Филме, ки бозгуи хиёнат аст!

Филм комилан бо асноди дақиқи гирдоварда, ки ҷиноятҳои содирнамудаи Ғозиро ошкор кардааст, таҳия гардида, пешниҳод шуд.
1. Ибораи «Қатли Кеннедиву Ленин дигару дигарон» ҳамеша вирди забони ҷинояткорон аст, ки мегўянд: «Агар истинтоқ шавад, ҳама ҷурмҳоро ба гардан мегирад». О ин лаъин ҳақиқатан ҷинояткор аст ку! Наворҳои сабтшуда гувоҳӣ медиҳанд, ки чи гуна солҳои 90-уми асри гузашта дар майдони «Шаҳидон» «ҳунарнамоӣ» кардааст. Мардумро ба гумроҳӣ ҳидоят намудааст…
2. Нуриву Ғозӣ бо ҳам иртибот доштанд ва ё на, таърих гувоҳ аст. КАМ ошкор намудааст
«Лубиёву каду лаънат ба ҳар ду» (халқӣ)
Худи Қиёмиддин низ иқрор аст, ки мазҳаби «шиъа»-ро пазируфтааст, ки дигар ҷойе барои баҳс нест.
3. Ин лаъину ҳаммаслаконаш миллионҳо ракъат намоз хонанд ҳам худованд намебахшад, чунки бо ҳидояти онон хуни ҳазорон бегуноҳон рехта шудааст.
4. Бале, дар куҷое набошад, дастгираш карданд (Русия, Хуҷанд ва ё Душанбе)
«Давидани гўсола то ба каҳдон…»
5. Ба халқу миллати тоҷик хиёнат кардааст, бигузор ҷазояшро гирад. «гумошта» ва ё «ҷосус» буданашро КАМ бо собиқаи хеле волояш, комилан дақиқ намудааст.
Аз ибораҳои овардаи муаллиф чун «…дўст дорам», «…дастатон дард накунад» аён мегардад, ки худи муаллифи сатрҳои «Филми ҳунарии ғайримуваффақ» ҷосуси Эрон аст… Сад дар сад мутмаинем…
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

17.06.2020     24