Ҳодисаи террористии 11-уми сентябри соли 2001

Қабл аз ҳодисаи хунини 11-уми сентябри соли 2001 воқеаи террористии зиёде дар ҷаҳон ба вуқӯъ пайвастааст, ки ҳар кадом дар замон ва макони худ дорои аҳамияти сиёсӣ мебошанд. Вале дар таърихи дунё амали бисёр муҳим дар миёни маҷмуи фаъолияти террористӣ руйдоди 11-уми сентябр аст, ки терроризмро шакли ҷаҳонӣ бахшид ва ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалиро густариш дод.

Қабл аз амалиёти террористии 11-уми сентябр, дар низоми ҳуқуқи байналмилалӣ истифода аз руйкарди низомӣ вуҷуд надошт. Баъди ҳамлаҳои 11-уми сентябр Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи 1-65-ро содир кард ва бо ҷиноят донистани ҳамлаҳои террористӣ аз кулли давлатҳо тақозо ба амал овард, то бо ҳамкории байналмилалӣ созмондиҳандагон ва ҳомиёни амалҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001-ро шиносоӣ ва дар маҳзари адолат ҳозир кунанд.

Ба асоси тасвиби пайдарпай ду қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасвиб гардид ва истифодаи қувваи низомиро бар усули “ҳимояи муштаракона” дар муқобили терроризм шиносоӣ кард. Сармуншии Созмони Милали Муттаҳид ду рӯз баъд ҳодисаи 11-уми сентябрро “ҷиноят бар зидди башарият” хонд.

Горвилд Гангҳу бар иртибот ба нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди иқдомҳои фароҳуқуқии давлатҳо бар зидди терроризм баъд аз 11-уми сентябр гуфтааст: “Баъд аз ҳодисаҳои 11-уми сентябр ман аз мулоҳизаи ин, ки теъдоди амрикоиҳо ва ҳатто ҳуқуқдонон ба ин натиҷа расидаанд, ки нобуд кардани чаҳор ҳавопаймо ва се сохтмон моро ба даврони ҷомеаи ибтидоӣ (Natural state), ки дар он ҳеҷ қоидаву қонуне вуҷуд надорад, ақиб бурдааст. Дар давоми солҳои зиёд мо низоми суботи ҳуқуқи дохилӣ, байналмилалӣ, ниҳод ва низому фарояндҳои тасмимгирӣ ба вуҷуд овардем, ки бояд нодида гирифта нашавад. Дар бораи посухҳо ба ҳодиса, танҳо ниёзманди ин нестам, ки бубинем ҳуқуқи байналмилалӣ чӣ чизеро муҷоз ё манъ намудааст, балки ҳар гуна иқдоми мо бояд бо рӯҳи қонунҳои байналмилалӣ созиш дошта бошад. Агар равияи “қонундустӣ” – (love friendly) вуҷуд дошта бошад, бояд аз он пайравӣ намоем, қонунҳои ахлоқии волои худро низ ҳифз карда, ҳимояи муттаҳиддини худ ва ниҳодҳои байналмилалиро аз даст надиҳем ва аз афкори омма ба унвони фурсатҳо истифода намоем”.

Пас аз 11-уми сентябр давлати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Англия бо истифода аз усули “ҳимояи муштаракона” дар муқобили иқдомҳои террористӣ қарор гирифтанд ва бадбахтона ба андешаи фаъолони ҷомеаи ҳуқуқи башар бисёре аз қоида ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи башардӯстона, конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро нодида гирифтанд.

Баъд аз 11-уми сентябр назарияи ҳуқуқӣ бар бунёди ҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалии шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад, ки барои тамоми давлатҳо мавриди қабул қарор гирифт ва тибқи он давлатҳо ӯҳдадор гардиданд, ки дар партави пайгириҳои ҷиноятии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар зидди терроризм мавзеъу мавқеи рушан гирифта, тадбирҳои пешгирона дар муқобил бо фаъолияти террористӣ амалӣ намоянд.

Кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар мубориза бар зидди терроризм бояд ба якдигар иттилоотро дастрасӣ намуда, гумонбарону ҷинояткорони терроризмро мавриди таъқиб қарор дода, ҷинояткоронро дар чаҳорчӯби конвенсияҳои байналмилалӣ муҷозот намоянд. Ҳодисаҳои 11-уми сентябр нишон дод, ки терроризми байналмилалӣ амнияти ҳамагониро ба хатар рӯ ба рӯ сохтааст. 11-уми сентябр ҷаҳонро ба ҳайрат овард ва ҷомеаи башариро такони равонӣ дод. Сарвазири Англия ин ҳодисаро “эълони ҷанг” ёд кард. Раиси ҷумҳури Амрико ин воқеаро “ҳамлаи мусаллаҳона”хонд. Чанде баъд Кохи Сафед масъулияти руйдоди хунини 11 –уми сентябри соли 2001- ро бар шабакаи “Ал-қоида” ва Усома ибни Лодан пайванд дод. Ба қавли амрикоиҳо Шабакаи “Ал-қоида” аз соли 1993 то 11-уми сентябри соли 2001 дар бисёре аз ҳамлаҳои террористӣ ба сурати мустақим нақш доштааст.

Дар соли 2001 ҳамлаи террористӣ ба Вазорати мудофиа ва маркази тиҷоратии Амрико сурат гирифт, ки аз муҳимтарин ва хатарноктарин амалҳои террористии ҷаҳон ҳисобида мешавад.

Дар таърихи 11-уми сентябр чаҳор тайёраи рабудашуда, баъд аз чанд дақиқа ҳавопаймои 757 соати 8:40 бар бурҷи шимолӣ ва соати 9:30 бар бурҷи ҷанубии Маркази тиҷоратии ҷаҳон зарба зад ва ҳарду бурҷ соати 10:5 ва 10:30 фурӯ рехтанд ва сохтмонҳои атрофи Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ сахт осеб диданд. Тибқи таҳқиқоти Донишгоҳи Колумбия қувваи раҳошуда аз таркиши сухти ҳавопаймоҳо баробар ба муодили 240 ТТН будааст. Маҷмӯи хисороти воридшуда бештар аз 60 миллиард долларро ташкил додааст, ки дар он тақрибан 3000 ба   ҳалокат расидаанд.

Шаҳрдори Ню-Йорк ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро 39 миллиард доллар хисороти молӣ барои Амрико ва 350 миллиард доллар ба иқтисоди ҷаҳон хонд.

Баъд аз 11-уми сентябри соли 2001 аврупоиҳо, ки беш аз кишварҳои дигари ҷаҳонӣ худро дар маърази хатари терроризми байналмилалӣ медонанд, бо Амрико ва НАТО ҳамсадо гардида, ба эътилофи байналмилалӣ бар зидди терроризми байналмилалӣ пайвастанд. Иттифоқи байналмилалӣ ҷангро дар Афғонистон ва баъдан дар Ироқ эълон карда, баъд аз 11-уми сентябри соли 2001 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош намуд, то ҳузури низомии худро дар минтақаҳои стратегии ҷаҳон мустаҳкам намояд. Муҳаққиқи амрикоӣ Вотс бо таваҷҷуҳ ба усули “кифоят ва суботсозӣ” ба ин бовар аст, ки суботи сиёсиро бо як таҳлили бетарафона метавон арзёбӣ кард. Дар арзёбии “ҷанг бар зидди терроризм”-и Амрико баъд аз 11-уми сентябри соли 2001 назариёти гуногун иро гардидааст. Бархеҳо ҷанг алайҳи терроризмро намунаи бо арзиш аз кифояти сиёсӣ ва низомӣ дар чаҳорчӯби як посухи санҷидашуда, густурда, дандоншикан ва ҳаракати қавӣ таъбир мекунанд, дар ҳоле, ки баъзеи дигар онро “фазосозӣ” ва “тасвирсозӣ” медонанд ва бар ин бовар ҳастанд, ки Амрико дар ҷустуҷӯйи баҳона барои ҳузури фаъол дар минтақаҳои муҳимми стротегии ҷаҳон аст.

Бидуни шак сулҳи ҷаҳонӣ ва муносиботи одилонаи байналмилалӣ зарурати эҷоди усул аст, ки ҳама давлатҳо ба сурати қаноатбахш ва муштарак бояд боварманд ва муътақид ба он бошанд ва дар ғайри он таҳмили ақидаи “ҳимояи муштаракона” бо тавассул ба зӯр дар нуқтаи муқобили озодӣ ва руҳи демократӣ ва усули куллии ҳуқуқи байналмилалӣ қарор дорад.

 

Шукуров Қ. Б. Хадамоти ректор


14.09.2020     1769
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php