Тероризм ва хусусиятҳои асосии экстремизми сиёсӣ

Президенти кишвар дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди бемайлони таҳдидҳои терроризм ва экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштанд, ки «терроризм ва экстримизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитари ниинсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Хавфу хатарҳое, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналхалқӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ таҳдид менамоянд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонанд.

Имрӯз пӯшида нест, ки зери ниқоби мубориза бо терроризм ва экстремизми байналхалқӣ давлатҳои алоҳида манфиатҳои геополитикии хешро ҳифз менамоянд ва ё зери парда аз ин гуна таҳавулоти номатлуб пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳамчун ҷунбишҳои мардумӣ ва озодихоҳ муаррифӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, вобаста ба ташаннуҷ ёфтан ва ё муътадил гардидани муносибатҳои байналхалқӣ байни давлатҳои абарқудрати дунё, сатҳи ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидошта дар манотиқи гуногуни дунё, ангезиш меёбанд ва ё баръакс.

Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷинояткорона ва ҳадафҳои сиёсии худ аз ақоиди дини мубини ислом истифода бурда, номи неки онро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ манфур сохтаанд. Аз ҷумла, қатлу ғорат ва несту нобуд сохтани мардуми бегуноҳ ва амволи онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, ҳамчун чораи зарурӣ ва «ҷиҳод» дар роҳи ҳақ арзёбӣ менамоянд.

- фаъолияти махфии ташкилотҳои террористӣ. Сабаби чунин фаъолият дар нотавонӣ ва заифии онҳост. Онҳо ба таври рӯирост муқобили ҳукуматҳо мубориза бурда наметавонанд ва худро ҳамчун нерӯи сиёсӣ, асосан ошкор намегардонанд. Ба таври махфӣ амал намудан ба манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии онҳомувофиқ аст. Зеро чунин ҳолат боиси номаълуммондани фаъолияти онҳо дар назди омма мегардад ва ба чунин тарз фаъолият доштан сафи тарафдорон ва хайрхоҳони онҳоро афзун мегардонад. Аз ин хотир дар бисёр мавридҳо ташкилотҳои террористӣ мекӯшанд, ки дар хориҷи кишвар макон гиранд;

- хосияти иртиҷоӣ пайдо намудан ва мудҳиштар гаштани амалҳои террористӣ. Террористон аз тамоми воситаҳо, амалҳои зиёновар, аслиҳа ва воситаҳои коммуникатсионии навтарин истифода намуда, мекӯшанд, ки ба душман зарбаи ҳалокатовар зананд. Тамоми қурбониҳои амали террористиро ба гардани рақиб бор менамоянд;

- ҳалли масъалаҳои дохилӣ дар заминаи муносибатҳои сектантӣ (фирқавӣ, қавмӣ). Дар аксари мавридҳо умумияти мушаххасеро дарёфт намудан номумкин мегардад, ки гурӯҳҳои террористиро ба ҳам пайваст намояд ва онҳоро чӣ дар як ташкилот дар дохили як кишвар ва чӣ дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ муттаҳид созад. Чунин муносибатҳо имконият намедиҳанд, ки масъалаҳо дар сатҳи васеътар, дар доираи умумияти бузурги иҷтимоию сиёсӣ ҳал карда шаванд. Бинобар ин гурӯҳҳои террористӣ ба сари худ ҳал намудани масъалаҳоро беҳтар медонанд;

- экстремизми сиёсӣ ба доираҳои муайян, ба гурӯҳҳои бонуфузи аҳолӣ, умумиятҳои этникию миллӣ ва муносибатҳои дигари қавмӣ пайваст мегардад;

- гурӯҳҳои террористии кишварҳои дигарро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба манфиатҳои худ истифода бурдани давлатҳои дигар. Чунин муносибат дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҳукми анъана дорад. Вобаста ба манфиатҳо дар муносибатҳои зиддиятноки байнидавлатӣ истифода намудан аз душманон ба ҳадафҳо ва воситаҳои  муборизаи сиёсӣ дохиланд. Махсусан дар давраи муосир амали мазкур бештар хосияти ошкоро гирифтааст. Давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ барои воқеӣ гаштани ҳадафҳои хеш дар доираи принсипҳо ва меъёрҳои муайян фаъолият менамоянд;

- дар низоми навини муносибатҳои байналхалқӣ ҳарчи бештар барҷаста гаштани экстремизми сиёсии давлатӣ, ки дар сатҳи амалҳои давлатҳои бузурги сайёравӣ ва ё минтақави зоҳир мегарданд;

-экстремизми сиёсӣ дар давраи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан хосияти ҷанги иттилоотиро мегирад. Дар муносибатҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ нерӯҳои зиёди сиёсие мавҷуданд, ки амалҳои террористиро барои афзун намудани эътибори хеш ва бадном намудани рақиб истифода менамоянд. Ҳатто ҳангоми зарурат метавонанд амалҳои сунъии террористиро ба миён оранд ва оқибат рақибро дар харобкориҳо ва даҳшатҳо гунаҳкор намоянд. Воситаҳои ахбори умум бошанд тамоми чораҳоро меандешанд, ки амали террористии мазкурро ҳамчун воқеият нишон диҳанд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам 17 ташкилоту иттиҳодияҳо ва ҳизбҳои сиёсие, ки ғайриқонунӣ фаъолият карда аз тарафи давлатҳои аҷнабӣ маблағгузорӣ карда мешаванд манъ карда, чун ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф кардааст, ки инҳо мебошанд: “Ҳизб-ут-таҳрир”; “Ал-Қоида”; “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”; “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон); “Ҳаракати Толибон”; “Ташкилоти Бародарони мусулмон”; “Лашкари Тайиба”; “Ҷамоати исломии Покистон”; “Ҷамъияти Таблиғот”; “Созмони Таблиғот”; “Тоҷикистони Озод”; Равияи динии “Салафия”; “Ҷамоати (Ҷамъияти) Ансоруллоҳ”; “Гуруҳи 24”; “Давлати исломӣ” ва “Ҷабҳат-ан-Нусра”, “Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон”.

Таибов С. А.-  сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Турсунова З.- мутахассиси шуъба     


08.09.2020     6