Ҷавоб ба кӯри Юнус(Сайидюнус) (Дар бораи Ленин)

Амири беватан хору залил аст, 

Гадо гар дар Ватан мирад, кабир аст. 

Ин суханон дар сари қабри амири Олимхон дар қабристони ш.Кобул навишта шудаанд. Тақдире ки ҳама кӯрҳои ақидатиро интизор аст, бо саркардагии устоди кӯрҳо-Юнус (Сайидюнус), ки худро боз Истаравшани ном мебарад, гарчанде бо ин ном арзанда нест. Кӯри Юнус (Сайидюнус) ҳама шахсиятҳои таърихиро монда ба шахсияти доҳи пролетарҳои чаҳон В.И.Ленин часпидааст. Дар зершуури ин мазҳабгумкарда, чӣ мегузарад, Худо медонаду худаш. Аввал босмачӣ будани бобояшро ҳамчун ифтихори авлодӣ ба ҳама гӯшзад кард ва шармандаи олам шуд. Ба ҳарими амири шариатпаноҳ Олимхони манғитӣ ворид будани бобояшро дастоварди сатҳи ҷумҳурӣ донист. Агар мунсифона ба қиёс бигирем, дар байни мардуми авом ҳоло бипурсӣ, ки кӣ бартарӣ дорад, Ленин ё Олимхон, яқинан ҳадди аксари мардум ба тарафдории якумӣ баҳо хоҳанд дод. Зеро В.И.Ленин, асосгузори давлати шӯравӣ буд, бо сарҷамъ кардани коргару деҳқон дар зери чатр ва шиори бародариву баробарӣ, асосҳои давлатдории устуворро, ки рақиби ними кишварҳои ғарбӣ буд, сохт. Сталин, Россияро бо юғу сипор гирифт ва онро бо силоҳи ҳастаӣ таъмин намуда, боқӣ гузошт. Ин мардум давлатсоз буданд ва бо такя ба илми оянданигарӣ пеш мерафтанд. Ҳатто, кӯр ҳам эътироф кардааст, ки «Дар оғози қарни 20-ум, сатҳи савод дар мардон 8/35 ва дар занон 4/12 дарсад буд, ки то соли 1939 сатҳи савод дар Шӯравии собиқ аз марзи 70 дарсад убур кард ва бад-ин тартиб, Шӯравӣ дар ҷамъи кишварҳое қарор гирифт, ки болотарин нархи босаводиро доштанд». Ҳама чиз дар қиёс шинохта мешавад. Агар ба сиёсати амир Олимхон бингарӣ, ба ҷузъ аз мардумозориву нафспарастӣ дар вуҷуди ин ҳукумати аслгумкарда чизе набуд. Шӯришҳои мардуми бар зидди ҳукмронии золимонаи амирӣ, ҳар моҳ сар мезаданду бо амри ин хабис, садҳо тан бегуноҳ кушта мешуд. Кофист аз қаҳрамониҳои Восеъву разолати ҷавобии падари амир дар қиболи мардуми маъсуму бегуноҳ қисса кард. Як омили муштарак дар босмачизм ва наҳзатизм аст. Нақши курҳои ирсӣ дар идораи онҳо бартарият доштааст. Яке аз чунин кӯрҳо кӯри лоиҳакаш – Сайидюнус мебошад. Ҳомии босмачӣ, муҳофизи хати нооромии сиёсат. Ҳозир барои ин тоифа босмачӣ будан мӯд шудааст. Ду се сол пеш ҳама аҳли хавориҷ буданд, ҳоло тарафдори қурбошӣ Иброҳимбек. Язид Маздоясно, сокини ш.Қум


23.01.2019     63