КОРОНАВИРУС ВА МАСЪАЛАҲОИ ГЕОПОЛИТИКИВУ ИҚТИСОДИИ ҶАҲОН

Вируси нав бо номи COVID-19 зимни таҳқиқоти олимони варзидаи ҷаҳон тавассути ҳаво аз як нафар ба нафари дигар интиқол меёбад. Дар ин масъала аз ҷониби табибон барои пешгирии вируси мазкур тавсияҳои зиёд пешниҳод шудаанд.
Вируси COVID-19 аз рӯзи хурӯҷёбии худ, яъне аз моҳи декабри соли сипаришуда натанҳо аҳолии қишри заминро коҳиш додааст, балки ба соҳаи тибби кишварҳо ва инчунин тибби ҷаҳонӣ хисороти зиёд расонидааст. Дар заминаи мазкур то ҳол дар рӯи замин зиёда аз 5 000 000 одам вафот кардааст.
Лозими зикр аст, ки ба ғайр аз соҳаи тиб COVID-19 ба вазъи геополитикӣ ва иқтисодиёти ҷаҳонӣ низ таъсири беандозаи худро расонидааст.
Роҷеъ ба масъалаи коронавирус ва таъсири он ба вазъи геополитикии ҷаҳон коршиносон, муҳаққиқон ва сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ фикру андешаҳои ҷолиби худро иброз намудаанд. Ба ақидаи бархе аз коршиносон коронавирусро набояд бо вазъи геополитикӣ омехта кард ва онҳоро бояд дар як самти муайян таҳлил намуд. Дар мубориза бо чунин вируси нав бояд давлатҳои рӯи олам дастаҷамъона мубориза барад. Маҳз бо назардошти чунин фикру ақидаҳои некбинона, кумакҳои башардӯстонаи молиявӣ байни давлатҳои дунё то ҳанӯз ба назар мерасад. Ҳатто давлатҳои абарқудрат аз қабили ИМА, Чин, Австралия, кишварҳои Аврупо ва ғ., дар зери хатари вируси COVID-19 барои ниёзи худ ба масолеҳи молиявӣ (аз ҷумла тиббӣ) кумак талаб намуданд. Бо ин иқдом дар ин давра қариб 10 млн. нафар аз ин вабо сироят ёфтанд ва аз 1/4 –и онҳо наҷот ёфтанд. Абарқудратони ҷаҳон вируси COVID-19-ро «Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ» меноманд, зеро дар ин ҳангом миллионҳо одам ҷонашонро нисор карданд. Тибқи омори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар 5 сол агар 11 444 100 мурда бошад, дар тӯли қариб 6 моҳ аллакай 4 млн. вафот карданд, ки ин адад аз ҷангҳои ба вуқӯъомада бештар аст.
Масоили геополитикӣ то даме ҳалли худро меёбад, агар ҳар чи зудтар дорӯи махсус барои он (ваксина) пайдо шавад. То ҳол аз ҷониби гурӯҳҳои махсуси вирусологҳо таҳқиқоти зиёд шуда истодааст ва ҳамаи онҳо аҳли башарро умедвор карда истодаанд, ки дар муддати кутоҳтарин тайёр мешавад.
Вируси COVID-19 бештар ба иқтисодиёти ҷаҳон таъсири манфии худро расонид. Тибқи иттилои СММ COVID-19 иқтисодиёти ҷаҳон чанд фисад коҳиш ёфтааст. «Агар вируси COVID-19 дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ ба итмом расад, иқтисодиёт метавонад то соли 2021 мавқеи доимиашро гирад» - иброз медорад намояндагони СММ.
Иқтисодиёти ҷаҳон бештар бо ҷиҳатҳои мухталифи худ, ба мисли туризм, хизматрасониҳои меҳмонхонаву тарабхонаҳо, тиҷорату савдо, нақлиёт ва ғ. заиф шудааст. Иқтисодчиёни варзидаи ҷаҳон, хусусан аврупоӣ огоҳӣ медиҳанд, ки коҳишёбии бошиддат бештар ба содирот таъсиргузор аст, зеро ҷиҳати пешгирии COVID-19 ҳамаи давлатҳо сарҳадҳои худро пурра маҳкам намуданд.
Пас гуфтан лозим аст, бо таъсир расондани вируси COVID-19 ба рушди иқтисодии ҷаҳон дигар соҳаҳои илму фарҳанг низ беканор нестанд. Дар тӯли густариш ёфтани вируси мазкур даҳҳо конфронсҳо, форумҳо, мизҳои гирд, ҳамоишҳои илмиву фарҳангии байналмилалӣ тамдид гардиданд.
Вируси COVID-19 ба рушди самтҳои мухталифи давлатҳои Осиёи Марказӣ низ таъсири беандозаи худро расонид. Давлатҳои Осиёи Марказӣ дастаҷамъона барои нобуд сохтани вируси мазкур мубориза бурда истодаанд ва ба ҳамдигар кумаки моливӣ мерасонанд.
Пас бояд гуфт, ки барои бартараф намудани ҳамагуна хисороти молияву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҳар як шахс дар алоҳидагӣ бояд мубориза барад, яъне тозагиро риоя намуда, тибқи ҳамаи тавсияҳои духтур амал намояд.
Зуҳра Турсунова Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

23.07.2020     20