Терроризм вабои аср

Барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро боваркунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои дафъи он кӯшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад. 

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадр инеъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳо ифарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифиТоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд. Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмониТоҷикистон карда шуд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳо имубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги диниюм иллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа,билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурӯҳҳои ифротӣ нараванд. 

Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, натанҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд, таъкид намуданд Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Ҷаноби олӣ, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон.

Ва аз ҷавонони саодатманди кишварамон даъват ба ҷо меорем, ки модари хешро дуст доранд ва меҳандуст бошанд,ба муқобили зуҳуроти номатлуб терроризм мубориза баранд, чунки модар ватан ба ҳам тавъаманд ва илму донишро пеша намоянд 

Илм ғизо баҳри ҷавонон диҳад,

Қуввату хурсандӣ ба пирон диҳад.

Илм раҳоӣ зи хатар медиҳад,

Зиндагиро зиннату фар медиҳад. 

Тоҷикистони биҳиштосо, ки сарзамини мардуми соҳибмаърифат умеҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор аст, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳоиши фобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор аст, ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд

Тоҷикистон, ин дилу ҷони ман аст,

Шукри номаш аз дилу ҷон мекунам.

Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умуми давлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд. Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бо мулоҳизаю созанда баҳс намоем.  Дар ин самт ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомот ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳматисодиқонавусофдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем - тазаккур доданд Сарвари муаззам, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат,Ҷаноби Олӣ дар Паём ва баромадҳояшон.

Ба ин васила ҳар яки мо ҳамчун омӯзгор, табиб, ҳамчун фарди Тоҷикистони биҳиштосо ваъда медиҳем ки, дар арафаи омодагӣ ба ҷашни фархунда 30 солагии Истиқлолияти ҶТ гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатропешаи кори худ намуда, дар самти тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси тиббӣ ҳамчун мутахассис, чи хеле, ки Ҷаноби Олӣ дар баромадашон такрор ба такрор таъкид намуданд ва дарёфти маводҳои нави доруии сифатан тоза ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ кору фаъолият намоем, парчами илму маърифат, шукуҳу шаҳомати илми ҷаҳонгири тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ, баландтару баландтар бардорем ва барои ватани хеш ҳамчун фарди Тоҷикистон ҳиссагузори намоем

Хушо модархудои мо замини Тоҷикистон аст,

Дили мо зодаи руди Зарафшон аст,

Даруни синаи мо ошёни ишқи Хатлон аст,

Сари волои мо ҳамчун сари куҳи Бадахшон аст,

Фидои Тоҷикистон аст!

Ва бубинед, ки имрӯз тоҷике, ки дар Амрико ва ё Аврупо ба амри тақдир кору фаъолият дорад ба умеди он зиндагӣ менамояд, ки Ватан дорад ба номи Тоҷикистон ва аз ин бисёр ифтихор менамояд, ки соҳибватан аст ва худро таскин медиҳад 

Ватан номусу виҷдон аст,

Ватан нанги ҳар инсон аст.

Сабзаи хоки Ватан аз сунбули бегона беҳ,

Саъваи боғи Ватан аз булбули бегона беҳ.

Дашту саҳрои Ватан моро гулистони Ирам,

Як гули хори Ватан аз сад гули бегонабеҳ.

Пораи нон дар Ватан ори ба каф бонақдиҷон,

Аз ҳазору як кабоби бе пули бегонабеҳ. 

Ва ҳар яки мо имрӯз бояд шукронаи ҳар як пораи нон, шукри хоки Тоҷикистон, шукри истиқлол ва ҳамин давлату Ватани ободу озод намоем:

Ҳамин давлат, ки дорам зиндагонӣ дар Ватан Ман,

Бигӯям бо сари боло ВатанМан!

Ки шабҳо аз лаби боми алафпуш

Ба мисли духтари рустоии шух

Кунад суям табассум моҳи тобонаш

Баҳорон тар кунад бо меҳр

Сарамро резаборонаш 

Ҳамин давлат, ки мегирам нафасман аз хавои ӯ

Ва месӯзам барои у.

Барои манн дигар охир чи даркор аст,

Ҳазорон бор розиям,

Агар манн бекафан мирам.

Валекин дар Ватан мирам 

Мудири кафедраи химияи фарматсевти ва заҳршиносии 

МДТ ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино д.и.х., профессор Раҷабов У.Р.


21.10.2020     51