Мақсади мазҳаби шиа ба даст овардани ҳокимият аст

Тайи 27 соли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба комёбиҳои бузурги таърихию фарҳангӣ ноил шудем. Ин ҳама дастовардҳо аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омаданд.
Бояд қайд намуд, ки ин ҳама дастовардҳо ба чашми бадхоҳонаи миллат собиқ ҲНИТ шиъагароён ва ташкилотҳои тундгаро намеғунҷид. Онҳо боз бо ҳар роҳу восита мехостанд, ки мардуми тоҷикро ба равияю мазҳабҳои гуногун бикашанд. Равияи шиъа аз давраи баъди вафоти Муҳаммад (с) ба вуҷуд омад. Тарафдорони шиъа бар он ақида буданд, ки Али (р) яке аз хешони наздик ва домоди паёмбар Муҳаммад (с) мебошад. Вай метавонад баъди паёмбар Муҳаммад (с) дар хилофат нишинад, аммо баъди гузаронидани имҷо (маҷлиси аъзои ҷомеъа) ба сари хилофат Абубакри Сиддиқ (р), Умар ва Усмон (р) омад. Ҳазрати Алӣ бошад (р), баъди халифаи сеюм бар хилофат мешинад.
Аҳли шиъа низ Қуръон ва суннатро ҳамчун сарчашмаҳои асосӣ эътироф мекарданд. Ба фикри онҳо дар нусхаи аслии Қуръон масъалаи имамоатии Ҳазрати Алӣ (р) зикр шуда буд, вале зимни таҳрири минбаъдаи он, ки тавассути Зайд ибни Собит анҷом ёфта буд, бо дастури душманони Алӣ (р) номи ӯ аз он ҳафз шудааст. Аз ин рӯ онҳо ба матни Қуръон аз назари танқидӣ нигариста, калимаю ибораҳои алоҳидаи онро ба таври худ мехонанд ва ба таъвили Қуръон роҳ медоданд.
Дар мазҳаби ҳанафӣ ҳељ амали берун аз шариат вуҷуд надорад. Агар мо ҳақиқат мехоҳем ё ҷаннат, аз тариқи ин мазҳаб ба мурод мерасем. Аммо шиаи исноашария ё дувоздаҳимома дар асри дуюми ҳиҷрӣ дар ҷараёни ихтилофҳои сиёсӣ арзи вуҷуд кард. Шиаи дувоздаҳимома аз ибтидо дар талоши ба даст овардани ҳокимият аст. Аҳли ин мазҳаб ҳамасола дар рӯзи мотами Имом Ҳусейн, набераи Ҳазрати Муҳаммад, пайғамбари Ислом, ки мо ҳама дӯсташ медорем, Ошуро ва азодорӣ барпо мекунанд. Онҳо мегӯянд, ки Имом Ҳусейн алайҳи ҳукумати золим қиём карда ва мо ҳам бояд қиём кунем. Ин мазҳаб сиёсӣ аст ва мақсадаш ба даст овардани ҳокимият аст. Дар ҳоле, ки мақсади мазҳаби Абу Ҳанифа сохтани инсони комил, комёб кардани инсон дар ин дунё ва охират аст.
Бояд ёдовар шуд, ки соли 2009-ум бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 1310 солагии Имоми Аъзам (р) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони мамлакатҳои исломӣ ҷашн гирифта шуд. Пешвои миллат дар ин Симпозиюм баромад намуда, андешаҳояшонро оиди мазҳаби Имоми Аъзам муфассал баён намуданд. Дар ин радиф олимону мутафаккирони мамолики исломӣ ва дигарон баромад намуда, мазҳаби Абуҳанифаро ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир, пок ва инсондӯсти ваҳдатсаро баён намуданд.
Ин мо тоҷиконро водор месозад, ки дар атрофи мазҳаби худамон Абуҳанифа муттаҳид шуда, насли имрӯзу ояндаро дар ин равия ба камол расонем.
Нагузорем, ки авомфиребони замон ба монанди ҲНИТ ва роҳбарони шартии он ба мисли М.Кабирӣ насли ояндаи тоҷиконро ба доми фиреби худ кашанд.
Хушбахтона, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси мусулмонон-Қуръон бо забони крилӣ нашр шуд, ки ин бори дигар аз ғамхориҳои Сарвари давлат нисбат ба халқи азизамон мебошад.
Шуъбаи иттилоот ва нашрия

03.02.2020     970
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php