ҲНИТ сарчашмаи пайдоиши ифротгароӣ ва тахрибкорӣ дар Тоҷикистон

«Террорист дин, мазҳаб ва миллат надорад».
(Эмомалӣ Раҳмон)
Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ ҳам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуқтаи назари динӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда, дар давлатҳои мусалмонии Шарқ оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд.
Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони кишвари мо ба ин тамоюлҳо баҳои дурусти хешро медиҳанд, зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари хоси худро доранд ва чунин мешуморанд, ки фақат давлати дунявию демократӣ метавонад динро тараққӣ дода, роҳҳои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари ҳамаи ин ақалиятҳо низ вуҷуд доранд, ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазҳаб медонанд, ки ин ақида маҳз хатогӣ ба шумор меравад. Ин маънои онро дорад, ки то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемаҳо ҷой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад, фаъолияти Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон, ҳаракати мардумии “Растохез“, ки баъди интишори қонун «Дар бораи иттиходияҳои ҷамъиятӣ дар ҶШС Тоҷикистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст, ташкил ёфтан гирифтанд. ҲНИТ 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона, дар тасавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Мехоҳанд, ки ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта дузду ҷинояткор буданд, ё нашъамандӣ кардаанд.
Гурӯҳҳои бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ҲНИТ. Натиҷаи он дар давлатҳои ҷангзадаи Сурияи Араб, Ироқ мушоҳида мешавад, ки шаҳрвандон бевосита иштирок намуда, халок шудаанд. Дар шароити хуби имрӯзаи рӯзафзун авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ, ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти бағоят муҳимро касб менамояд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд бидонад, ки дар солҳои мудҳиши 1992-1995 миллати тоҷик дар марзҳои Афғонистон масъулияти мубориза зидди хунсардӣ ва бедодгариҳои диниро ба дӯши худ гирифта, ба ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ, нагузошт ки дар Тоҷикистон нёрӯҳои ифротгароии динӣ ва дигар давлатҳои осиёгии аъзои ИДМ мавқеи роҳбарии худро дошта бошанд.
Ҷумҳурии мо яке аз кишварҳои камшуморест, ки муқобили ин қабил озмоишҳои рақобатпазирӣ истодагарӣ ва пирӯз шуданро мақоми худ кардааст. Фаъолиятҳои зиёдаравии динӣ ғарбгарошуда корвони худро аз мамлакатҳои Шарқ ба ҷойҳои наздиктари мамлакатҳои Ғарб интиқол додаанд, ки ҳоло бо номи созмони ифротгароию террорисии ДИИШ дар либоси сиёҳи дӯстдорони дини ислом корҳои душманони онро бароварда хайр карда истодааст. Вале ин падидаи бад на танҳо пайванди худро бо манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди тори тортанак нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст. Яке аз ин гуна озмоишҳои онҳо моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон буд, ки онро ба ҳадафи нопоки худ кашиданӣ буданд. Овози баланди мардуми мо “ Ман Ватанамро беш аз харвақта дорам дӯсттар”- пирӯзии комили мардуми тоҷикро таъмин намуд. Ин гурӯҳи нотавонбини аз оламу одам норозӣ ҳама вақт буданд, мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карда намешавад. Ҳамаи намудҳои фаъолияти террористию экстримистии ҲНИТ-ро ба назар гирифта, 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд. Вазъияти ногувори амниятӣ дар ҷаҳон, фаъолиятҳои гурӯҳи ифротгароию терористӣ тақозо менамояд, ки ҳар яки мо, шаҳрвандон Тоҷикистон сади роҳи амалӣ шудани ниятҳои онҳо шавем ва ҳамеша дар атрофи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, аз як гиребон сар бароварда, дар корҳои ободонию созандагӣ ва рушди устувори ватани азизамон - Тоҷикистон саҳми худро гузорем.
Расулов С.М. Директори китобхонаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино доктори илмҳои филологӣ.

29.01.2021     245
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php