Сулҳро бояд парварид!

Инсоният аз рузи пайдоиш то замони муосир, ҳамеша тарафдори сулҳу оромиш ва беҳбудии зиндагӣ мебошад. Ҳар давлату миллат барои пешрафти илму техника ва тараққиёти маьнавии мардумаш ҷидду ҷаҳд карда, ҳамчунин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии халқаш осуда бошад.

Аммо боиси таассуф аст, ки пайдоиши гуррӯҳои ифротгаро, боиси барҳам хӯрдани ин оромиш ва сулҳ гашта, мардуми сулҳпарвару некӯсириштро бадбахт мекунанд. Терроизм ва экстремизм, ин як равияе мебошад, ки аз он халқҳои тамоми ҷаҳон дар ҳамаи минтақаҳои дунё, хоби ороми хешро аз даст дода, боиси нигаронӣ намудааст.

Ҷангҳои пай дар пай мамлакати Сурия, имрӯз халқи ин сарзаминро бе Ватан ва бехонумон карда, сабабгори марги ҳазорҳо кӯдакони бегуноҳ гаштааст. Аз расонаҳои хабарӣ, мо хуб огаҳӣ дорем, ки вақти убури сарҳади мамлакатҳои ҳолати ҷангидошта, дар соҳилҳои баҳрҳову дарёҳо, ҳазорҳо одамони, бегуноҳ ҷони худро аз даст додаанд. Марги кӯдакони маъсуму пок, марги кӯдаки 3 сола аз Сурия бо исми Айлон ва дигар ҳодисаҳои нохӯш, дар таърих ёдгор монда, нақши ғамҳои худро дар дилҳои халқҳои тамоми ҷаҳон, боқӣ мегузорад. Ҳол он, ки он мардуми фавтида, мардуми осудаву сулҳпарвар буданд, онҳо умед ба ояндаи неку дурахшон доштанд, аммо маҳз терроризм ва экстремизм ин оромишро барҳам зада, сабаби бадбахтии ин одамон  гаштааст.

Мо модарони тоҷик, оромиши қалбиву руҳӣ ва солимии фарзандонамон болотар аз ҳар сарвату дороӣ медонам ва шукргузор аз сулҳу Истиқлоли Меҳан карда, ҷомаеи Ватани худро ҳамеша орому осӯда ва хушбахт мехоҳем бубинем. Сарвати миллати мо-ин солимии ақлу андешаи ҳар як сокини мо мебошад. Маҳз илму фарҳанг ва маърифат пеши роҳи ҷаҳолатро мегирад. Аз ин сабаб, мо модарон, ки тарбиятгари насли наврас ва ҷомеа мебошем, бояд дар дили фарзандони худ раҳму шафқат ва некиро ҷогузорӣ карда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Зиндагии осудаву ороми давлати мо, ин хушбахтии худи мо занону модарон аст.

Сулҳу дӯстии мардумон зинда бод. 

Турсунова З мутахасиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


24.06.2020     354
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php