Оқибати дурӯғбофӣ шармандагист

Оқибати дурӯғбофӣ шармандагист

Мухолифоини давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол умед ба он доранд, ки бо туҳмату буҳтонҳои бофтаю хаёлиашон як навъ карда вазъи ҷомеаро ноором месозанду аз ин истифода бурда ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд. Бисёре аз онҳое, ки ба нотинҷии вазъи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол манфиатдоранд, имрӯз дар хориҷи кишвар зиндагӣ ба сар мебаранд ва аз маблағҳои хоҷагони хориҷиашон истифода бурда, сомонаҳои гуногуни иттилоотӣ кушода ба сиёҳкунии давлату Ҳукумати Тоҷикистон мепардозанд. Бехабар аз онки оқибати ҳама гунна дурӯғу буҳтон ин шармандагӣ асту халос.

Онҳо вақтҳои охир бо мақсади бадномсозии кишвари аҷдодии худ аз ҳар роҳу восита истифода мебаранд. Аз ҷумла, дар атрофи чизи набуда овозаю ҳангома паҳн месозанду аз дур истода натиҷаи онро тамошо мекунанд. Чанд вақт боз онҳо аз марги табиии адвокати тоҷик Файзинисо Воҳидова истифода бурда, онро ба таври худ шарҳу тафсир медиҳанд. Ба наздикӣ яке аз мубаллиғони ҲТЭ –и наҳзат Муҳаммад Иқболи Садриддин дар сомонаҳои мухолифи давлат боз сари ин мавзуъ қарор гирифта, атрофи он суханпардозиҳои зиёде намудааст, ки аз онҳо танҳо бӯи ғаразу туҳмати ноҷавонмардона расида, мақсади муаллиф танҳо ба сиёҳ кардани роҳи пешгирифтаи роҳбарияти ҷумҳурӣ ва бадном кардани мақомотҳои қудратии он равона гардидааст. Ба қавли Муҳаммадиқбол гуё Файзинисо Воҳидоваро мақомоти амниятӣ бо заҳр ба ҳалокат расонида аз пешорӯи сиёсии худ дур андохта бошанд. Ин дар ҳолест, ки наздикони Файзинисо Воҳидова, аз ҷумла шавҳари ӯ сабабҳои марги табиии марҳумро шарҳ дода, аз ин қабил «таблиғгарони адлу инсоф» хоҳиш намуда буданд, ки аз марги Файзинисо Воҳидоваи марҳум истифода накунанду онҳоро дар чунин лаҳзаҳои вазнин ба ҳоли худ гузоранд. Вале чӣ илоҷ ки дар ин шабу рӯз мубаллиғони лаққии ҲТЭ-и наҳзат дигар мавзӯи гуфтугӯ ва сиёҳкунӣ надоранду аз ин лаҳзаи мусибат ба фоидаи худ истифода бурданӣ мешаванд. Онҳо ҳатто аз арвоҳи чанд сол боз тарки ин дунёнамудаи устодашон Сайид Абдуллои Нурӣ истифода намуда, иддао карданӣ мешаванд, ки ҳукуматдорон гуё ӯро ҳам дар вақташ заҳр дода кушта бошанд. Холо он ки мардуми кишвар ба хубӣ огаҳӣ доранд, ки Сайид Абдуллои Нурии бемор маҳз бо дахолат ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат барои табобат ба Олмон фиристода шуда буд. Инаш ба онҳо гӯё қимате надорад ва муҳим он, ки аз номи устодашон истифода бурда бо ҳар роҳ набошад, ақидаҳои дурӯғини хешро ба дигарон бор намоянд ва бо ин вазъи сиёсии ҷомеаро аз нав ноором сохта, ба амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон пардозанд.

Хушбахтона, мардуми тоҷик имрӯз ба ҳама воқеоти атрофи хеш бо чашми равшан менигаранд ва ба кӯшишу талошҳои Пешвои хирадманди худ, ки    Тоҷикистони ҳамагӣ бист сол пеш вайронаю валангорро дар муҳлати хеле кӯтоҳ ба як сарзамини тенҷу осоишта ва рӯ ба тараққӣ табдил дод, аз сидқи дил аҳсанту офарин мехонанд. Бигузор ин ба табъи хираи душманони давлату миллати мо хуш наояд, вале мо ҳар лаҳзаву соат шукрона мекунем, ки бо сарварии Пешвои муаззами худ ба чунин рӯзи саодату хушбахтӣ ва давраи рушду гул-гулшукуфӣ расидем!


М.С. Махсудова, мудири кафедраи биохимия, номзади илмҳои химия, дотсент

М.Қ. Гулов, дотсенти кафедраи биохимия



15.01.2019     57