Ҷомеа, ҷавонон ва терроризм

«Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насл калонсол,нерeи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи миллат ва давлат мебошанд.»

Эмомалӣ Раҳмон 

Талошҳои ҷавонони имрeзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумeи кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерeи худро барои ҳифзи дастор-вардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот,  рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар намоянд.

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеа-анд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кeшиш намоянд, ки ҳамқадами замон бошанд ва аз дасто-вардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.

Дар замони ҳозира маълумотҳои гуногун барои ҷавонон хеле  зиёд ва дастрас буда, онҳо намедонанд, ки кадом қисми ин маълу-мотҳо бар нафъ ва кадом қисмаш бар зарари онҳост.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии мо аз он иборат аст, ки давлати ҷавони миллӣ, ис-тиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Руйдодҳои сиёсии давлатҳои алоҳида дар замони муосир шакл, мазмун ва мeҳтавои хоси худро доранд. Аз ҷумла, барои ки-шварҳои манотиқи Осиё зиёд ва хеле фаъол гардидани созмону ниҳодҳои динӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тамоюли динидошта хос мебо-шад, ки талош менамоянд ба ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ таъсири бештар расонанд. Ин қабил  созмону ниҳодҳои динӣ барои ноил гардидан ба ҳадафҳои хеш, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя менамоянд ва аз надоштани таҷрибаи кофии  зиндагии онҳо истифода мебарванд. 

Баъзе ҷавонони тоҷик низ ба ҳайати ташкилотҳои террористӣ шомил шуда, дар муҳорибаҳои мусаллаҳона ба манфиати ашхоси бегона ҷангида истодаанд.  Қисмате аз онҳо дар ин муборизаҳо ал-лакай ба ҳалокат расидаанд. Онҳо бо ин амали нагину даҳшатбори худ ба шарафу  номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон uаму андeҳ овардаанд. Аксарияти ҷавонони ба гурeҳҳои ифротгаро шомилгардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз ватан қарор доштанд.  

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат, мeҳта-рам Эмомалӣ  Раҳмон садҳо ҷавонони кишвар, ки дар муассисаҳои динии uайриқонунии мамолики хориҷа таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуда, барояшон шароиту имконоти мусоиди таҳсил ва кору зиндагӣ муҳайё карда шуд. Аммо дар мавриди муҳоҷирони меҳнатӣ то ҳол мушкилоти зиёде мавҷуд мондааст. Хуб надонистани забон, расму русум ва фарҳанги мардуми кишвари иқомат  ва  паст будани  сатҳи саводнокӣ ва ахлоқи ҳамидаи як қисмати муҳоҷирони корӣ, дурӣ аз оила ва падару модар, дастрасии маҳдуд  ба воситаҳои иттилоотии ватани худ, бехабару беназорат мондан дар ҳаёти ин ҷа-вонон як муҳиту фазои аз назорат дурро пайдо мегардонад, ки оҳиста-оҳиста дар натиҷаи таъсири мушкилоти рeзмарра, аз қабили бекор  мондан, расмӣ накардани ҳуҷҷатҳои будубош ва таъқиботи сохторҳои маъмурии кишвари иқомат, даст задан ба ҷинояту амалҳои uайриқонунӣ барои моилу пайваст шудани  муҳоҷирон ба гурeҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд.

Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ  баландсолорӣ (максимализм) хос ме-бошад, аксаран аз нигоҳии равонӣ пурра  ба воя нарасидаанд ва во-бастаи афкору андешаи бегона мешаванд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтанд. Ташкилотҳои террористӣ ва экс-тремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷаво-нонро ба идтиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони мушкилоти онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддӣ ҷалб менамо-янд. Баъзе ҷавонон ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин сохтору иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худ-ро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи неки худро аз байн мебаранд.

Моро ин воқеияти талх вазифадор менамояд, ки корҳои пешгирӣ ва фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзeр  намоем. Дар ин марҳилаи ҳассос ҷавонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба дасисаю фиреби доираҳои манфиатхоҳи бегона дода нашаванд ва Ватанро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо ҳифз намоянд.

Дар ин замина тамоми сохторҳи давлатию сиёсӣ ва ҷамъиятӣ бояд таваҷҷeҳи асосиро ба сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон раво-на сохта, онҳоро дар рeҳияи баланди ватандeстӣ тарбия намоянд. Ин вазифаи муқаддас бояд кори ҳаррeзаи оила, макотиб, донишгоҳу донишкадаҳо ва ниҳодҳои дахлдор бошад.

Соли 2017 маҳз бо ин мақсад аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардид. Ин та-шаббуси Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб  дар байни ҷавонон мусоидат намуда ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун мегардонад.

Дар вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки терроризму экстремизм дар байни ҷавонон рe ба инкишоф дорад, ин амр хеле саривақтӣ ва бамаврид буда, имкон  медиҳад, ки ба ҷавонон таваҷҷeҳи хосса зоҳир гардад, кору фаъолият  ва нерeи тавони онҳо баҳри  сулҳу субот, созандагӣ ва рушди  ҷомеа равона карда шавад.

                        Дадабаев Р.Д., дотсенти кафедраи дерматовенерология, н.и.т.

Бозоров С.С., ординатори клиникии кафедраи дерматовенерология


 


11.10.2019     51