ДАРКИ ҶАВОНОН БА МАФҲУМИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН

Мо ҷавонон дар замони хеле мураккабу печида ба терроризму, экстремизм, дар айёми пурҳаводису пурихтилоф, дар овони муборизаҳои шадиди давлатҳои абаркудрати чаҳон ва дар марҳилаи тазодбори талошҳои идеологияи глобалӣ зиндагӣ ва фаъолият карда истодаем. Дар чунин вазъият ба моҳияти воқеият саривақт сарфаҳм рафтану бо роҳи рост қотеъона қадам гузоштан, ҳушёриву зиракии ҳамешагӣ мехоҳад ва мутаасифона, на ҳама ҷавонон чунин хусусиятро доро ҳастанд. Бинобар ин Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати муборизаи фарогир бар зидди терроризму экстремизм як зумра санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқиро қабул намуд. Аз ҷумла 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)»
Муттаасифона рӯз аз рӯз доираҳои ташкилоту созмонҳои экстремистӣ рӯ ба афзоиш аст. Сабаб дар чист? Бояд ҳар як шахси солимфикр худ қазоват кунад. Аслан экстремизм – (аз калимаи лотинӣ «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ (экстремизми иҷтимоӣ), миллат (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстрмизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсир мерасонад.
Ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳанӯз дар давраҳои қадим зуҳур карда буду, гоҳ-гоҳе аз худ дарак медод. Он на фақат дар доираи дин маҳдуд аст, балки дар тамоми раванди ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дида мешавад. Мафҳуми «Ифротгаро» аз ду реша иборат буда, якумӣ аз калимаи араби «Ифрот», яъне «фатарот», «бесарусомонӣ», «хараҷу мараҷ» ба миён овардан, дигаре аз вожаи форсӣ-тоҷикии «гаро» иборат аст, ки маънояш «гаравидан», «шомил гаштан» ва «майл кардан» аст.
Ифротгароён ва хусусан пайравони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломи», «Толибон», «Ал-Қоида» ва ғ. барои таблиғу ташвиқи андешаҳои ботили худ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода мебаранд. Ваҳшонияте, ки имрӯз дар баъзе кишварҳо рух медиҳад, дар таърих назир надорад. Амалҳои бераҳмонаи ифротиён, бахусус, созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва «Толибон» боиси марги ҳазорҳо афроди бегуноҳ гашта истодааст. Дидани манзараҳои қатлу кушторҳои бераҳмона, овораву сарсон ва гуреза гардидани мардуми бегуноҳ, аз ҷумла модарону кӯдакон дили инсонро реш-реш мекунад.
Вале дар замони мо ашхос, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал омада истодааст.
Мувофиқи маълумотҳои расмии ВКД ҶТ имрӯзҳо зиёда аз 1300 нафар ҷавони тоҷик дар сафи ДИИШ ҷангида истода, гӯё онҳо «Давлати исломӣ» барпо мекарда бошанд. Онҳо дарк намекунанд, ки дар ҳудуди кадом давлат ва барои чӣ ва бо кӣ ҷангида истодаанд. Онҳо бо ин амали нангину даҳшатбори худ ба шарафу номуси давлату миллати хеш хиёнат карда, барои падару модар ва наздиконашон ғаму андӯҳ овардаанд. Аксарияти ҷавонони ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил гардида аз зумраи ҷавононе ҳастанд, ки дар макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд ё дар муҳоҷирати меҳнатӣ дур аз Ватан қарор доштанд.
Ҷавонон аслан қишри аз ҳама осебпазири ҷомеа буда, ба онҳо дар баҳогузорӣ ва фикрронӣ баландсолорӣ (максимализм) хос мебошад, аз ҷониби дигар аз нигоҳи равонӣ пурра ба воя нарасидаанд ва аксаран вобастаи афкору андешаи бегона мебошанд, метавонанд ба осонӣ ба доми идеяҳои радикалӣ афтида, дар ин ботлоқи бетаг мубтало гарданд. Роҳбарони гуруҳҳои экстремистӣ бо назардошти ҳамин шароит талош меварзанд, ки ҷавононро ба иттиҳодия ва созмонҳои гуногуни худ бо ваъдаҳои ҳалли осони проблемаҳои онҳо, аз ҷумла мушкилоти моддии онҳо ҷалб намоянд. Гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, аксаран, ҳатто фикр ҳам намекунанд, ки бо иштироки худ дар чунин созмону иттиҳодияҳо на ин ки мушкилоти мавҷудаи худро ҳал менамоянд, балки мушкилоти зиёди наверо барои худ эҷод намуда, аслан ояндаи худро аз байн мебаранд.
Маҳз бо ин мақсад, соли 2017 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардида буд. Ин ташаббуси Роҳбари давлат барои пешгирии шиддати ифротгароӣ ва рафторҳои номатлуб дар байни ҷавонон мусоидат намуд ва ҳавасмандии онҳоро барои пайгирӣ кардани корҳои неку писандида афзун гардонид. Дар вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин амр хеле саривақтӣ ва бамаврид буда, имкон медиҳад, ки ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад, кору фаъолият ва неруи тавонои онҳо баҳри сулҳу субот, созандагӣ ва рушди ҷомеа равона карда шавад. Дар ин хошия дар кулли гӯшаву канори мамлакат ҳар гуна чорабиниҳо бахшида ба ин соли муҳим гузаронида шуд ва тамоми ҷавононро аз ҳар гӯшаву канори мамлакат бо ҳам чамъ овард.
Бояд қайд кард, ки чавонони имрӯзаи мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона созанд. Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаанд, ҷавононро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи муосир огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ намоянд.
Дар ҳама давру замон рушду инкишоф ва пешрафти кишварҳои олам аз омилҳои зиёде, аз ҷумла захираҳои инсонӣ, сатҳи саводнокии онҳо, пешрафти илмию техникии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бинобар ин, ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун қишри бонуфузи захираҳои меҳнатӣ объекти манфиатҳои миллию давлатӣ буда, омили асосии таъмини рушди давлат ва ҷомеа ба ҳисоб мераванд
Аммо афсус, ки бархе аз ҷавонони мо имрӯзҳо аз кӯтоҳандешӣ ва надоштани саводи кофии диниву дунявӣ бо ҳар гуна ҳизбу равияҳои номатлуб шомил гашта, ба номи ҷавонии худ, нуфузу эътибори волидайн ва пеш аз ҳама ба унвонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод меоранд, ки бояд пеши роҳи чунин ҷавонон гирфта шуда, онҳо ба роҳи росту созанда ва ояндадор ҳидоят карда шаванд.
Омӯхтани сабабҳои воқеии гароиши мардум, бахусус ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ хеле муҳим аст. Ин гароишҳо дар таркиби худ омилҳои ақидавӣ, сиёсӣ, иктисодӣ ва иҷтимоӣ доранд ва дар ин росто бояд коршиносони воқеӣ кор баранд. Хуб мешуд, сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳои номатлуби динӣ маълум карда мешуд. Таҳлилҳои пешаки нишон додааст, ки агар қисме аз ҷавононро фақру бекори ба ин роҳ кашонад, дар мавридҳои дигар чунин гароиш ба сабаби таъсирпазирии таблиғот ва дастнорасии таълимоти муътадили динӣ-идеологӣ вобаста мебошад. Вобаста ба ин чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи коршиносон дар маҳаллаву деҳаҳо, мактабҳо, донишкадаву, донишгоҳҳо бештар ба роҳ монда шавад ва амалҳои номутлуби гурӯҳҳои ифротгаро ба таври видеоӣ ба аҳолӣ намоиш дода шавад, то мардум ва наврасону ҷавонон аз рафтору амалҳои бадкирдоронаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ огоҳ шаванд. Дар ин маврид метавонем пеши роҳи чунин нобасомониҳоро гирифта, сабабгори он гардем, ки ҷавонон фирефтаи даъватҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ нагарданд.
Ба ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон маълум аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳудуди давлатҳои арабитабор ба чӣ гуна кирдорҳои сангин даст зада истодаанд. Аз ин лиҳоз ҳамаи волидайн ва устодонро зарӯр аст, ки тарбияро аз худи оила ва баъдан мактаби миёна то ба донишкадаву, донишгоҳҳо оғоз намуда, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, худшиносии миллӣ, дарки масъулияти давлатӣ тарбия намоянд. Ҷавонон нерӯи бузурги пешбарандаи ҷомеа ба шумор рафта, барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар ҷумҳурӣ барои омода гардидани ҷавонон баҳри ҳимояту пуштибонӣ аз ватани маҳбуб, рушду пешрафти кишвар ва бедорию зиракии онҳо имкон фароҳам хоҳад овард ва ҷавонон умеду боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро амалӣ хоҳанд намуд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».
Муҳаммади Бобо, Мирзоахмедов М.Х. Омӯзгорони кафедраи физикаи тиббӣ ва бологӣ бо асосҳои технологияи иттилоотии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино.

02.07.2020     1038
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php