Ҳазар аз ифротгароӣ!

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон қайд мекунанд, ки “терроризм ватан, забон, сарҳад, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле аст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кумак расонида, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Терроризм ва ифротгароӣ ба ҳодисаҳои аз ҳама хавфноктарин ва қариб пешгӯинашаванда мансуб аст, ки шаклу намудҳои нав ба нави он масоҳатҳои хеле калонро дарбар гирифта, шумораи амалҳои террористӣ сол то сол дар дунё рӯ ба афзоиш аст. Ин зуҳурот мушкили гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандинасра ва хусусиятҳои равиявию даҳшатнок мебошад, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Террор ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб, ё ин ки ҳукумат буда, баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад. Терроризм - даҳшат, тарсонидан, дар дили аҳолӣ ҷой намудани тарсу ваҳм бо намоиши ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади ин мафҳумро васеътар намудааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш мегардад. Алҳол терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ эҷод карда истодааст. Айни замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон вазъият муташанниҷ боқӣ мемонад. Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Имрӯз дар як қатор давлатҳои Ховари Миёна ва Африқои Марказӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон - дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар таблиғи ақидаҳои ифротӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақа манфиат доранд ва ин андешаҳоро миёни ҷавонон таблиғ ва интишор мекунанд. Мақсадҳои асосии ин гурӯҳҳои ифротӣ, пеш аз ҳама ноором кардани давлат ва гумроҳ кардани қишри ояндасозу ҷавони кишвар мебошад. Ифротгароӣ ҳоло ба шуури ҷамъиятӣ, иродаву психологияи ҷамъиятӣ, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ба муносибати байни гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, миллат, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабҳои динӣ таъсир мерасонад. Иғвоангезӣ ва ҷудоиандозӣ дар ин гурӯҳҳо аҳдофи асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин радиф ҷалб намудани ҷавонони дорои донишҳои нокофии илмӣ ва динӣ барои ин гурӯҳҳо осон аст. Қишри ояндасози кишвар бинобар зудбовар будан ба ҳар гуна ақидаҳо ва овозаҳои дурӯғ фирефтаи ақидаҳои ботил ва ифротии гурӯҳҳои тундрав мегарданд. Сабаби гаравиши теъдоди зиёди ҷавононро метавон дар чанд омил дид: 1. Дарки нодурусти ҳақиқати таълимоти динӣ. Дин ва эътиқоди динӣ имрӯз василаи ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳо гардида аст. Боварӣ ва эътиқодмандӣ ва маълумоти динии нокофияи ҷавонон боиси гаравидани онҳо ба равияҳои номатлуб мегардад. Ин раванд ба он оварда мерасонад, ки аҳдофи тундгарои гурӯҳҳо аз эътиқодамандии динии ҷавонон истифода бурда, ба онон аз таълимоти динӣ, ки ягон асоси шаръӣ надоранд, мисолҳо меоранд ва барои иҷро кардани амалҳои номатлуб ва иғвоангез истифода мебаранд. 2. Паст будани бинишҳои дунявӣ Ноогаҳӣ аз пешрафти ҷаҳони муосир, дур будан аз раванди ҷаҳонишавӣ ва гуфтугӯйи тамаддунҳои башарӣ омили дигари гумроҳ шудани ҷавонон ба ақоиди ғайриилмӣ ва дур аз ҳақиқати замон мегардад. Огаҳ будан аз пешрафти илму техника ва кашфиётҳои бузурги аср боиси он мегардад, ки дарку фаҳмиш ва ҷаҳонбинии илмӣ ва дунявии ҷавонон васеъ гардад. Ин огаҳии дунявӣ ва илмӣ барои ҷавонон сипар мегардад ва пайвастшавӣ ба гурӯҳҳои тундгаро аз ҷониби онҳо қатъ мегардад. 2. Меъёри истифодаи сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро надонистан. Имрӯз паст будани фарҳанги истифода аз сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ боиси пайваставии зиёди ҷавонони гумроҳ ба ҳаракатҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ дошта гардид. Интернет дар ҳоли ҳозир силоҳи асосии гурӯҳҳои ҷудоихоҳ барои ҷалби одамон дар ҷаҳон гардидааст. Бо номҳои мустаор тарғиб намудани зуроварӣ, ваҳшоният ва таҷовузкорӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ба ном исломӣ боиси таъсиррасонӣ ба тафаккур ва шуури одамон гардидааст. Бинобар ин риоя ва дуруст истифодабарии сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва фирефта нашудан ба ҳар гуна маълумотҳои дур аз ҳақиқат омили дигар пешгирии ҷавонон аз гумроҳшавӣ мебошад. Вобаста ба пешгирии ин раванди гаравидани ҷавонони гумроҳ, ки фирефтаи ин гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд дар Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки замина барои мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ мебошанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) қабул карда шудааст, ки дар он гуфта мешавад: “Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи ягона оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии мубориза бар зидди терроризм мутобиқи қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии дар ин соҳа ба зимма гирифтааш қабул менамояд”. Қабули ин ва дигар санадҳо барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо нақши назаррас дорад. Инчунин, барои боз аз байн бурдани ақидаҳои ифротӣ ва иғвоангезона саводноккунӣ ва азхудкунии касбу ҳунар барои ҷавонон зарур аст.  
Шамсиддин Носиров, устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ

20.01.2020     527
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php