Ба халқ ҳушёрӣ мебояд, ки террор сахт хатар дорад!

Яке аз падидаҳои номатлуби ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба худ ҷалб менамояд. Онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва шабакаҳои дигари интернетӣ мавзӯи пайвастани шаҳрвандони алоҳида ба гурӯҳҳои тундрав мушоҳида мешавад. Пушида нест, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули муборизаи сиёсӣ аст. Он бо истифода аз афкори тарсафкану даҳшатовар, бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зуроварӣ боиси бедор кардани тарсу ҳарос дар вуҷуди инсонҳо мегардад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона ноором кардани вазъи сиёсӣ, эҷоди бесарусомониҳо, коста намудани обруи давлат, ҳамзамон ноором сохтани вазъи сиёсӣ ва миёни қишрҳои ҷомеа шур барпо карданҳо мебошад.

Терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои башарият буда, бо истифода аз технологияҳои муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Ба ақидаи қисме аз олимону донишмандони соҳаи ҷомеашиносӣ пайдоиш ва зуҳури чунин амалҳои барои ҷомеаи ҷаҳонӣ хавфнок пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии ҳаёти аҳолӣ дар кишварҳо вобастагӣ дорад. Дар даҳсолаи охир садҳо ҳазор мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардидаву ҳаҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд.

Агар ба гузаштаи начандон дури таърих назар андозем, мебинем, ки террористи машҳур Карлос («Шағол») - писари миллионери венесуелагӣ аст ва ё   бобои яке аз наздикони Усома бини Лодан Айман-аз Завоҳирӣ аввалин роҳбари Лигаи давлатҳои араб буд.

Дар миёни раҳбарони созмонҳои ифротии чапи солҳои 70-80 асри XX дар Аврупо ҳам аксаран аз оилаҳои камбизоат набуданд. Пас робита дар чист?

1. Дарки вазъияти мамлакат, халқи худ, дини худ раҳбарони ояндаи ин созмонҳоро маҷбур месозад, то бо ҳокимияти мавҷуда, бо намояндагони қавми дигар, тамаддуну дини дигар ба хотири таъмини адолат ба мубориза бархезанд. Албатта, адолат дар фаҳмиши онҳо. Нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ, коррупсия ва ғайра адолатро барҳам мезанад, ки асоси динҳоро ташкил мекунад, махсусан дини ислом ва насрониро.

2. Иҷрокунандагони амали террористӣ аз миёни он табақаи иҷтимоие гирифта мешаванд, ки таъсири гуруснагию камбизотӣ ва беадолатиро эҳсос мекунанд.

Хатари зиёдшавии ин гуна одамон дар шароити тезутундшавии проблемаҳои глобалии зерин хеле зиёд аст: таркиши демографӣ, урбанизатсия (дар давоми ду даҳаи асри XXI теъдоди аҳолии шаҳрҳо ду баробар афзуда, ба 5 млрд мерасад(ҳоло 2,5 млрд. дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад), бекорӣ, СПИД, гуруснагӣ, нарасидани оби нушокӣ (то соли 2015 ними аҳолии дунё(3,5 млрд. нафар) дар мамлакатҳое зиндагӣ хоҳанд кард, ки бо об пурра таъмин нестанд), зиёдшавии норизоятии мардум, махсусан ҷавонон аз афзоиши беадолатиҳо, ки ба қабули андешаҳои ифротӣ мебарад.

Дар замони муосир сафи террористон аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд. Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон бо ин зуҳуроти марговар мубориза бурда, талоши он менамояд, то аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр бошем. Ба насли ҷавон тарзи ҳаёти солим ва бидуни ваҳшониятро ташвиқу тарғиб намоем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монда бошем, ки ба бекориву зоеъ гузаштани вакт фурсат намонад.

Пас, барои мубориза бурдан бо ин зуҳуроти номатлуби зараровар- терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. Ҷавонон, ки як қисми осебпазири ҷомеа мебошанд, набояд зудбовар, содда ва фирефтаи суханҳои дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҳар гуна ҷараёнҳои ифротгарою террористӣ шомил шаванд. Тарбия ва ташвиқу тарғиби насли наврас дар раванди фарҳанги миллӣ, волоияти арзишҳои миллӣ, ватандориву эҳтиром ба таъриху мероси ниёгон, расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории миллӣ, ҳифз ва қадр намудани муқаддасоти милливу давлатӣ, ҳифзи марзу буми Ватан, ифтихор аз ватандорӣ ва давлату миллати хеш аҳамияти беандоза дорад. 

Ҳаёти миллати тоҷик, ки сад зеру забар дорад,

Ба халқ ҳушёрӣ мебояд, ки террор сахт хатар дорад! 

Таибов С.А.-сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Муҳидинова М.- шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


14.04.2021     326
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php