Валвалаи табл зи бемағзӣ аст!

Роҳбарияти давлати тоҷикон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ғамхору ғамгусори миллати хеш буд, ҳаст ва мемонад. Баҳри бо неруи барқ таъмин намудани халқ аз рӯзҳои аввали сари ҳокимият омадан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ният доштанд Тоҷикистонро ба як давлати пешқадамтарин ва зеботарини дунё табдил диҳанд, то ин ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои орому осуда зиндагӣ намоянд. То аз беҳтарин неъматҳои дунёӣ бархурдор бошанд. Хушбахтона, ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳамаи мо медонем, ки солҳои охир хушксолиҳо пай дар пай омаданд ва Тоҷикистони азизи мо низ аз ин безарар намонд. Имрӯз, ки вобаста ба гармшавии иқлим паст шудани сатҳи обанборҳо ба назар мерасад, зарурат пеш омадааст, ки барои дар фасли зимистон аз хунукӣ эмин доштани халқ давлати мо чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд. Мардуми мо хуб медонанд, ки ин масъалаи глобалӣ аст. Имрӯз дар тамоми дунё иқлим гарм шуда, обҳо мехушканд ва сарфаи барқ ҳатмӣ аст. Фикри замистон аз тобистон мебояд.

Бо сабаби паст гаштани сатҳи оби обанборҳо сарфаи неруи барқ беш аз пеш зарур аст. Ин маҳдудиятҳо дар қатъ кардани интиқоли барқ дар як қатор ноҳияву маҳалҳо муваққатӣ буда, дар сарфа кардани қувваи барқ ногузиранд. Зеро зимистони имсол тулонӣ хоҳад буд ва ба хотири аз гармиву рӯшнойӣ маҳрум нагаштани халқ дар фасли сармо роҳбарияти кишвар илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ намуда, баҳри дафъи ин мушкилот дар фасли гармо чораҳо андешид. Обанборҳои неругоҳҳоро аз аз захираҳои обӣ пур намуд ва инак тамоми шаҳру деҳоти кишвар бо неруи барқ ба тариқи шабонарӯзӣ таъмин гаштаанд. Муроҷиатҳои пайдарпайи роҳбарияти мамлакат барои сарфа намудани неруи барқ ва бо об пур намудани обанборҳо аз ҷониби мардуми Тоҷикистон дастгирӣ ёфт, ки боиси мӯътадил гаштани вазъи энергетикии кишвар гаштааст.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, афроди ғаразхоҳ ва бадтинату хиёнаткоре, чун Беҳрӯз Тағойзода ва ҳаммаслакони ӯ ёфт мешаванд, ки дур аз Ватан истода, ба ҷуз аз санг задан бар сари давлати хеш коре надоранд. Халқро мебояд, ки ба чунин дасисаҳо дода нашаванд ва худ қазоват кунанд: агар солҳои пешин аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 миллионро ташкил медод, ҳоло он ба 9 миллион расидааст, ки боиси бамаротиб зиёд масраф шудани қувваи барқ мегардад. Ин бошад дар навбати худ омили дигареро ба вуҷуд меорад, ки истифодаи асбобҳои барқӣ аз қабили кондитсионерҳо, радиаторҳо, дарзмолҳо, плитаҳо, яхдонҳо, таҷҳозотҳои кафшергарӣ, таҷҳизотҳои барқии дар сохтумонҳо истифодабаранда мебошанд, зеро вобаста ба тараққиёти саноатии Тоҷикистон талабот ба неруи барқ зиёд гаштааст. Ин ҷо қайд кардан зарур аст, ки лимити барқ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар давлатњо, аз љумла дар Узбекистон ва Ќирѓизистон низ ба роҳ монда шудааст.

Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон неругоҳҳои барқӣ, ки бо талошу пофишориҳои Пешвои муаззами миллат ба истифода дода шудаанд, аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва ҷаҳонӣ дошта, қудрати бо неруи барқ таъмин намудани Ҷумҳурии Тоқикистонро доранд. Аз ин лиҳоз, ҳолатҳои ҷойдоштаро ба инобат гирифта, мо набояд ба таҳлука афтем. Баръакс, нерӯи барқ ва гармиро сарфакоронаву мақсаднок истифода бурда, ҳеҷ гоҳ ба исрофкорию дуздии он роҳ надиҳем.

Миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ “шаҳди” ҳамагуна бадгӯйӣ ва бадхоҳии хоинони Ватанро чашида, хулосаи амиқи худро баровардааст. Дар фикри ободии кишвари мо ба ҷуз аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муттаҳидии халқ дар атрофи Роҳнамову Роҳкушои тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, каси дигаре нест. Моро зарур аст, ки беш аз пеш тифоқ бошем ва нагузорем, то нохалафе ба сулҳу ваҳдати миллии мо санги маломат занад, зеро кулухандозро подош санг аст!


17.12.2020     212
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php