Мо зидди терроризм!

Бо назардошти вазъи зудтағйирёбандаи сайёра ва авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири манфии омилҳои ҷаҳонишавӣ пеш аз ҳама зарурати ҳимояи манфиатҳои миллӣ, бехатарии давлатӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ ва дахлнопазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омадааст. Дар робита ба ин масъала, ҳанӯз соли 2004 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш таъкид намуда буданд, ки дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, глобализатсияи проблемаҳо ва хатарҳои муосир шиддат ёфтаанд, амнияти бисёр кишварҳо таҳти таҳдидҳои гуногун қарор гирифтааст.
Воқеан ҳар давлатро таҳдидҳое фаро гирифта метавонанд, ки хусусиятҳои дохилӣ ва берунӣ доранд. Ба гурӯҳи таҳдидҳои дохилӣ экстремизм, терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти ба ин монанд шомиланд, ки метавонанд амнияти давлат ва ҷомеаи моро халалдор созанд. Дар робита ба ин масъала дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 Президенти кишвар бори дигар таъкид намуданд, ки солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Решаҳои онҳо хеле чуқур мебошанд. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар воқеъ инсониятро имрӯз дар баробари фалокатҳои гуногуни табиӣ терроризм ва экстремизм таҳдид дорад, ки бо оқибатҳои ҳузнангези худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҳисоб ёфта, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварҳоро зери хатар мегузорад.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили сарчашмаҳои боэътимод аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм, хусусан дар тобиши динӣ ва сиёсии худ, имрӯз хусусияти трансмиллиро касб намудааст. Дар воқеъ ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар сарчашмаҳои иттилоотӣ аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти таҳлукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористӣ, кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Ташкилотҳои террористиву экстремистӣ аз арзишҳои умумиинсонии ислом ноогоҳ будани мардумро ҳамчун заминаи мусоид истифода карда, ҳар гуна таблиғоти ифротӣ ва экстремизму радикализми диниро ба роҳ монда, кӯшиш мекунанд, ки ҷомеа ғояҳои ба дину фарҳанги миллӣ бегонаи онҳоро ҳамчун ҳақиқати том қабул намояд. Бо назардошти ҳолати ҷойдошта дар шароити кунунӣ масъалаи риояи қонунгузорӣ оид ба пешгирӣ, ошкорсозӣ ва мубориза ба омилҳои террористию экстремистӣ, таъмини қонуният дар соҳаи ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллӣ, гирифтани пеши роҳи омилҳои гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву созмонҳои тундрав яке аз самтҳои афзалиятноки ҳуқуқии давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ эътироф карда шудааст. Имрӯз зарурати таърихӣ пеш омадааст, ки дар мубориза алайҳи ин зуҳуротҳои хатарнок, ки ба соҳибихтиёриву истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва амнияти ҷомеаи башар дар умум таҳдид мекунанд, дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, тамоми қувваҳои солими ҷомеа, ҳар як шахси бонангу номус, ватандӯсту соҳибмаърифат мубориза баранд. Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм бояд ба вазифаи муқаддас ва иҷрои қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.
С.А. Таибов, cардори шуъбаи иттилоот ва нашрия
З.Г. мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрия Турсунова

06.02.2020     626
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php