Ҳар ки бад кардаст, ба рӯзи бад расад

Яке аз мушкилиҳое, ки солҳои охир тамоми ҷомеаи муосирро фаро гирифтааст, экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарзо мебошад. Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, мақсади истифодаи он ҷисман бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст, эътирозро ба вуҷуд оварда, ба ифротгароӣ сабзида расад.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда,  зери шиорҳои бофтаву хаёлии таълимоти гӯё «динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш шӯронида, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд, равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.

Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллату давлат арзишҳои умумимиллию умумидавлатие ҳастанд, ки одамон, шаҳрвандон ва миллатро ба ҳам меоранд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди он аз як гиребон сар мебароранд. Дар ин самт ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рӯзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиониву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо намояндагони мақомот ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Танҳо бо сабру таҳаммул, иродаи мустаҳкам, иттиҳоду сарҷамъӣ, саъю талоши аҳлона, заҳмати содиқонаву софдилона, масъулияти баланд ва ташаббусҳои созанда мо метавонем ба ҳадафҳои дар наздамон қарордошта муваффақ шавем.

Турсунова З.-мутахассиси шуъбаи иттилот ва робита бо ҷомеа


08.09.2020     16