Терроризм ва экстремизм – ҳамчун падидаи номатлуби иҷтимоӣ

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Ба ин маънӣ омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Агар одамон ба масъалаҳои терроризм ва муборизаи зидди он бевосита пайваст набошанд ҳам, тавассути чизи дигаре ва ё субъекти дигаре бо масъалаҳои мухталифи терроризм ва шаклҳои дигари экстремизми сиёсӣ алоқаманд гашта, мавқеи худро муайян менамоянд.

Аз ин рӯ дар тамоми ҷаҳон марказҳо ва пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ ба омӯзиши ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ равонаанд. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ ва терроризми сиёсӣ пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз ғояи фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешавад. Илова бар ин экстримизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Бинобар ин таҳқиқ ва баррасии экстремизм зинаи аввали инкишофи гурӯҳҳои канориро ташкил менамояд.

Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

 Терроризм бошад дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Махсусан дар замонҳои нав ва навтарин терроризм хусусиятҳои иртиҷоиро пайдо намуд. Террористон барои тарсонидани аҳли ҷомеа ва ҳокимон даст ба куштори одамони бегуноҳ мезаданд. Террор воситаи асосии мубориза барои ҳокимият, барои ҳимояи манфиатҳои гурӯҳӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ ва ғайраҳо гардидаанд.

Аз лиҳози таҷрибавӣ терроризм оқибатҳои харобиовар дорад. Тибқи нишондоди маълумоти умумии оморӣ дар олам оид ба амалиёти террористӣ ва оқибатҳои фоҷиабори он мавҷуд нест. Аммо маълумот оид ба кишварҳо ва минтақаҳои алоҳида арзи ҳастӣ доранд. Амалиёти терроризми байналхалқӣ тақрибан 5-10 фоизи амалҳои террористии ҷиноятиро ташкил медиҳанд. Аз соди 1976 то соли 1996 ба ҳисоби миёна аз 320 то 660 амалиёти террористии байналхалқӣ pyx додааст. Шумораи қурбониёни амалҳои террористӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Сатҳи мудҳишият ва ваҳшоният авҷ мегирад. Фақат дар солҳои 1994 ва 1995 мутаносибан 423 ва 440 нафар одамон қурбони дасисаҳои террористон гаштанд.

Терроризм, махсусан даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеаи ташаккули ҷомеаи ороми башаррият гардидааст. Бахусус, Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, нисбат ба ин ҳодисаи манфури ҷомеа бетараф намебошад. Сари ин масъала ҳамарӯза ҳукумати кишварамон андеша дорад.

Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад. Хатари аслии ин падида дар он аст, ки имрӯз баъзе аз ҷавонони мо таҳти таъсири таблиғоти доираҳои муайяне, ки дар минтақа қарор доранд ва мақсади асосиашон ноором сохтани вазъи сиёсии минтақа мебошад, мондаанд. Онҳо ба василаи истифода аз дин ва эътиқодоти динӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ ва тарвиҷи тундгароӣ дар ҷомеаи суннатии кишвар ва инкори арзишҳои дунявӣ амал менамоянд.

Бояд қайд намуд, ки алайҳи ин падидаи номатлуби иҷтимоӣ кишварҳо дар алоҳидагӣ ба ҳадафи хеш намерасанд. Бахусус фазое, ки кишварҳои ИДМ ва давлатҳои ба он ҳамшафат доранд, бояд дар иттиҳод қарор бигиранд. Воқеан амалкарди созмонҳои амниятӣ дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ дар самти амнияти минтақа ва мубориза бо ин гурӯҳҳои терорристӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ сурат мегирад. Ғайр аз ин як қатор созмонҳои амниятӣ, ки тибқи маълумоти мавҷуда дар ҷаҳон имрӯз зиёда аз 100 созмонҳои бузургу хурди террористӣ амал менамоянд, ки пеши роҳи ин тунгароёну террористонро гирифта наметавонанд.

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад, ки терроризм ба амнияти ҷомеа ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият, инчунин ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Ин падидаи манфӣ имрӯз яке аз амалҳои бениҳоят хатарнок шинохта шуда, ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф карда мешавад.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҷомеаро ноором сохта ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият, якпорчагии кишвар ва нигоҳ доштани ҳокимияти конститутсионӣ талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст. 

Нурматова М.Р. – муаллими кафедраи «Фанҳои ҷомеашиносӣ».


02.12.2020     21