Вазъи истифодаи захираҳои обӣ-энергетикӣ дар замони ҳозира ва дурнамои наздик

Яке аз манбаҳои асосии ба даст овардани энергия дар Тоҷикистон гидроэнергия ба ҳисобмеравад. Ҳамасола, ҳудуди 30-35 км3 об тавассути нерӯгоҳҳои барқии обии кишвар гузашта, дар маҷмӯъ 16-17 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад.

Истеҳсол ва истифодаи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ вобаста аст аз:  ноустувории мавсимии ҷараён, давомнокии давраҳои камборишӣ ва серборишот, талабот ба оби обёрӣ дар дарёҳои поёноб мутобиқ ба шартномаҳои бо минтақаҳо басташуда.

Яке аз ҳадафҳои асосӣ дар соҳаи энергетика таъминоти дастрасии боэътимод ва босифати тамоми аҳолии кишвар, соҳаҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ҳамчунин истифодаи самараноки нерӯи барқ бо мақсади коҳиш додани муфлисӣ дар кишвар ба шумор меравад. Аз давраи Иттиҳоди шӯравӣ дар Тоҷикистон системаи таъминотии нисбатан сершохаи марказонидашудаи нерӯи барқ боқӣ мондааст, ки 90 %-и минтақаҳои аҳоли нишинӣ ҳудуди ҷумҳуриро дар бар мегиранд. Соли 2011 бошад системаи ягонаи энергетикии кишвар таъсис ёфт, ки шохаи ҷанубии кишварро бо қисмати шимолии он мепайвандад. Ин ҳама имкониятҳои дастрасии воқеии тамоми аҳолии Тоҷикистонро ба нерӯи барқи истеҳсолшаванда афзун намуд.

Чи тавре, ки қайд намуда будем, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи манбаъҳои гидроэнергетикӣ мебошад. Гидроэнергия манбаи асосӣ, базавии сарчашмаҳои энергетикии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки захираҳои потенсиалии солонаи онҳо 527 млрд кВт/ соатро,  аз ҷумла,  потенсиали гидороэнегетикии аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок – 317 млрд кВт/соатро дар як сол ташкил медиҳад. Дар шароити имрӯза на зиёда аз 5% ин зихарҳо истифода мешавад. Ғановати нисбии захираҳои нерӯи барқи обӣ 3682ҳаз.кВт/соат дар масоҳати 1 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ҳар шабонарӯз системаи энегетикии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 42 миллион кВТ/соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад, истеҳсоли ҳисоби миёнаи солона бошад дар давоми се соли охир, тақрибан 16 млрд. 500 млн кВт.-ро ташкил медиҳад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар мавсими тирамоҳ-зимистони соли 2014 навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭТС-2) бо иқтидори 100 МВт ва дар соли 2015 навбати дуюми маркази номбурда бо иқтидори 300 МВт ба истифода дода шуд, ки ин дар расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат саҳми беназири худро гузошт. Бо истифода намудани гармии истеҳсолнамудаи маркази номбурда, истеъмоли нерӯи барқ дар поитахти мамлакат кам гардида, нерӯи зиёди барқ (беш аз 4млн.кВт/соат) сарфа гардид.

Тамоми системаи энергетикии Тоҷикистон, ки асосан аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ – НБО Норак, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2 ва «Помир-1» (ҶДММ «Помир-энерҷӣ») иборат буда, дар соли 2016 дар маҷмӯъ 17 млрд. 134 млнкВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карданд, ки ин нишондиҳанда назар ба соли 2015 706,1 (4,3%) зиёд аст. Саҳми гидроэнергетика дар ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб 95%-ро ташкил медиҳад.

Манбаъҳои дигари истеҳсоли энергия, ба мисли манбаъҳои эненргияи офтобӣ ва бодӣ¸ энергияи партовҳо метавонанд амалан қариб 10%-и талаботи ҷумҳуриро бо нерӯи барқ қонеъ гардонанд. Тоҷикистон дорои потенсиали истифодаи партовҳои кишоварзӣ ба сифати манбаи энергия, аз ҷумла биогаз аз порӯи чорвои калони шохдор ва саргини парранда мебошад. Якчанд генераторҳои таҷрибавии биогаз дар шароити имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд. Ғайр аз ин, барои истеҳсоли энергия дар асоси усули (методи) термохимиявӣ ҳосил кунонидани хамираҳои биологӣ аз партовҳои истеҳсолӣ вуҷуд дорад.

Аз захираҳои мавҷудаи намудҳои канданиҳои фоиданок дар ҷумҳурӣ нисбатан ояндадор ангишт ба ҳисоб меравад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 40 кони ангишт ва зуҳуроти ангишт окшор карда шудааст. Тибқи маълумоти оҷилии Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли ангишт дар моҳи августи соли 2015 164399 тоннаро ташикл дод, ки ин нишондиҳанда назара ба моҳи июли соли 2014  53998 тонна зиёд аст. Дар давоми моҳҳои январ-августи соли 2015 дар Тоҷикистон 55704 тонна ангишт истеҳсол карда шуд, ки ин рақам дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2014 101938 тонна ё 22, 4% зиёд аст. Истеҳсоли ангишт дар натиҷаи ба кор андохтани блоки авввали стансияи гармидиҳии «Душанбе-2» ва аз истифодаи сӯзишвориҳои нисбатан гаронарзиш-гази табиӣ  ва неруи барқ ба сӯзишвории нисбатан фоиданок- ангишт барои гармидиҳӣ ва дигар талабот (масалан, бо мақсади коркарди газ барои ТАЛКО) гузаштани корхонаҳои саноатӣ афзуд.

Вобаста ба исеъмоли энергия бошад, қайд кардан зарур аст, ки аз рӯйи маълумоти Агентии Байналмилалии Энергетика дар соли 2013 истеъмоли аввалияи энергия дар Тоҷикистон 2,5 млн. ва истеҳсоли он 1, 7 млн.тоннаи ҳамарзишро ташкил дод. Дар сохтори истеҳсолоти захираҳои нерӯи барқ гидроэнергия афзалият дорад, ки ба он қариб 90%-и ҳаҷми умумӣ мансуб аст. Дар ҳаҷмҳои на он қадар калон истеҳсоли ангишт, нафт ва газ ба роҳ мона мешавад.

Бо сабаби гузариши ҳамаҷониба ба истифодаи нерӯи барқ барои гармидиҳӣ ва таомпазӣ ва дигар эҳтиёҷоти рӯзгор  истеъмоли нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ дар муқоиса бо ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз чор маротиба- аз 1 млрд.кВТ/соат то 4, 5 млрд. кВт/соат дар як сол афзудааст. Дар ин маврид, 5,8 миллион нафари истиқомат-кунандагони деҳот (73%-и аҳолии кишвар) фақат10 %-и ҳаҷми умумии таъминоти нерӯи барқро истифода мебаранд. Норасоии нерӯи барқ дар мавсими зимистон дар 25 соли истиқлолият аз 4,5 то ба 1,5 млрд. кВт/соат кам гардид. Ҳолати мазкур водор мекунад, ки таъминоти нерӯи барқ расман қисманмаҳдуд карда шавад.

Дар соли 2015 истифодаи нерӯи барқ ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 2,02 млн. кВт/соатро ташкил дод. Истифодаи бештари нерӯи барқ дар вилояти Хатлон ба мушоҳида мерасад. Ҳолати истифодбарии нерӯи барқ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар  диаграмаи 4 нишон дода шудааст.

Аз ҳама зиёд нерӯи барқро минтақаҳои ҷанубии кишвар – 31млн.кВт/соат,  аз ҳама камтар дар шаҳри Душанбе – 7, 5 млн. кВт/соат дар як шабонарӯз, истифода мебаранд. Истифодабарии нерӯи барқ дар корхонаи калонтарини ҷумҳурӣ заводи алюминии “ТАЛКО” 8 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад. Вилояти Суғд дар як шабонарӯз каме зиёдтар аз 11 млн.кВт/соат нерӯи барқ истифода мебарад. 

Таъминоти нерӯи барқ дар ВМКБ бошад, тибқи қарордоди консетсионии байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии Помир (“Помир-энержи”) ба уҳдаи ширкати номбурда вогузошта шудааст. Аз моҳи майи соли 2008 ширкати “Помир-энержи” ба 1080 нафар истифодабарандагони нерӯи барқ дар маҳалҳои аҳолинишини наздисарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хизмат мерасонад.

Зкир кардан ба маврид аст, ки истифодаи умумии нерӯи барқ дар моҳи августи соли 2015 ба 1331 млн. кВт/сота расид, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо моҳи июли соли 2015 4,8% кам мебошад. Дар моҳи августи соли 2015 истифодаи нерӯи барқ нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 85,3 млню кВт/соат зиёд буд.

Истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ дар соли 2015 чунин аст: қариб 4914, 1 млн. кВт/соат ё 38, 7%, ба маблағи 617 млн сомонӣ ё 38, 4% аз ҳаҷми умумии фурӯши неруи барқ, бо тарифи миёнаи 12, 62 дирам. (ниг. ба диаграммаи 6).

Агар яке аз сабабҳои сол то сол зиёд шудани истеъмоли барқ аз тарафи аҳолӣ ин ҳар сол то 2-2,5% афзудани аҳолии Тоҷикистон бошад, сабаби дигар ва асосии он ин баланд шудани сатҳи зиндагии сокинони ватани маҳбубамон мебошад, зеро дар ин ҳолат мардум имконият пайдо карданд, ки барои беҳтар намудани шароити маишии зиндагиашон бештар аз асбобҳои рӯзгори барқӣ ба монанди дарзмол, яхдон, телевизор, кондиционер, печҳои барқии хонагармкунӣ, обгармкунак (термекс), обҷӯшонак (электрочайник), хӯрокгармкунак (микровалновая печ), чангкашак (пылесос), печҳои барқии хӯрокпазӣ ва ғайра бештар истифода баранд. Дар давраи Шӯравӣ мардуми мо ҳатто аксарияти ин асбобҳои рӯзгорро намедонистанд. Ҳатто яхдону телевизор барои ҳама дастрас набуд.

Сабаби дигари афзоиши истеъмоли барқ аз тарафи аҳолӣ бо муқоисаи солҳои пешин, ин қатъ гаштани интиқоли гази табиӣ барои аҳолӣ аз ҷониби Ӯзбекистон мебошад. Агар аҳолии Тоҷикистон дар солҳои 2004-2006 ба ҳисоби миёна ҳар сол 285 млн.м3 гази табиӣ истеъмол карда бошад, соли 2007 68 млн.м3, соли 2008 43 млн.м3, соли 2009 17,1 млн.м3, солҳои 2010-2011 бошад ин рақамҳо ба цифр (0) баробар шудааст.

Дурнамои азхудкунии нерӯи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар кишвари мо умедбахш аст. Ин аз нуқтаи назари саҳмгузории минтақавӣ ва глобалӣ оид ба тазъиқи экологӣ ба муҳити табиӣ, маҳдуд гардонидани партовҳои гази ангидридии карбон ба атмосфера ва таъсири манфии тағйироти иқлим хеле муҳим аст.

Инчунин, дар Стратегияи Рӯшди Энергетикаи Тоҷикистон дар баробари сохтмони манбаъҳои нави энергия ба самаранокии нерӯи барқ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодабарии манбаъҳои азнав барқароршавандаи энергия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба истифодаи самарабахши энергия» ба тасвиб расиданд. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи санадҳои номбурда «Барномаи стандаризатсия дар доираи нигоҳдорӣ ва самарабахшии нерӯи барқ барои солҳои 2010-2012» қабул гардида буд. Ҳамчунин, дар асоси дастур ва меъёрҳои стандартҳои Иттиҳоди Авурпо, кишварҳои Россия, Украина ва Қазоқистон 8 стандарт дар соҳаи нигоҳдории нерӯи барқ ва манбаъҳои барқароршавандаи он  таҳия гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон базаи меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нигоҳдории нерӯи барқ ва баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ марҳилаи татбиқи амалии нақшаҳои пешбинишуда оғоз ёфт. Ба иҷрои ин нақшаҳо «Барномаи истифодаи самарабахши захираҳои гидро-энергетикӣ ва нигоҳдории неруи барқ барои солҳои 2012-2016», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2011, №551 тасдиқ шудааст, мусоидат менамояд.

ШУЪБАИ ТАРБИЯ


02.01.2021     517
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php