Тероризм ва ҷавонон

Тероризм аз падидаҳои манфӣ ва хатарнок дар ҷаҳони имрӯз аст, ки ба ҳар роҳу восита ҷавононро таҳдид мекунаду ҳадаф қарор медиҳад. Омору ҳисоботи зиёде вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад бештар аз ҳар қишри дигари аҳолӣ ҷавонон ҳастанд, ки туъмаи ин зуҳуроти номатлуби дунёи имрӯз мешаванд. Дар ҷангу ноамниҳои Ховари Миёна дар Сурияву Ироқ мутобиқи баъзе оморҳо аз соли 2014 то кунун бештар аз 1900 ҳамватани мо, ки аксарияти онҳо ҷавонон буданд иштирок карда баъзе куштаву захмӣ ва баъзе бедараку нопадид гашта сарнавишташон номаълум аст. Баъзе аз ин ҷавонон ба шакли инфиродӣ ва баъзеи дигар оилавӣ ба Ховари Миёна рафта дар ҷангҳо иштирок кардаанд.
Рӯзи 27 сентябр дар шаҳри Ню Йорк дар Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид муҳтарам Қоҳир Расулзода сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда аз ҷумла дар масъалаи тероризм сухан кард. Сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки барои аз байн бурдани зерсохтори низомии тероризми байналмилалӣ терористон бояд аз ҳимояти молӣ, сиёсӣ ва низомӣ маҳрум карда шаванд.
Ёдовар шудан зарур аст, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон 84 кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба ватан баргардонида шуд. Инҳо фарзандони ҷангиёни тоҷик ҳастанд, ки дар набардҳои Ховари Миёна ҷони худро аз даст дода зану фарзандонашон бесарпаноҳ мондаанд. Баъзе аз ин оилаҳо дар зиндонҳо ҳастанд ва баъзеи дигар дар урдугоҳҳои махсус ба сар мебаранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми ҷуғрофиёи худ дар ҳамсоягии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавқеият дорад. Сарҳадии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳудуди 1400 кмро ташкил медиҳад. Агарчӣ кишвари мо ба лиҳози амнияти дарунӣ яке аз беҳтарин ва оромтарин кишварҳои ҷаҳон аст, вале доштани ҳамсояи ноором зеҳни моро ҳамеша машғул медорад. Гоҳу ногоҳ аз шакл гирифтани гуруҳҳои тундраву ифротӣ дар ин ҳамсоякишвар хабарҳое дар расонаҳо пахш мешаванд. Ва ҳам аз хабарҳо мешунавем, ки фалон минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистонро гурӯҳҳои силоҳбадасти тундрав тасарруф кардаанд. Ин хабарҳо дар умум боис мешаванд, ки мо доим аз вазъияти ноамни ҳамсояи ҷанубии худ нигарон бошем. Коршиносоне ҳам ҳастанд, ки мегӯянд гуруҳҳои тундраву ифротӣ дар Афғонистон ҳадафу мақсади асосияшон расидан ба Осиёи Миёна аст. Гуфта мешавад, ки гуруҳҳи тундрави ба ном “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон ҷабҳаи нав боз карда даст ба якқатор амалиётҳои ҷангӣ мезанад ва шаҳрвандони Осиёи Миёна ҳам дар сафҳои он вуҷуд доранд.
Омилҳои тероризму ифротгароиро коршиносон гуногун арзёбӣ мекунанд аз ҷумла надоштани дарку саводи кофии динӣ, камбуду заъфи шинохти дурусти арзишҳои исломӣ, фақру тангдастӣ, маҷбурият, зери таблиғоту ташвиқҳои нодуруст қарор гирифтан ва ғайра. Таҷрибаҳои гуногун нишон доданд, ки гуруҳҳои тундрав дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буда бисёре аз корбарони ҷавони бетаҷрибаро дар домҳои онлайнӣ меғалтонанд. Онҳо ҷавонҳои захмхурда ва ҷабрдида аз ҳаёту зиндагиро хеле моҳирона метавонанд ба сари эҳсосот биёранд ва ба тарафи худ ҷалбу ҷазб намуда сарбозгирӣ намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои хатарноки даврони муосир мубориази беамон бурда ба ҳар роҳу восита кӯшиш мекунад, ки шаҳрвандони худро ҳифз намояд. Ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ба имомхатибон моҳона медиҳад то онҳо бо истифода аз минбарҳои таъсиргузори масҷидҳо ва бо истифода аз ваъзу насиҳатҳои мазҳабӣ ҷилави гароиши ҷавонон ба сафи тундравҳоро гиранд. Аз тарафи дигар мақомоти Тоҷикистон барои онҳое, ки эълони пушаймонӣ намуда содиқона тавба карда аз роҳи рафтаашон бармегарданд афв эълон намудааст то аз ин тариқ ҷавонони гумроҳшударо ба ҳаёти дурусти осоишта баргардонад. Ҳамзамон ин фурсати бисёр хубе ҳаст барои ҷавонони гумроҳшуда то тавба намуда аз роҳи ғалат баргарданд ва ба ҳаёти осоиштаи худ дар ватанашон идома диҳанд.
Асосгузори сулху вањдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин масъалаи муҳим диққати махсус дода, иброз дошт: «Бо дарназардошти вазъи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаҳои тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастию ифротгароӣ, инчунин, таҳқиҳи масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».
Хулоса тероризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир падидаи бисёр хатарнок аст ва тақозо мекунад, ки ҳамеша огоҳ ва ҳушёр бошем. Падару модарон алалхусус бояд назорати кӯдакону фарзандони худро ҷиддӣ ба роҳ монда зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд. Огоҳиҳои лозимаро дар масъалаи тероризму ифротгароӣ ба кӯдакони худ дода роҳҳои шинохту ҷилавгирии ин падидаи номатлубро ба онҳо баён кунанд.
Шарипов Х.Ю.
Салимова Н.К.
Кафедра патологической анатомии.


13.08.2021     878
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php