Шикасти наҳзатиҳо ва “мухолифин”-и ғафлатзада

Аслан дастаҷамъона паймон бубастани чор гӯрӯҳи аз як реша об мехӯрда - ҲНИ, Ҷумбиши Ислоҳот ва рушд дар Тоҷикистон, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ва Анҷумани озодандешони Тоҷикистон худ далолати заифии онҳоро нишон медиҳанд. Зеро роҳбарони ин чор ниҳод ҳамонҳое ҳастанд, ки аз «баракоти ҲНИ» рӯи об баромадаанд. Зеро Кабирӣ чун миёнарав ба онҳо то имрӯз маблағҳои калони хоҷагонашонро тақсим мекунанд. Ин нафарони худро «роҳбартарошида» бошанд, қисмати ками даромадҳои худро ба зердастони худ медиҳанд.
Муҳим ин нест, муҳим он аст, ки мавзӯи моҳҳову солҳо омода кардаи ин нафарон, ки дар машварати навбатии солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пешниҳод намуданд, дигар дархӯри рӯз нест. Агарчӣ онҳо дар баромадҳояшон ҷониби Тоҷикистонро бо суханҳои пучу бепояашон сиёҳ карданӣ мешуданд, аммо чун асоси воқеӣ надоштанд, кафки рӯйи обро мемонданд. Ин гуруҳҳои ба ном “мухолифин” медонанд, ки нақшаҳои кашидаашон иҷронашавандаанд, бо истифода аз ин минбари баланд, хостанд ба «муаммояшон» гиреҳкушо ёбанд, аммо хато карданд. Зеро ҳама медонад, ки фаъолияти ҲНИ хавфи ҷиддие ба минтақа хоҳад буд, чун ин ҳизб амалҳои террористиро дар ҳамҷоягӣ бо ДИИШ анҷом медиҳаду он як шохаи «Ҳизбуллоҳ»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», ки он ҷо на «паймон» ҳасту на «миллӣ» бо суханрониҳои бемантиқе, ки аз ҷониби намояндагону зерсохторҳояш дар конфронс пешкаш намуданд, бори дигар нишон доданд, ки дар ҳақиқат, дар он зарфияти ҷиддие нест. Аз назари шахсиятҳо низ чанд касе, ки аз беруни ҳизби наҳзат ба орият оварда шуда буданд, мисли Равшани Темуриёну Темури Варқию Алим Шерзамон, баръакс, бо суханрониҳои гунгу берӯҳу мурдаю бепояи худ мояи хиҷолати паймон ва худи роҳбари ПМТ М.Кабирӣ, ки вазъиятро аз ҳошия идора мекард, шуданд.
Умуман, ин гурӯҳҳо бисёр бечеҳраю бешахсият шуда, ҳар яке чанде аз ҷавонони 20-25 соларо ба саҳна оварда буданд, ки ҳаргиз сатҳу салоҳияти мухолиф буданро надоштанд. Онон на андешаеро намояндагӣ мекарданду на мавқееро ифода менамуданд. Онҳо дар ин муҳит ду нақш доштанд, ки якум, бояд дар роҳравҳо ва ҷаласаҳо нисбати касоне, ки аз Тоҷикистон омадаанд, беадабӣ, таҳқир, писханд ё фитна созанд, дуввум, навбати сухан гирифта, матнҳои пурғалати пур аз дурӯғу туҳматро бо азоб ба аҳли нишаст хонда диҳанд. Хулоса, чанд авбошу ҷосусро ба ҳамоиши САҲА ворид намуда буданд, ки чеҳраи мухолифинро муаррифӣ намоянд. Бале, ҷое, ки дигар ҳарф нест, барнома нест, гуфтанӣ нест, ҳамин шеваи фитнаву найрангу таҳқиру ҷосусӣ пеш меояд…
Имрӯз Тоҷикистон чун ташаббускори сулҳу оромӣ дар ҷаҳон борҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват намуда истодааст, ки танҳо якдиливу тифоқӣ метавонад пеши роҳи терроризму ифротгароиро бигирад. Чунончи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистои таъкид намуданд: “Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад. Дар ин раванд, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамгироии бештар бо ҷомеаи ҷаҳон ва минтақа, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин, ба роҳ мондани ҳамкориҳои фарогир муҳим мебошад. Мо ҷонибдори низоми ҷаҳонии одилона, бидуни ҷангу низоъ, густариши ҳамкориву шарикии баробар ва судманди ҳамаи кишварҳои олам, таъмини амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда бар асоси Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошем”. Воқеан ҳам давоми беш аз ҳашт моҳ кишвари мо минбари баргузории якчанд конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ гардид. Ва худи Пешвои муаззами миллат дар суханронии худ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” бо мисолҳои воқеӣ фарҷоми ин амалҳои номатлубро мушахассан таҳлил намуда буданд.
Хулоса, нишасти имсола нишон дод, ки ин чорчӯби сунъӣ, яъне Паймони миллии Тоҷикистон, ки ҳамчун рӯкаши миллию аврупоӣ барои ҳизби наҳзат сохта шудааст, ҳеҷ короӣ ва паёми наве надоштааст. Ин ташкилот, ки даъвои роҳбарии иттиҳоди мухолифин ва фарогирии гурӯҳҳои гуногуни мухолифи давлатро дорад, дар асл аз чанд нафар аъзои собиқи ҳизби наҳзат ва чанд нафар шахсияти ориятӣ иборат буда, на зарфияте дораду на барномаеву на дурнамое. То ҷое, ки ҳатто дар муҳити худи мухолифин мухолифати шадид идома дорад. Ин гувоҳи он аст, ки мо дар асл мухолифин надорем ва агар дорем, афроди ҷудогонае ҳастанд, ки ҳанӯз ба он сатҳи мафҳуми пурмасъулияти мухолифин нарӯидаанд. Ҳамин тавр мавзӯи интихобкардаи рақибони сиёсӣ шикастпазир будани онҳоро нишон дод.
Сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия Таибов С.А.

24.09.2019     88