Дар замони ҳозира "босмачиҳо" ба "толибон", "ДОЪИШ" ва ғайра шабоҳат доранд

Дар саҳифаҳои иҷтимоии интернетии Фейсбук аз ҷониби баъзе ашхосони аз таъриху тамаддун бехабар "босмачиҳо"- ро ҷонибдорӣ карда, худро "ман босмачӣ ҳастам" менависанд. Бо назардошти он, ки маънои "босмачӣ" – ин ҒОРАТГАР аст, ин ашхосони бехабар худро ҒОРАТГАР эълон мекунанд, ки боиси шармандагӣ аст. Чӣ тавре, ки таърих гувоҳ аст, худи ҳаракат ва саркардаҳои "босмачиҳо" манфиати сиёсӣ дошта, ҳукуматхоҳ буданд ва аз номусу виҷдону дин фарсахҳо дурр буданд. Молу амволи халқро ғорат мекарданд, бар зидди шахсони босаводу озодихоҳ мубориза бурда, онҳоро ба қатл мерасониданд. Аз ин лиҳоз, "босмачиҳо" на фақат ҒОРАТГАР, инчунин террорист ва экстримист буданд. Саркардагони "босмачиҳо" феодалҳои сарватманд буданд ва намехостанд, ки режими феодалӣ барҳам дода шуда, молу амволи онҳо ба халқи гуруснаю бараҳна тақсим карда шавад, истисмори занҳоро давом диҳанд (аз "гаремҳои" худ маҳрум шаванд). Ин феодалҳои хоинони миллат танҳо барои зиндагии шоҳонаи худ мубориза мебурданд ва намехостанд, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон сохтори демократию шӯравӣ ҷорӣ карда шавад. Онҳо намехостанд, ки аҳолӣ босавод шавад, ҳуқуқи марду занҳо баробар шавад, дар идоракунии Давлату Ҳукумат халқ иштирок кунад.  Онҳо асосан мардуми бесаводро зери ниқоби дин аз пайи худ мебурданд. Сакардагони "босмачиҳо" хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ буданд. Аксари гумроҳон баъдан фаҳмида, ба тарафи шӯравӣ гузашта авф гардиданд. Сабаби  азнав бардоштани масъалаи  "босмачиҳо" дар он аст, ки ниқоб аз руи наҳзатиҳо – ТЭТ  ҲНИ гирифта шуда, мақсадҳои ғаразонаи онҳо фош гардида, тамоми аҳолии курраи замин фаҳмид, ки наҳзатиҳо – ТЭТ  ҲНИ, ин дастаи экстримистӣ -террористӣ буда, саркардагони он хизматгорони зархариди хоҷаҳои хориҷӣ мебошанд, онҳо дар атрофии худ ба мисли худашон хоинони ватану миллатро ҷамъ кардаанд, вале ба мақсади хоинонаи худ нарасиданд. Саркардагони наҳзатиҳо мехоҳанд зери ниқоби "босмачиҳо" ашхоси бесаводу гумроҳро дар атрофии  худ гирд оварда, корҳои ифротии худро зери фармонҳои  хоҷаҳои хориҷӣ давом диҳанд. Аммо, онҳо ҳеҷ вақт ба мақсаҳои хоинонаи худ расида наметавонанд.

Бо шиорҳои дар роҳи дин, ҳимояи номус ва монанди инҳо...

Солҳои 90-ум асри гузашта ҳам ба ин монанд буд...

Ин ҷонибдории наҳзатиҳо аз "босмачиҳо"  сабаб ҳои зерин дорад:

1. Қаҳрамон нишон додани босмачиҳо ин қаҳрамон нишон додани наҳзатиҳои  ба онҳо монанди  ватанфурушу  хоинони миллат  .

2. Дар сафи наҳзатиҳо авлодони он босмачиҳо зиёданд.

3. Ба худ ҷалб кардани дигар авлодони босмачиҳо.

4. Босмачиҳоро баъзе давлатҳо дастгирӣ мекарданд (Англия, Туркия ва ғайра) ва аз ин давлатҳо ёрӣ хостан. Аз давлатҳои исломӣ интизори ёрӣ будан.

4. Сиёҳ кардани русҳо ва бо ин аз давлатҳои қутби дигар мукофот гирифтан...

5. Ба миллату ватан хизмат накарда, заҳмат накашида, бо роҳи осон хоҷаҳои хориҷии худ  маблағ ба даст овардан…

 

Абдураҳмонов  З.В.

Омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносии

ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино


26.01.2019     387
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php