Терроризм падидаҳои номатлуб

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ чунин аст: «Ин содир намудани амалҳое мебошанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисмонӣ, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад».

Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин аст ба ифротгароӣ сабзида расад.

Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид б амиён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Ҳатто дар андешаҳои муҳаққиқони аҳди қадим, аз ҷумла Ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.

Дар асрҳои миёна бошад, дар кишварҳои аврупоӣ терроризм ҳамчун шакли махсуси муборизаи сиёсӣ баҳри дифои манфиатҳои давлатӣ ва калисою ҳокимияти динӣ мақоми махсус пайдо намуда буд. Худи амали қатли расмии ҷиноягкорон дар кадом шакле ки набошад, бо мақсади тарсонидани одамон ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ воқеӣ гардонида мешуданд.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад.

Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамоянд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамоянд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд».

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд,

аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои“исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Бо боварии комил гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷикро, натанҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон дар мавзӯи мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум, ҷавонон имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад. 

Сафаров С.К.- саркуратори кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ 

бо асосҳои технологияи информатсионӣ

Ибронов С. С.-ассистенти таълимӣ


21.10.2020     33