Терроризм зуҳуроти номатлуб

Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маънояш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Терроризм - амалест, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, хавфу хатар ангехтан дар байни аҳолӣ мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат, мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки имкони то ба ифротгароӣ сабзида расиданро ба миён меоварад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Хусусан ба ин гуруҳҳо ҷавонони сустирода ҷалб карда мешаванд. Ҷавонон на танҳо аз сустиродагӣ, балки аз рӯи дигар масъалаҳо ба монанди   камфарҳангӣ, надоштани зиракии сиёсӣ, бегонапарастӣ, хурофотпарастӣ ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ – камбизоатӣ ба ин гуна гуруҳҳо шомил мешаванд.

Хушбахтии мардуми сарбаланди тоҷик дар он аст, ки дорои таърихи қадима, фарҳанги бой ва равшанфикрони зиёде мебошанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвари маҳбуби мо Тоҷикистон дар Паёмҳои худ ҳамеша сари ин масъала истода мегузаранд ва хусусан ба ҷавонон муроҷиат карда, онҳоро ба ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, расидан ба қадри арзишҳои миллӣ даъват менамоянд.

        Аз ин рӯ, моро мебояд ҳамарӯза дар кору афкори худ нисбати тарбияи насли ҷавон диққати зиёде ба харҷ диҳем, ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

 

Ҷ.Қ. Муҳаббатов     декани факултети тиббӣ, д.и.т.,профессор    

                                        

                           

                     



12.04.2019     13