Экстримизм аз назари ҷавонон

Санаи 04 ноябри соли 2019 дар кафедра бо донишҷӯёни курси 6 ФТ чорабинии фарҳангии таблиғоти дар мавзӯӣ “Экстримизм аз назари ҷавонон” гузаронида шуд.  Дар  аввали  ин чорабинӣ мудири кафедра н.и.т., дотсент Мамадҷонова Г.С. суханронӣ намуда қайд карданд,ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад.Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ ва ҳамчунин донишҳои динӣ дар чаҳорчӯбаи мазҳаби суннатии мо-ҳанафия мебошад.

Сипас донишҷӯи курси 6 гурӯҳи 35 Бохирова Нозанин бо призентатсия баромад кард.Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

 Чи тавре,ки Президенти мӯҳтарам қайд намуданд.ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ  ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд. Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

  

Дар охир байни донишҷӯён баҳзумулоҳиза шуд, муаллимон ва донишҷӯён   фикру мулоҳизаҳои худро  оиди ин мавзӯъ баён намуданд.  


  Мамадҷонова  Г.С., мудири кафедра, н.и.т., досент

Ҳотамова М.Н. Мутассадӣ оиди корҳои тарбиявӣ, ассистент   

                                                        


06.11.2019     12