Терроризм – падидаи фоҷеабор

Таъмини сулҳу субот ва амнияту пойдории кишварҳо омили калидии роҳандозӣ ва пешбурди равандҳои созандаи рушди устувор дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ба шумор меравад. Бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон, боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳҳои ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бахусус падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза - терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Мавҷи бесобиқаи терроризм ва ифротгароӣ имрӯз ба хатари бузурги глобалӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Тайи солҳои охир дар ин самт садҳо ҳамоиши минтақавию байналмилалӣ баргузор шуда, эъломияҳои зиёде қабул гардиданд, ки то ҳол натиҷаҳои дилхоҳ надодаанд. Терроризм хатари аз байн рафтани кишварҳоро ба миён оварда, боиси ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон ва харобиву ҳисороти бемисл гардидааст. Ҳамчунин, мавриди нигаронист, ки дар ин раванд кӯшишҳои сиёсисозии дини мубини ислом ва сӯиистифода аз номи поки он хусусияти зуҳуроти хатарнокро овардааст. Гурӯҳҳои ифротгароиву террористӣ дар минтақаҳои мухталифи олам хушунат ва задухӯрди хунини мазҳабҳои этникиро барангехта, боиси афзоиши исломситезӣ ва пайдоиши бадбинии мусулмонон шудаанд. Дар ин бобат Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо изҳор кардаанд, ки террористу ифротгаро на ватан ва на миллату мазҳаб дорад.

Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Барои тайёр намудани чунин шахсони худкуш ташкилоти махсус аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода бурда, ҳисси бадбинӣ, нафрат, аз байн бурдани тарафи муқобилро дар дили он шахс ҷой мекунад. Ҳатто, ба дараҷае ба чунин шахсон таъсир мерасонанд, ки онҳо аз баҳри падар, модар, зану фарзанд ва ҳама дороияшон гузашт карда, даст ба чунин кори зишт мезананд. Бояд дарк кард, ки мувофиқи таълимоти “Қуръон”-и карим куштани инсони бегуноҳ ва рехтани хуни ноҳақ гуноҳест нобахшиданӣ. Дар ин бора Худованд чунин мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар он ҷо то абад хоҳад монд». Аллоҳ ба ӯ ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад. (Қуръон 4; 93)

Бори аввал ин амали нангин 34 сол пеш аз ин, соли 1981 дар сафоратхонаи Ироқ дар Бейрут (Ливан) рух дод, ки дар он 27 нафар бегуноҳон ба ҳалокат расида, садҳо каси дигар захмдор шуданд. Масъулияти ин амали зиштро ташкилоти дар он вақт навтаъсиси террористии «Ҳизбуллоҳ» ба уҳда гирифт ва дар ин ҷода нахустин тадбиқкунандаи чунин навъи террор ба шумор мерафт. Имрӯз террористон бозичаи дасти «Давлати исломӣ» гаштаанд. «Давлати исломии Ироқ ва Шом» бо забони арабӣ «ал-Даула, ал-Исломия» дар шакли мухтасари он бо форсӣ «ДИИШ», бо забони русӣ «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Леванта) маъруф гаштааст.

Ҳанӯз дар арафаи шукуфоии гуруҳи «ал-Қоида» дар соли 2004 гуруҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» таҳти роҳбарии Абу Мусъаб Ал-Зарқавӣ таъсис ёфта, аз ҷониби саркардаи собиқи «ал-Қоида» Усомма бин Лодан ба расмият шинохта шуд. Қобили қайд аст, ки аъзоёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» хусусан «Ҷабҳат-ун-нусра» аз бераҳмтарин ҷангиёни ҳозира натанҳо дар Сурия ва Ироқ, балки дар саросари ҷаҳон ба шумор мераванд. Аз хизмати «террористони худкуш», ки созмонҳои террористӣ махсус тайёр мекунанд, гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» васеъ истифода мебарад.

Мувофиқи ақидаи асосии коршиносон сабаби асосии ин, надоштани маърифати ҳуқуқиву динӣ ва бехабар будан аз арзишҳои миллии худ аст, ки чунин шахсон зуд фирефтаи дасти дасисабозон гардида, дар баробари худро бадному гумном намудан дигаронро ба қатл мерасонанд. Онҳо гумроҳшудагон ва зархаридоне мебошанд, ки ҳатто ба занону кӯдакон раҳме надоранд. Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи амалиёти террористӣ аксаран мардуми осоиштаи бегуноҳ қурбон мешаванд.

Коршиносон терроризмро ба 3 намуд ҷудо намуданд: сиёсӣ, миллӣ, динӣ. Мудҳиштарин ва фоҷиабортарин намуди онро терроризми динӣ ташкил медиҳад. Ин амалиёти марговарест, ки дар зери ниқоби дин пинҳон шуда, зери ливои он мубориза мебарад. Дар ин шакли терроризм тарафи «ҷабрдида» пайравони як дин ва тарафи муқобил пайравони дини дигар мебошанд, ки аксаран ин амалҳои нангин зери мафҳуми «ҷиҳод» ба анҷом мерасад. Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалу ҳаракатҳои ғайриинсониву экстремистии ин гурӯҳҳоро сахт маҳкум мекунад.

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сазовор гаштан ба боварии мардуму миллати хеш тавонистааст намунаи ибрати роҳбарони давлатҳои ҷаҳон гардад.

Роҳбари тоҷикони ҷаҳон чандин маротиба аз минбарҳои баланд амалиёти ҷангиёни «Давлати Исломӣ»-ро сахт маҳкум намуда, ҳушдор доданд, ки бадбахтона дар ин амалиёти террористии гурӯҳҳои экстремистӣ аз кишвари мо -Тоҷикистон низ чандин ҷавонони ноогоҳу раҳгумзада иштирок намудаанд. Роҳбари давлат ба тамоми мақомоти қудратии кишвар, мақомоти маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мардуми мамлакат супориш доданд, то зиракии сиёсиро аз даст надода, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона созанд, ки ҷавонони мо ба фиреби бегонагон наафтода, ба чунин гурӯҳҳои ифротгаро шомил нагарданд.

Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд. Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст. 

Таибов С.А.- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Зуҳра Турсунова -шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


21.01.2021     15