аз китобхона, толорҳои варзишӣ, шабакаи интернетии Донишгоҳ ва ҳангоми имконият будан аз хобгоҳ истифода барад;

3.2.3. Довталаб (донишҷӯ) метавонад шартномаро бо хоҳиши худ бекор кунад. Дар ин сурат Донишҷӯ бояд ба тарзи хаттӣ раёсати Донишгоҳро воқиф гардонад.

 

БАНДИ 4

4.1. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи мазкур

4.1.1. Тағйиру иловаҳо ба ин шартнома бо ризоияти тарафҳо бо роҳи тартиб додани протокол сурат мегирад, ки дар айни замон қисми таркибии шартномаи мазкур ҳисобида мешавад;

4.1.2. Ҳангоми ба вуқӯъ омадани масъалаҳои баҳсталаб ё ихтилофҳо, тарафҳо онро бо роҳи гуфтушунид ё ба воситаи мақомоти судӣ ҳал менамоянд;

4.1.3. Масъалаи бекор кардани шартнома дар мӯҳлати як моҳ баъд аз додани аризаи хатии яке аз тарафҳо баррасӣ карда мешавад.

4.1.4. Шартномаи мазкур дар 3 нусха, ки эътибори якхелаи ҳуқуқӣ доранд, тартиб дода шуда, аз рӯзи ба имзо расидан аз ҷониби тарафҳо аҳамияти ҳуқуқӣ пайдо менамоянд.

 

Нишонии ҳуқуқии тарафайн:

 


ДОНИШГОҲ

 

734025 ш. Душанбе, кӯчаи Сино 29-31, Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино».

РЕКТОР_____________ МУҲИДДИН Н.Д. «____»_______________ соли 20_____

 

Довталаб (донишҷӯ)

Насаб ___________________________

Ном _____________________________

Номи падар ______________________

Нишонӣ _________________________

_________________________________

Шиноснома № ____________________

Имзо ____________________________

«____»_____________ соли 20_____


 



21.08.2025 523
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php