Ҷиноятҳои ваҳшиёнаи ҳамшакл ва якмўҳтавои ҳар ду гурўҳ

Муқоисаи фаъолияти аъзои ДИИШ ва Ҳизби наҳзати исломӣ ҳодисаҳои хунини солҳои 90-уми даврони Иттиҳоди Шўравиро ба ёд меорад. Ин ҳодиса ба шакли ваҳшиёна якбора дар ду масҷид дар минтақаи Кўлоб ва Қурғонтеппа рух дод, ки мардумро дар ҳайрат гузошта буд.
Баъд аз интиҳои намози Ҷумъа, ғайри чашмдошт аъзои ин ҳизб аз зери ҷомаҳои худ корду оҳанпораҳоро берун оварда ба мардуми ҳозиршуда ҳуҷум оварданд.
Дар натиҷа даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон, онҳо узвияти худро ба ҳизби наҳзат иқрор намуданд. Ин амали низомию-сиёсии ҳизб ба шумор мерафт.
Ҳадафи анҷом додани чунин як амали терористӣ ба даст овардани нуфузи имомхатибӣ дар дохили ҳар ду масҷид буд. Бо вуҷуди он ки 99% аҳолии Тоҷикистон мусалмон буда, аз мазҳаби Имом Абўҳанифа пайравӣ мекунанд, аммо аъзои ҳизб мехостанд, ки бо ин роҳ фикру андешаҳои заҳролуди худро дар байни мардум паҳн намоянд.
Таърих гувоҳ аст, ки моҳи феврали соли 1990 роҳ-барону масъулини ташкилоти террористии ҲНИТ бо истифода аз вазъияти ба миён омада (паҳн гардидани овоза дар бораи он ки гўё ҳукумат дар Душанбе ба арманиҳои аз заминҷунби зарардида хонаҳои истиқоматӣ медода бошад) ошўбу тазоҳуроти хунин доир сохта, сабабгори ҳалок кардани одамон шуданд. Аммо ин баҳона танҳо рўзи аввали тазоҳурот буд. Дар рўзҳои минбаъда тазоҳургарон ба зудӣ аз арманиҳо фаромўш карданд ва аз тарафи онҳо танҳо шиорҳои зиддиҳукуматӣ садо медод.
Баъдан маълум гардид, ки издиҳоми тазоҳургарро муллоҳову рўҳониёни ифротӣ ва манфиатҷўю фурсат¬талаб, махсусан масъулони ТЭТ ҲНИТ ба майдон каши¬да, тавассути ин амалашон мехостанд ҳадафҳои душманонаю хоинонаи хешро татбиқ намоянд.
Инчунин равшан шуд, ки овоза дар бораи ба армани¬ҳо додани хонаро наҳзатиҳо ба таври мақсаднок паҳн карда, одамонро дар муқобили ҳукумат шўр андохта буданд. Дар асл мехостанд, ки аз ҳолати ҳамон замон (суст шудани пояҳои давлатдорӣ дар ИҶШС) сўиистифода карда, вазъияти ҷумҳуриро ноором созанду ба истеъфои роҳбарони кишвар дастёб гарданд ва тадриҷан ба қудрат бирасанд.
Ташкил кардани ошўбҳои хунини баҳманмоҳ аввалин амали калони террористию тахрибкоронаи ТЭТ ҲНИТ буд.
Роҳбарону масъулони наҳзатӣ бо истифода аз ҳолати ба миён омада ба амалҳои пасту разилона ва хоинонаю душманона даст зада, мехостанд дар ҷомеъа нуфуз пайдо кунанд ва ҳокимияти сиёсиро ба даст оранд.
Он замон наҳзатиҳо бешарафонаю ноинсофона фазои ороми Тоҷикистон ва ҳаёти осоиштаю хурсандонаи мардумро бо амалҳои ноҷавонмардона ва рехтани хуни инсонҳо халалдор карданд.
Онҳо ба хотири расидан ба мақсади нопокашон аз зишттарин амалҳо ва ҷинояти мудҳуши қатлу ғорати инсонҳои бегуноҳ худдорӣ накардаанд.
Ҳамагон ба хубӣ медонанд, ки дар интиҳои солҳои 80-уми асри ХХ дар тамоми қаламрави собиқ ИҶШС мавҷи истиқлолу озодхоҳӣ паҳн гардид ва то марзи
Тоҷикистон низ расид. Ба ҳодисаҳои баҳманмоҳи хунин монанд дар ҷумҳуриҳои дигар- Озорбайҷон, Арманистон ва Гурҷистону Қазоқистон ҳам рух доданд. Аммо ҳаво¬диси баҳманмоҳ аз воқеъоти он кишварҳо фарқ мекард. Яъне давоми баҳманмоҳи хунин ҷанги шаҳрван¬дии Тоҷикистон буд.
Саволе ба миён меояд, ки чаро чунин ҳаводис дар дигар кишварҳо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ нашуданд, вале маҳз дар меҳани мо боиси ҷанги бародаркуши 5-сола гардиданд?.
Посух басо оддӣ ва равшан аст, чунки дар он кишвар¬ҳо созмонҳои террористии мисли ТЭТ ҲНИТ амал намекарданд.
Маҳз ҳамин ТЭТ ҲНИТ буд, ки мардуми Тоҷикис-тонро ба майдону сангарнишинӣ даъват намуда, байни табақаҳои мухталифи ҷомеъа ҷудоӣ андохт ва мавҷи озодихоҳию истиқлолро ба ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гардонид.
Моҳи апрели соли 1992 ҳангоми сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аввалин амали ҳизб ин рабудани шахсиятҳои бонуфуз ва озод намудани маҳбусони пайрави ҳизб дар минтақаи Туркманистони ноҳияи Вахш буд.
Бархе аз шахсони рабудашуда бар асари азобу шикан-ҷаҳо ба ҳалокат расиданд. Ин кирдори онҳо амалкарди ДИИШ-ро дар Ховари Миёна ба ёд меорад. Баъди озод намудани ин минтақа аз дасти аъзои ҳизб, садҳо ҷасадҳои порагардида дар таҳхонаи зиндони махфии тобеи ҳизб пайдо гардидааст.
Шахсияти даҳҳо ҷасади порагардида номуайян боқӣ монд. Дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ҳазорон касонро сар буриданд ба даҳонашон асфалти ҷўшонро рехтанд, шиками кўдаконро чок карданд. Яке аз саҳнаҳои ваҳшатангези он маҳбас, ки аз амалкардаҳои ДИИШ ҳам бадтар ба чашм мерасид, ин буридани узвҳои мардонаи маҳбусон буд. Узвҳои мардона дар ҳар гўшаи маҳбас ба назар мерасид. Аз ин рў, вақте ки ҷиноятҳои ваҳшатноки ДИИШ дар Сурия, Ироқ, Либия дар телевизорҳо нишон дода мешаванд, мардуми тоҷик рўзҳои хунини гузаштаро ёдовар мешаванд.
Аҷибаш дар он аст, ки Шамсиддин Саидов, яке аз масъулони ин маҳбас ва ҳамчунин узви фаъоли Маҷлиси сиёсии ин ҳизб ба шумор меравад. Ӯҳоло дар кўчаҳои Аврупо озодона қадам зада, аз минбарҳои баланд, аз поймол шудани ҳуқуқи инсон сухан меронад.
Ӯбаъд аз чашидани талхии нокомии ҳизбаш, мехоҳад ҷомеаи ҷаҳониро ба зидди Ҳукумати Тоҷикистон баран-гезад. Зеро ҳизбаш баъди пош хўрдани Иттиҳоди
Шўравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ имконияти расидан ба сари қудратро пайдо накард.
Тафсилот ва номи бархе ширкаткунандагон аз аъзои Ҳизби наҳзат, ки дар қатори гурўҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна зери шиори “Ҷиҳод дар роҳи Худо” бар зидди ҳукуматҳои кофир дар Сурия, Ироқ ва Либия меҷанганд, ошкор гардид. Онҳоро дар бетартибиҳои “Баҳори араб” низ истифода бурданд.
Бисёрии тоҷиконе, ки дар Сурия ва Ироқ меҷангиданд, баъд аз шикаст хўрдани ДИИШ аз зарбаҳои ракетавии зериобии киштиҳо ва самолётҳои реактивии низомии Русия, бо азобу машаққат ба Афғонистон гурехта, ба филиали “Давлати исломӣ”- вилояти Хуросон ҳамроҳ гаштанд, ки соли 2015 ташкил шудааст ва ба ҷангиёни аз ҳар давлатҳо ҷамъ шуда, аз Чин, СНГ, Қафқоз-писарони Джума Намангонӣ, Тоҳир Юлдошев собиқ роҳбарони кушташудаи ҳаракатҳои террористии исломии Ўзбекистон ва Туркистон ҳамроҳ шуда, байъат ва фатво доданд.
Хатари эҳтимолии таҷовуси “Давлати исломӣ” аз ҳудуди Афғонистон қалбҳоро дар Осиёи Миёна ва Қазоқис-тон ба изтироб овардааст.
Турсунова З. Мутахассиси шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.


30.05.2020     23