ГУМРОҲШУДАН ВА ПУШАЙМОН ХӮРДАНИ ҶАВОНОН

Аксари ҷавононе , ки ба гуруҳу созмонҳои ифротӣба монанди ТЭТ ҲНИТ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣва маърифатӣибтидоии динӣнадоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ, мисли ТЭТ ҲНИТ ҷавононро ба доми худ кашида , ба доми марг мебаранд.
Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои дорои терористӣва экстромистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣтавассути шабакаи ҷаҳонии интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо мамнӯъ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон аз нигоҳи мафкурави , ҳуқуқӣ, фарҳангӣва дини тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣмайли хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.
Мутаассифона садҳо ҷавонон писарону духтарони мо ба ин хел ташвиқотҳои бардуруғ ба дасти иғвогарон афтода аз тарафи Туркия ба Сурия рафта ба давлати исломии “ДИИШ” афтода терорист- экстромист- худкушон шуданд.
Тибқи иттиллои сомонаи расмиии Вазорати Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нафаронӣфиребхурда инҳоянд
1. Ризвон Аҳмадов , шаҳрванд соли таваллудаш 1993, дар шаҳри Самараи Руссия муҳоҷири меҳнатӣбуд.
2.Сабурова Мавҷуда соли таваллудаш 1988 сокини шаҳри Қурғонтеппа дар шаҳри Москва ба меҳнати ҳалол машғул буд.
Ҳардуяшон ба ташвиқотӣҳаргуна ақидаҳои ботил, ваъдаҳои бардурӯғи ифротиён афтода, ба Сурия рафта муддатҳои зиёд дар таҳхонаҳои торик зиндагонӣнамуда , ба машқҳои ҳарбӣва омузиши ҳаргуна машғулиятҳои терористӣмашғул буданд.
Ин ду нафар ба дарки хатогии худ бо мушкилотҳои зиёде аз шаҳри Раккаи давлати Сурия фирор карда, бо кӯмаки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватан ба ватан оварда шуданд.
3.Ҷавони дигари гумроҳ шудаи тоҷик Фаррух Шарипов аст, ки ба азобу машаққ атӣ зиёд аз чанги ҷангиён раҳо шуда ба ватан баргашт.
Ӯзимни мулоқоти худ бо ҷомеаш кишвар бо пушаймонии зиёд иброз дошт, ки дар Сурия худро дар дӯзах эҳсос мекард ва ҳоло дар ватани хеш Тоҷикистон аст, худро дар биҳишти рӯи дунё эҳсос мекунад.
Имрӯз ашхоси соҳибқалам бар онанд, ки зарурияти баҳогузории воқеаҳои феврали фаро расидааст .
Бигзор насли имруза низ воқеаҳои гузашта дуруст бохабар шуда , дигар ба чун н хатогиҳо роҳ надиҳанд,яъне ба макрӣнаҳзатиҳо гирифтор нагарданд.
Насли имрӯзаю ояндаи миллат бояд хуб бидонанд , ки сабабгарони асосии бадбахт кардани миллат, ва ба вартаи нобуди тела додани давлат, яъне хунрезӣдар баҳманмоҳӣсоли 1990 ва афрӯхтани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 танҳо ва танҳо терористонӣнаҳзатӣбуданд., ки оқибаташ ба куштори 1500 касон , бе шавҳар мондани ҳазорҳо занҳо ,бе падар мондани ҳазорҳо кӯдакон оварда расонд, несту нобуд шудани заводу фабрикаҳо колхозу совхозҳо, расонидани зарарӣиқтисодӣ– молӣ5 млрд доллар , бехонумон гуреза шудани садҳо нафар гардид.
Имрӯз бошад роҳбарону масъулони фирории наҳзатӣ, аз ҷумла ТЭТ ХНИТ нашармида мақсади ба даст овардани мақсадҳои ғаразнокашон ва иҷрои супоришҳои хоҷагонашон фаъолияти иғвогаронаю душманонаашонро идома медиҳанд. Онҳо сафедро сиёҳ мегӯянду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони баруманди кишварамон, ки дар лаҳзаи душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя кардаанд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд терористонӣнаҳзатӣгумон доранд,ки мардуми тоҷик боз ба фиреби онҳо бовар мекунанд. Аммо дигар чунин нест. Тамоми мардум ва ҷомеаи байналхалқӣҳам медонанд, ки ТЭТ ҲНИТ ҳоло як гуруҳаки заифу ва дастнигари баъзе доираҳои хориҷии манфиатдор асту аз дасташ коре намеояд, сардор ва аъзоёни ТЭТ ҲНИТ хоинони ватан - Тоҷикистон ва ваанфурушщ мебошанд.
Дур нест он рӯзе, ки наҳзатиҳои террорист барои амалҳои ҷинояткоронаи содиркардаашон аз ҷумла барои баҳманмоҳи хунин дар назди қонунва мардум ҷавоб мегӯянд , ба мисли яке аз сабабгорон , саркардагони ҷанги шаҳрвандӣ, “Генерали мардумӣ”, “ Ҷ тоҷик” ба гуфтаи шоир Бозор Собир дар майдони Шаҳидон ҳамчун Ғозӣкиёмиддин –маҳзаби Имоми Аъзам Абӯҳанифаро ба Эрон фурӯхта –шиапарст шуда 25 солаба маҳбас кашида мешаванд.
Аз ҳамин сабаҳо , насли калонсол падару модарон, омӯзгорон ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, матбуот, радиову телевизион ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба кор баранд, сӯҳбатҳои нишонрас ташкил намоянд, гуфтор ва намоишҳои ибратомӯз пахш кунанд, то онҳо ба доми фиребу, ташвиқоти ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди ТЭТ ҲНИТ наафтанд.
Шарипов С.Ф., устоди кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣибни Сино, корманди шоистаи ҶТ.

30.05.2020     28