БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД....

БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАРАСАД....

Пас аз истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон, ки давлати сохибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва ягона мебошад, 8 ҳизби сиёсӣ ба қайд гирифта шуда, амал мекарданд. Яке аз ин ҳизбҳо ин бо назардошти ҳадафҳои ғаразнок доштанаш фаъолияташ расман манъ карда шуд, ки ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) мебошад. Шояд аз рӯзҳои аввали фаъолияташ мардум ва ниҳодҳои давлатӣ аз ҳадафҳои ғаразноки он комилан бархурдор набуданд, ки ин ҳизбро ҳамчун ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифтанд. Ва аз рӯзҳои аввали фаъолияташ бинобар нияти нопоки саркардагони он сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ гардида, ҳазорҳо тифлони бегунаҳ сағиру оилаҳо бепарастор гардиданд.

Хушбахтона бо кӯшишу заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ақли солим ғолиб омад ва сулҳу субот барқарор гардида, ҳаёт ба маҷрои пешин баргашт, ки ин таҷрибаи сулҳофарии сарвари тоҷикони дунёро ҷаҳониён эътироф намуданд.

Мутаассифона, дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо - Тоҷикистон ба ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гурӯҳу ҳаракатхои ифротгарое низ ҳастанд, ки фаъолияташон тавассути ин ҳизб ба роҳ монда шуда, худ паси парда назорат мекунанд. Бархе аз ҷавонони бемаърифат ва кӯрдил бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин ҳизб гардида, дар бораи оила, манфиатҳои миллӣ, арзишхои инсонӣ, ва муҳимтар аз ҳама тинҷиву осоиштагӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёр фаромӯш месозанд.

Хушбахтона, вақтхои охир бинобар ба худ омадани бархе аз аъзоёни қаблии он ва ба шарофати расонаҳои алтернативие чун интернет, баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИТ ва роҳбари он ошкор мегардад. Барои ҲНИТ барин ҳизбу ҷунбишҳои бадкешу бадандеш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд, зеро тарҳи гурези онҳо кайҳо кашида шудааст. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Лекин мардуми фарҳангофар ва хирадпешаи тоҷик дигар ба фиребу дасисаҳои ин хоинони дину мазҳаб ва халқу миллат намешаванд ва тинҷиву осудагӣ ва сериву пуриро, ки бо изни Худованд ва кӯшишу ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадаанд, ба ваъдаи пучу бемаънии онҳо иваз намекунанд.


Шарифов Қ.О. Сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон.

20.09.2020     365
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php