Душмани орад ба мардум рўзи сахт

Амалиётҳои террористӣ ва шомил шудан ба гурўҳҳои эктремистӣ боиси қурбониҳои зиёди инсонии ҷаҳони муосир гаштаанд, ба оммаи васеи одамон фишори сахти рўҳӣ меоранд, арзишҳои моддиву маънавиро нобуд месозанд, дар байни давлатҳо тухми нифоқ мепошанд, байни гурўҳҳои иҷтимоиву миллӣ нобоварӣ ва адоватеро ба бор меоранд, ки баъзан дар муддати ҳаёти як насл онҳоро бартараф кардан аз имкон берун мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд:“Террорист Ватан, миллат ва дин надорад”. Коршиносон дар заминаи таҳлилҳои худ ба хулоса омадаанд, ки қисми зиёди нооромиҳо, ҷангу низоъҳо дар кишварҳои мусулмонӣ сурат гирифтаанд, маҳз ба тафриқаандозиҳо миёни мусулмонон, истифодаи онҳо ҳамчун воситаи амалинамоии террор ва мухолифати мазҳабӣ рабт доранд. Имрўз хатари терроризм ва ифротгароӣ ба масъалаи глобалӣ табдил ёфта, қариб ба ҳама давлатҳо таҳдид мекунад. Доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ Толибон ,Доиш,Гуруҳи -24, ТЭТ ҲНИ торафт васеъ шуда, фаъолияти онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккаб гардонида, боиси саргардонӣ ва кашоқии мардуми он гаштааст. Барои мубориза алайҳи ин падидаҳои бениҳоят хатарнок саъю кўшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим аст, ки дар сатҳи олии ҳамаи давлатҳо бояд ба танзим дароварда шавад. Барои амалӣ гардидани амалиёти самаранок оид ба мубориза бар зидди терроризм дар навбати аввал заминаи ҳуқуқии ин мубориза бояд гузошта шавад. Ин аст, ки давлатҳои мутамаддини ҷаҳон қонунҳои миллӣ дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро қабул мекунанд. Фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ)-ин фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ё дигар ташкилотҳо, воситаҳои ахбори умум ё шахсони воқеӣ оид ба банақшагирӣ, ташкил, тайёр ва амалӣ намудани кирдорҳое мебошад, ки барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани асосҳои сохти конститутсионӣ ва вайрон намудани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Ҳамчунин, фаъолияти экстремистӣ барои суст кардани амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасб ва аз худ намудани мансабҳои ҳокимиятӣ, ташкили воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалӣ гардонидани фаъолияти террористӣ, барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ равона карда мешавад.
Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) ду намуди террор маънидод карда мешавад:
Якум, терроризм ба мақсадҳои сиёсӣ, яъне дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбати ҳукумат, президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти мақомоти сохторҳои давлатӣ.
Дуюм, терроризми ҷиноятӣ, яъне гуруҳҳои ҷинояткори муташаккил ҷиҳати барои худ фароҳам овардани вазъияти муътадил, ки ҳеҷ кас садди роҳи онҳо намешавад ва шароит муҳайё месозанд барои содир кардани ҷиноят, масалан ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқамандбуда ва дигарҳо.
Дар соҳаи иқтисодиёт бо роҳи террористӣ онҳо рақибони худашонро метарсонанд ва мақомоте, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сару кор доранд, ба дигар корҳо ҷалб менамоянд. Азбаски ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқа доранд, ташкилотҳои террористӣ ва гурўҳҳои ҷинояткори муташаккил, ки дар соҳаҳои муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, хариду фурўши силоҳ,ҷиноятҳои трансмилӣ даст доранд, истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъовар таъмин мекунанд, байни якдигар ҳамкорӣ доранд. Фарқияти терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар ҳамин аст, ки гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор барои мутташанниҷ гардонидани вазъият ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амалӣ сохтани акти террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд.
Аммо, дар ҳар ду сурат мақсади онҳо, зарба задан ба сохти давлатдорӣ, паст намудани сатҳи бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад ва дар ҳар ду ҳолат аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад.
Ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба мубориза бар зидди терроризм санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии минтақавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба ташкил медиҳанд, ки онҳо барои таъмини сулҳ, амнияти инсоният, ривоҷу равнақ ёфтани муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, алалхусус ҷинояти терроризм ва эктремизм мувофиқи Оиномаи Созмони Миллали Муттаҳид мусоидат мекунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти муаззафи он мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва принсипҳои он дар масоили мубориза бар зидди терроризм бо мамлакатҳои хориҷӣ ва мақомотҳои дахлдори онҳо, ба ғайр аз ин ташкилотҳои байналмилалие, ки бо терроризм мубориза мебаранд ва ба ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагони он мусоидат менамоянд, ҳамкорӣ мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бо мақсади ҳамкорӣ дар мубориза алайҳи терроризм шартномаҳо ва созишномаҳои дутарафа оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ дар масоили шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, тиҷоратӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубориза ба муқобили терроризм, эктремизми динӣ ва сиёсӣ, ҷинояткории муташаккилонаи трансмиллӣ ва дигар таҳдидҳои устуворӣ ва амнияти ҷонибҳо бо Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Федератсияи Русия, Ҳиндустон, Туркия, Хитой ва ғайра бастааст.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи чораҳои таъсирбахш андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандустию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар газетаю маҷаллаҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрўзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.Мардуми шарифи мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода дар фазои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона фаъолияти корӣ, хизматӣ, илмӣ, эҷодӣ, омўзгорӣ ва дигар фаъолиятҳои мухталифи ҷомеаро ба роҳ монда ҳамеша шукргузор бошад.
С.А.Таибов- сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
З. Турсунова- мутахассиси шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

14.07.2020     145