II ОЛИМПИАДАИ “АВИЦЕННА-2024” БО ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ ДАР МДТ «ДДТТ БА НОМИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО» ОҒОЗ ЁФТ

Аз санаи 03.04.2023 то 30.04.2023 дар МДТ «ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино» II олимпиадаи “Авиценна-2024” бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ, байни донишҷӯёни макотиби олии тиббӣ ҷараён мегирад. Дар он зиёда аз 816 нафар донишҷӯён аз 27 донишгоҳ (4 муассисаи ҷумҳурӣ ва 23 муассисаи хориҷӣ), ки аз ин шумора 477 нафар тариқи онлайн ва 339 нафар тарқи оффлайн иштирок мекунанд.

Олимпиада бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, малакаҳои амалӣ, таҳкими неъруи зеҳнии донишҷўён, рушди потенсиали касбию педагогии омӯзгорони Донишгоҳ ва бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», солҳои 2020-2040 ва рӯзи илми тоҷик.

Олимпиада аз рӯи 2 номинатсия: тиббӣ - назариявӣ ва клиникӣ, ки 25 номгӯи фанҳоро дар бар мегирад ва бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баргузор мегардад.

Руйхати номинатсия ва номгӯи фанҳои II олимпиадаи “Авиценна-2024” бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ

Номинатсия

Номгӯи фанҳо

1.       

Номинатсияи тиббӣ-назариявӣ

Алқонун фи-т-тиб

2.       

Химия

3.       

Биология ва экология

4.       

Физика ва математика

5.       

Анатомияи нормалӣ

6.       

Гистология

7.       

Биохимия

8.       

Физиологияи нормалӣ

9.       

Физиологияи патологӣ

10.  

Анатомияи патологӣ

11.  

Микробиология

12.  

Беҳдошти умумӣ

13.  

Эпидемиология

14.  

Фармакология

15.  

Номинатсияи клиникӣ

Қисми терапевтӣ

Бемориҳои дарунӣ

16.  

Бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои сироятии кӯдакона

17.  

Бемориҳои кӯдакона

18.  

Асабшиносӣ

19.  

Эндокринология

20.  

Қисми ҷарроҳӣ

Бемориҳои ҷарроҳӣ

21.  

Ҷарроҳии умумӣ

22.  

Офталмология

23.  

Оториноларингология

24.  

Урология

25.  

Акушерӣ ва гинекология

 

Вобаста ба ҷадвали тасдиқ гардид дар рӯзҳои 3-юм ва 4-уми апрели соли ҷорӣ, даври якуми олимпиада тариқи онлайн (дар сомонаи олимпиада) ва оффлайн (дар толори электронии китобхонаи Донишгоҳ) аз фанҳои зерин баргузор гардид: алқонун фи-т-тиб, химия, биология ва экология, физика ва математика, анатомияи нормалӣ, гистология, биохимия, физиологияи нормалӣ, физиологияи патологӣ, анатомияи патологӣ, микробиология, беҳдошти умумӣ, эпидемиология ва фармакология. Дар он зиёда аз 400 нафар донишҷӯёни донишгоҳҳои дар боло зикр шуда, тариқи онлайн ва оффлайн фаъолона иштирок варзиданд.

Маълумоти бештар дар сомонаи олимпиада: https://sites.google.com/view/olimpiada-avicenna-2024-tj

 

 

Кумитаи тадорукоти

II олимпиадаи “Авиценна-2024”

бо иштироки донишҷӯёни хориҷӣ


05.04.2024 54
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php