Об чашмаи ҳаёт

Об чашмаи ҳаёт
Об асту ҳаёт пойдор аст,
Об асту замину кишту кор аст,
Маҳсули ҳама ҷаҳони ҳастӣ,
Дар дасти оби файзбор аст.
Оре, об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудияти олам аст. Об захирае бузургест,ки вокеияти он ҷаҳону зиндагиро таровату покизаги мебахшад. Ҳастии инсон, гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодиву пурбаракотӣ ҳама ба об вобастагӣ дорад. Обро инсон барои нушидан, пухтани хурок, шустушуи ҷою манзил, тозагии кучаҳо истифода мебарад. Об ин сарчашмаи ҳаёт буда, инсоният худро бе об тасаввур карда наметавонад. Инсон тамоми лахзаҳои ҳаёташ бо об зинда аст.
Об ин неъмати бебаҳои Худованд буда,онро покиза нигоҳ доштан вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Мо мефахрем, ки дар Тоҷикистони соҳиб- истиҷлол зиста аз Оби тоза ва ширини ӯ ҳаловат мебарем. Дар Тоҷикистон об яке аз қимматтарин неъмат шуморида мешавад ва тули чанд соли охир дар васфи оби тозаву ширини ин диёр достону шеърҳо хонда шуда аст. Тоза нигоҳ доштани об, муқаддас шуморидани он, қиммат донистани ҳар як катраи он ин муъчизаи бузург ва қарзи ҳар як инсон аст.
Зи қуе,ки хурдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.
Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайер кардани оби маҳлули рангҳо,оҳар додани матоъ, коркарди пуст,тайёр кардани коғаз, собун, нонпазӣ, нушокиҳои гуногун истифода мебаранд. Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат мебошад. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша ба онҳо сару кор дорад, манбаи асосист.
Аз чониби Асосгузори сулҳу ваҳдати мили- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмиллали «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳалаи мухим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастақамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои бехтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи об таъкид карда шуд.
Ассистенти кафедраи тибби суди Нарзуллоева Н.Ч.

18.09.2019     35873

C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php