Хусусиятҳои асосии экстремизми сиёсӣ

Президенти кишвар дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди бемайлони таҳдидҳои терроризм ва экстремизм изҳори нигаронӣ намуда, иброз дошт, ки «терроризм ва экстримизм беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».

Хавфу хатарҳое, ки имрӯз аз терроризм ва экстремизми байналхалқӣ бармеоянд, на танҳо ба амнияти давлатҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ таҳдид менамоянд, балки боиси аз байн бурдани давлатҳои бузург ва абарқудрати дунё шуда метавонанд.

Имрӯз пӯшида нест, ки зери ниқоби мубориза бо терроризм ва экстремизми байналхалқӣ давлатҳои алоҳида манфиатҳои геополитикии хешро ҳифз менамоянд ва ё зери парда аз ин гуна таҳаввулоти номатлуб пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳамчун ҷунбишҳои мардумӣ ва озодихоҳ муаррифӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, вобаста ба ташаннуҷ ёфтан ва ё муътадил гардидани муносибатҳои байналхалқӣ байни давлатҳои абарқудрати дунё, сатҳи ҷиноятҳои характери террористӣ ва экстремистидошта дар манотиқи гуногуни дунё ангезиш меёбанд.

Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ барои рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷинояткорона ва ҳадафҳои сиёсии худ аз ақоиди дини мубини ислом истифода бурда, онро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ бадном месозанд. Аз ҷумла, қатлу ғорат ва несту нобуд сохтани мардуми бегуноҳ ва амволи онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, ҳамчун чораи зарурӣ ва «ҷиҳод» дар роҳи ҳақ арзёбӣ менамоянд.

Имрӯз пӯшида нест, ки зери ниқоби мубориза бо терроризм ва экстремизми байналхалқӣ давлатҳои алоҳида манфиатҳои геополитикии хешро ҳифз менамоянд ва ё зери парда аз ин гуна таҳавулоти номатлуб пуштибонӣ намуда, онҳоро ҳамчун ҷунбишҳои мардумӣ ва озодихоҳ муаррифӣ менамоянд.

Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин дам 17 ташкилоту иттиҳодияҳо ва ҳизбҳои сиёсиеро, ки ғайриқонунӣ фаъолият карда аз тарафи давлатҳои аҷнабӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, манъ карда, чун ташкилотҳои террористию экстремистӣ эътироф кардааст, ки инҳо мебошанд: “Ҳизб-ут-таҳрир”; “Ал-Қоида”; “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ”; “Ҳизби исломии Туркистон” (собиқ Ҳаракати исломии Ӯзбекистон); “Ҳаракати Толибон”; “Ташкилоти бародарони мусулмон”; “Лашкари тайиба”; “Ҷамоати исломии Покистон”; “Ҷамъияти таблиғот”; “Созмони таблиғот”; “Тоҷикистони озод”; равияи динии “Салафия”; “Ҷамоати Ансоруллоҳ”; “Гуруҳи 24”; “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ан-Нусра”, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон”.

Онҳо ба таври рӯирост муқобили ҳукуматҳо мубориза бурда наметавонанд ва худро ҳамчун нерӯи сиёсӣ, асосан ошкор намегардонанд. Ба таври махфӣ амал намудан ба манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии онҳо мувофиқ аст. Зеро чунин ҳолат боиси номаълум мондани фаъолияти онҳо дар назди омма мегардад ва ба чунин тарз фаъолият доштан сафи тарафдорон ва хайрхоҳони онҳоро афзун мегардонад. Аз ин хотир, дар бисёр мавридҳо ташкилотҳои террористӣ мекӯшанд, ки дар хориҷи кишвар макон гиранд;

Террористон аз тамоми воситаҳо, амалҳои зиёновар, аслиҳа ва воситаҳои коммуникатсионии навтарин истифода намуда, мекӯшанд, ки ба “рақибон”-и худ зарбаи ҳалокатовар зананд. Тамоми қурбониҳои амали террористиро ба гардани рақиб бор менамоянд;

Дар аксари мавридҳо умумияти мушаххасеро дарёфт намудан номумкин мегардад, ки гурӯҳҳои террористиро ба ҳам пайваст намояд ва онҳоро дар як ташкилот чӣ дар дохили як кишвар ва чӣ дар сатҳи минтақавию байналхалқӣ муттаҳид созад. Чунин муносибатҳо имконият намедиҳанд, ки масъалаҳо дар сатҳи васеътар, дар доираи умумияти бузурги иҷтимоию сиёсӣ ҳал карда шаванд. Бинобар ин, гурӯҳҳои террористӣ ба сари худ ҳал намудани масъалаҳоро беҳтар медонанд;

- экстремизми сиёсӣ ба доираҳои муайян, ба гурӯҳҳои бонуфузи аҳолӣ, умумиятҳои этникию миллӣ ва муносибатҳои дигари қавмӣ пайвастмегардад;

- гурӯҳҳои террористии кишварҳои дигарро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба манфиатҳои худ истифода бурдани давлатҳои дигар.

Чунин муносибат дар низоми муносибатҳои байналхалқӣ ҳукми анъана дорад. Дар давраи муосир амали мазкур бештар хосияти ошкоро гирифтааст. Давлатҳо ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ барои воқеӣ гаштани ҳадафҳои хеш дар доираи принсипҳо ва меъёрҳои муайян фаъолият менамоянд;

- дар низоми навини муносибатҳои байналхалқӣ ҳарчи бештар барҷаста гаштани экстремизми сиёсии давлатӣ, ки дар сатҳи амалҳои давлатҳои бузурги сайёравӣ ва ё минтақавӣ зоҳир мегарданд;

-экстремизми сиёсӣ дар давраи кунунии рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ тадриҷан хосияти ҷанги иттилоотиро мегирад. Дар муносибатҳои дохилидавлатӣ ва байналмилалӣ нерӯҳои зиёди сиёсие мавҷуданд, ки амалҳои террористиро барои афзун намудани эътибори хеш ва бадном намудани рақиб истифода менамоянд. Ҳатто ҳангоми зарурат метавонанд амалҳои сунъии террористиро ба миён оранд ва оқибат рақибро дар харобкориҳо ва даҳшатҳо гунаҳкор намоянд.

Терроризм аз рӯи хусусияташ гуногунҷабҳа буда дар давраи ҳозира дорои чунин шаклу намуд мебошад:

-таркиш, оташ задан, вайрону валангор кардани объектҳои махсусан муҳим, манзилгоҳҳо;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ бевосита аз ҳама даҳшатнок мебошад. Ҳангоми ба ин амал даст задан шумораи зиёди одамон ҳалоку захмӣ гардида, бе хонаю ҷой ва бесаробон мемонанд. Албатта, чунин амал дар байни мардум таҳлука андохта, дар натиҷа одамонро воҳима зер мекунад ва бевосита ҳукуматдоронро ба он водор месозад, ки ба хотири амнияти шаҳрвандон ва озод намудани гаравгонон ба таклифҳои террористон розӣ шаванд.

- куштор ва қасдан расонидани зарар ба саломатии шахсони алоҳида;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ пеш аз ҳама ба он равона карда мешавад, ки ягон нафар шахсони бонуфузи идораҳои дахлдори давлатӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, арбобони шоистаи давлатиро аз байн бурда, ҷинояткорон бо ҳамин восита ба ҳадафҳояшон расиданӣ мешаванд.

- рабудани одамон ва гаравгон гирифтан;

Ин намуди ба амал баровардани акти террористӣ аз ҳама шакли маъмул аст ва қариб, ки дар ҳамаи давлатҳои дунё истифода бурда мешавад.

Асосан рабудани одамон ва гаравгон гирифтан аз ҷониби ташкилотҳои террористӣ ва террористони алоҳида ба он равона карда мешавад, ки агар ҳукуматдорон ба ақидаҳои онҳо ё ин ки, ба пешниҳодҳои онҳо розӣ набошанд, онҳо метавонанд гаравгонро ба қатл расонанд. Даҳшатнокии ин намуди акти террористӣ аз он иборат аст, ки дар рафти амалиёти безараргардонии террористон эҳтимолияти талафёбии шумораи зиёди одамон мавҷуд мебошад.

- таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлатӣ ва сиёсӣ;

Ин намуди акти террористӣ ба он равона карда мешавад, ки ташкилотҳои террористӣ ё террористони алоҳида ба воситаи таҳдиди куштан ва несту нобуд кардан аз мансабдорон ва ё Ҳукумат талаб мекунанд, ки ин ё он шахсро аз мансабаш дур кунанд ва қабули ин ё он қонунро ба таъхир гузоранд. Дар сурати иҷро нагардидани ин амал ба ҳар роҳу восита таҳдиди куштану несту нобуд кардани ходимони сиёсӣ ва давлатиро идома медиҳанд. Ин шакли акти террористиро барои тағйир додани сохти давлатдорӣ низ истифодамебаранд.

- ташвиқоти терроризм;

Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.

- созмон додани ташкилотҳои террористӣ;

Ташкилотҳои террористӣ аз қабили «Ҳаракати ИсломииУзбекистон», «Ал-Қоида» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст, ба сафҳои худ шахсонеро, ки дар ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё аз ҳисоби ҷавононе, ки назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ё, ки аз дину оини аслии хеш дур гашта, ба дигар равияҳо дода шудаанд, шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд, ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд.

- кӯмак кардан ба ташкилотҳои террористӣ;

Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо аз ҷониби кадом созмонҳо ва давлатҳо ба ташкилотҳои террористӣ, кӯмак расонида мешавад. Назари таҳлилгарон, олимон ва сиёсатмадорон дар ин хусус ҳаминро нишон медиҳад, ки аз ин рафтори созмонҳо ва давлатҳои алоҳидаи террористон истифода бурда, барои ба ҳадафҳояшон расидан даст ба куштору таркиш мезананд.                               

Дар Тоҷикистон системаи пуриқтидори ҳуқуқӣ ҷиҳати муқовимат алайҳи терроризм амал мекунад. Сарчашмаи асосии ҳуқуқии мубориза алайҳи терроризм дар Тоҷикистон, ин пеш аз ҳама, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Моддаи 5, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро чун арзиши олӣ муайян намуда, муқаррар кардааст, ки онҳо аз ҷониби давлат эътироф, риоя ва ҳифз карда мешаванд.

С. А. Таибов      мудири шуъбаи иттилоот ва нашрияи донишгоҳ


15.08.2020     554
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php