Терроризм - вабои аср

22 - январ дар кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1 бо сарпарастии мудири кафедра, дотсент, н.и.т. Мамадҷонова Г.С.   оид ба мавзӯи    «Терроризм ва экстримизм» бо донишҷӯёни курси 6-и факултаи тиббӣ, гурӯҳи 27 чорабинии фарҳангӣ- таблиғотӣ баргузор гардид. Дар маҳфил терроризм ва эксторамизм ба риштаи таҳлил кашида шуда, ба қолаби нав сар задани ин навъ мушкилоти байналмиллалӣ ибрози назар сурат гирфт. Ҳамчунин қайд гардид, ки: “Дар ҷаҳони муосир бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои охир ва ба хотири ҳимоя аз аҳдоф ва манфиатҳои хеш тамоми кишварҳо даст ба муборизаҳои беамон задаанд. Ин бархурдҳо дар манотиқи гуногуни дунё шакл, мазмун ва муҳтавои хос ба худ касб намудааст. Аз ҷумла, барои кишварҳои манотиқи Осиё  зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебошад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил созмону ниҳодҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии зиндагии онҳо ба хубӣ истифода мебаранд. Тибқи маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расонаҳои иттилоотии дохилию хориҷӣ, айни замон дар сафи ҷанговарони ба ном «Давлати исломӣ» дар Ироқу Сурия зиёда аз 1000 нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ бо роҳҳои гуногун ба ҳайати ин гуруҳҳо шомил гардида, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд. Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ҷони азизи худро аз даст додаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андуҳ оварданд. Аксарияти ҷавонони ба гуруҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз тамоми ҷомеаи  муосирро фаро гирифтааст, ин экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. 

Баъдан мудири кафедра Мамадҷонова Г.С. қайд намуд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

Дар охир аз тарафи муаллимон ва донишҷӯён баҳсу мунозирасурат гирифт.

 

 Г.С. Мамадҷонова мудири кафедраи кафедраи бемориҳои кӯдаконаи №1, н.и.т., досент   

 М.Н. Ҳотамова, мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистенти кафедра


25.11.2019     620
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php