Ҷумҳурии Тоҷикистон – узви фаъоли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ҳар як кишвари соҳибистиқлол сиёсати хориҷии худро бо дарназардошти манфиатҳои давлатию миллӣ ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷиаш бо ҷараёни инкишофу таҳаввули вазъи геополитикӣ ва геоиқтисодии ҷаҳони муосир ҳамқадам ва ҳамнаво бошанд. Вобаста ба ин, санадҳои марбут ба пешбурду татбиқи сиёсати хориҷӣ бо мурури замон ва ба тақозои дигаргуниҳое, ки дар арсаи байналмилалӣ ба вуҷуд меоянд, тағйиру такмил меёбанд ё санади наве дар ин замина таҳия ва қабул карда мешавад.  

Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ низ дар соли 1990 баъд аз Россия пайи ҳам - Ӯзбекистон 20 июн, Туркманистон 22 август, Тоҷикистон 24 август, Қазоқистон 25 октябр ва Қирғизистон 15 декабр соҳибихтиёрии худро эълом намуданд. Бояд зикр намуд, ҳадафи онҳо пас аз қабули Эъломияҳо низ маънои аз ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷудо шуданро надошт, балки тасмим гирифта буданд, ки ихтиёран қисме аз салоҳиятҳои худро ба Иттиҳоди Шӯравӣ вомегузоранд.

Воқеан дар соли 1990 раванди марказгурезии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, нисбат ба ҷумҳуриҳои Назди Балтика ё Қафқоз он қадар шиддат нагирифта буд. Ҳатто нерӯҳои навташкили сиёсие, ки акнун ба саҳнаи сиёсии ворид гардида буданд, ҳадди ақал кишварҳояшонро дар дохили конфедератсияи давлатҳои мухтор медиданд. Масалан, дар санадҳои Ҳизби демократии Тоҷикистон омада буд, ки ҳадафи ҳизб «бадаст овардани истиқлол ва соҳибихтиёрии комили сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати Конфедератсияи давлатҳои мухтор мебошад».

24 августи соли 1990 Иҷлосияи II Шӯрои Олии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶСС Тоҷикистон»-ро қабул намуд. Бояд гуфт, ки дар ин Эъломия Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар чаҳорчӯбаи ИҶШС-и нав шуда медид ва бовар бар он дошт, ки «пайванди озодона ва баробарҳуқуқи миллатҳои шӯравӣ ба инкишофи ҳама тарафаи онҳо кафолат медиҳад».

Ин Эъломия замоне таҳия гардид, ки дар ш. Москва мақомоти марказии Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи Шартномаи нави умумииттифоқиро баррасӣ ва барои қабул омода мекарданд. Барои ҳамин ҳам дар банди 19-и «Эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии ҶСС Тоҷикистон» омадааст, ки: «Эъломияи мазкур заминаест барои танзими Конститутсияи нави ҶСС Тоҷикистон ва бастани Шартномаи умумииттифоқӣ».

Ҳарчанд Эъломияи мазкур истиқлолияти нопурра ва нокомили давлатиро дода бошад ҳам, дар он шароити таърихӣ як иқдоми боҷуръатона буд. Нимаи дуюми соли 1990 ва соли 1991 барои Иттиҳоди Шӯравӣ воқеан сарнавиштсоз буданд. Дар ин солҳо раванди марказгурезӣ чунон суръат гирифт, ки дигар боздоштани он имкон надошт.

Дар таърихи 19-21 августи соли 1991 дар ш. Москва як идда афроди муҳофизакор (консерватор) даст ба табаддулоти давлатӣ заданд ва ҳадафи аслиашон барқарор кардани Иттиҳоди Шӯравии пештара буд. Аммо ин амал, баъд аз ноком шуданаш, раванди марказгурезиро бо сардории Россия чунон тез намуд, ки пас аз чанд моҳ Иттиҳоди Шӯравӣ комилан аз байн рафт.

Дар чунин ҳолат Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон иҷлосияи ғайри навбатиашро ҷиҳати баррасии вазъияти ба амал омада даъват намуд ва дар рафти он як теъдод санадҳои сарнавиштсоз ва муҳимро қабул намуд. Ин ҳуҷҷатҳо иборатанд аз «Қарори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Эъломия дар бораи истиқлоли ҶСС Тоҷикистон», «Қарори Шӯрои Олии ҶСС Тоҷикистон дар бораи эълони истиқлолияти давлатии ҶСС Тоҷикистон», «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Изҳорот дар бораи амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Санадҳои мазкур аз лиҳози ҳуқуқӣ истиқлолияти комил ва пурраи кишварамонро асоснок намуданд ва Тоҷикистонро бо ҷаҳони озод васл карданд. Мутобиқи банди 15-уми такмилу таҳриршудаи Эъломияи истиқлол «Ҷумҳурии Тоҷикистон субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ буда, бо кишварҳои хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ, консулӣ, иқтисодӣ ва ғайра барқарор менамояд, бо онҳо намояндагони мухтор табодул мекунад ва созишномаҳои байналмилалӣ мебандад».

Баъд аз эълони расмии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатҳои ҷаҳон, яке баъд аз дигаре истиқлолияти кишварамонро пазируфта бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд. Таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чунон зиёд шуд, ки аз моҳи октябри соли 1991 тоноябри соли 1992 ба Тоҷикистон 16 ҳайатҳои ҳукуматии кишварҳои мухталифи ҷаҳон ташриф оварда бо кишварамон муносибатҳои дипломатиро барқарор намуданд. Бояд гуфт, ки танҳо дар соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 48 кишвари хориҷӣ робитаҳои дипломатӣ барқарор намуд.

Дар нимаи аввали соли 1992 дар Тоҷикистон 5 сафоратхонаи давлатҳои гуногуни ҷаҳон ифтитоҳ шуданд. Ба шарофати соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамон сол узви баробарҳуқуқи 5 созмони мӯътабари ҷаҳонӣ, мин ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид (2 март) шуд. То охири соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистонро аллакай бештар аз 50 давлати дунё ба расмият шинохт.

Моҳи январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нави ҳукумат тасдиқ шуд, ки мувофиқи он Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ба Вазорати робитаҳои берунӣ табдил дода шуд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Набиев яке аз дипломатҳои касбӣ Лақим Қаюмов, ки аз соли 1989 вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ буд, ба вазифаи вазири робитаҳои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Баъд аз эълони озмун ба вазорат мутахассисони варзида ба кор гирифта шуданд, ки оҳиста-оҳиста ба дараҷаи дипломатҳои касбӣ расиданд ва баъдан аксари онҳо, ба монанди Абдулло Юлдошев, Тоҷиддин Мардонов, Нуриддин Шамсов, Амак Сатторов ва дигарон дар мансаби сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазифаҳои баланди дипломатӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон фаъолият намудаанд. Дар се моҳи авали фаъолияти Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, яъне аз 15 май то хотимаи сессияи XV Шӯрои Олӣ - 17 августи соли 1992 дар Тоҷикистон суботи нисбӣ таъмин шуда буд. Дар ин давра Вазорати робитаҳои хориҷӣ сафарҳои расмии Президенти Тоҷикистонро ба ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Покистон омода намуд. Аз 28 то 30 июни соли 1992 аввалин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Зимни ин сафар як теъдод асноди байни давлатии дуҷониба ба имзо расид.

Яке аз натиҷаҳои муҳими сафар, он буд, ки тарафи Эрон барои пешрафти саноати сабуки Тоҷикистон ҷиҳати харидорӣ намудани таҷҳизот ва лавозими зарурӣ барои саноати нассоҷии Тоҷикистон 50 миллион доллари ИМА ҷудо намуд. Пас аз анҷоми сафари Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 30 июн - 2 июли соли 1992 ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари расмӣ анҷом дод. Дар рафти сафар як силсила санадҳои муҳими дуҷониба ба имзо расиданд. Аз ҷумла,Тафоҳумнома дар бораи усулҳои асосии ҳамкориҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон имзо шуд, ки мутобиқи он Покистон омодагии худро барои ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА ба мақсади идома додани сохтмони Нерӯгоҳи обии барқии Роғун иброз дошт.

14-15 июли соли 1992 сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардории иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбаршо Искандаров ва сарвазири ҷумҳурӣ Акбар Мирзоев ба Давлати Исломии Афғонистон баргузор гардид. Ин сафар ҷиҳати таҳкими равобити дуҷониба, ҳаллу фасли масъалаҳои сарҳадӣ, пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз Афғонистон ба Тоҷикистон бо назардошти мулоқотҳои судманд бо роҳбарони нави Афғонистон Президент Бурҳониддин Раббонӣ ва вазири мудофиа Аҳмадшоҳи Масъуд хеле муҳим ба назар мерасид.

Бояд зикр кард, ки дар он давра роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ҳамчунин бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти дохилии кишвар, дар музокироти мухталифи тарафҳои даргир , аз ҷумла, дар музокироти сулҳи Хорӯғ, ки рӯзҳои 26-27 июли соли 1992 баргузор шуда буд, иштирок менамуд. Президенти кишвар Раҳмон Набиев баъд аз таъсиси Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ кушиш ба харҷ дод, ки вазъияти сиёсии кишварро ба эътидол биёрад. Вай рӯзҳои 3-4 июни соли 1992 ба вилоятҳои Қурғонтеппа ва Кӯлоб сафари корӣ ҷараёндода,бо табақаҳои гуногуни мардум вохӯрӣ намуд, дар бораи таъсисёбии Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ, мақсаду вазифаҳои он ҳарф зад.

Дар мулоқотҳо сокинони ин вилоятҳо изҳор намуданд, ки дар сурате Ҳукумати мусолиҳаи миллиро тарафдорӣ мекунанд, ки агар аз он ду нафар - Давлат Усмон ва Мирбобо Мирраҳим ихроҷшаванд. Ҳамин пешниҳод дар вақти сафари кории Президенти мамлакат ба вилояти Ленинобод дар таърихи 7-8 июни соли 1992 таъкид шуда буд.

Сентябри соли 1992 вазъияти сиёсии Тоҷикистон хеле тезу тунд гардид. Бо дахолати ғайри мустақими кишварҳои хориҷӣ Президент Раҳмон Набиев дар фурӯдгоҳи Душанбе дастгир шуд ва ба зарби фишор аз мансаби президентӣ ба таври хаттӣ даст кашид. Ин воқеа алангаи ҷанги шаҳрвандиро баландтар кард.

Он замон меҳмонони зиёде аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар таҷлили аввалин ҷашни Истиқлоли давлатӣ даъват шуда буданд ва бисёре аз онҳо то ин муддат аллакай ба Душанбе омада буданд. Ин амал махсус барои беобрӯ кардани Тоҷикистон дар чашми меҳмонҳои хориҷӣ ва ҷаҳониён сурат гирифта буд.

Дар ҳамин ҳангом аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид даъватнома барои иштирок дар Иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба номи Президенти Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ фиристода шуда буд. Пас аз истеъфои Президент Раҳмон Набиев, иҷрои вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Қарори Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 1992 бар дӯши Акбаршо Искандаров гузошта шуд, ки раиси Шурои Олӣ ва шахси дуюми ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт. А. Искандаров ба вазири корҳои хориҷӣ дастур дод, ки дар Иҷлосияи СММ иштирок ва суханронӣ кунад.

Азбаски шароити сиёсӣ хеле мураккаб буд, ҳайат имкони баррасии матни суханрониро низ надошт. Вазири корҳои хориҷӣ ҳамроҳи Лақим Қаюмов, ки бо фармони Президенти ҷумҳурӣ 27 августи соли 1992 ба вазифаи намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъйин шуда буд, ба шаҳри Ню-Йорк раҳсипор шуд. Ҳангоми омодагии роҳбари ҳайат барои суханронӣ дар иҷлосияи 47-уми Маҷмаи Умумии СММ аз ҷониби намояндагони кишварҳои дигар таклиф шуд, ки вазир ба забони русӣ ё англисӣ баромад кунад. Лекин барои тоҷикон муҳим он буд, ки ба ҷаҳониён мустақил будани давлати Тоҷикистон ва муқаддас будани истиқлоли миллии кишварашро собит созад.

Суханронии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро, ки ба забони тоҷикӣ садо дод, иштироккунандагони Иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ бо кафкубиҳои зиёд истиқбол карданд. Бояд зикр намуд, ки ин иштироки нахустини ҳайати расмии Тоҷикистон дар иҷлосияи Маҷмаи Умумии СММ буд. Ҳангоми боздиди ҳайат аз шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин масъалаи фаъолияти Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гардида, барои таҳкими равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА кӯшишҳо ба харҷ дода шуд.

Дар вилояти Қурғонтеппа кашмакашҳои сиёсӣ бо дахолати ғайри мустақими кишварҳои хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил шуда буданд ва алангаи ҷанг кишварро оҳиста-оҳиста фаро гирифт. Субҳи 24 октябри соли 1992 аз тарафи шаҳри Турсунзода гурӯҳҳои мусаллаҳ бо сардории собиқ раиси Шӯрои Олӣ С. Кенҷаев ба шаҳри Душанбе ҳуҷум карда, тамоми биноҳои ҳукуматиро тасарруф намуданд. Аз ҷумла, бинои Вазорати корҳои хориҷӣ низ таҳти тасарруф қарор гирифт ва комилан ғорат шуд. Бисёр санадҳои муҳим ва ҳазорҳо варақаю шиносномаҳо ба яғмо бурда шуданд. Бойгонии санадҳои муҳимтарини дипломатӣ нобуд гардиданд.

Ҷанги хонумонсӯз, ки аз пушти он кишварҳои хориҷӣ буданд, барои Тоҷикистон хатари азим эҷод мекард ва идомаи он маънои онро дошт, ки ҷумҳурӣ метавонист ҳамчун давлати мустақили соҳибистиқлол аз байн равад. Ба раҳоии ҷумҳурӣ аз буҳрони сиёсӣ иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт.

Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2002 Консепсияи сиёсати хориҷии худро тасдиқ ва мавриди амал қарор дод, ки он моҳиятан ҳикмат ва ҳадафҳои фаъолияти давлати моро дар арсаи байналмилалӣ таҷассум намуда, роҳу василаҳои татбиқи манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекард.

Дар тӯли марҳилаи беш аз даҳсолае, ки аз қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ гузашт, дар минтақа ва ҷаҳон раванди босуръати таҳаввулоту дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва амниятӣ идома пайдо кард.

Дар ин росто, пеш аз ҳама бояд тазаккур дод, ки низоми амниятии фарогир рахнаи бештар пайдо карда, ташаннуҷу нооромиҳо дар гӯшаву канори дунё афзоиш ёфтанд. Таҳдиду чолишҳои гуногун, бахусус доман густурдани терроризми байналмилалӣ, боло гирифтани тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, зиёд шудани тавлиди маводди мухаддир ва қочоқи он, тавсеаи ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ чун авомили барҳамзанандаи амну субот боиси нигарониҳои беш аз пеш гардид.

Таҷрибаи роҳандозии сиёсати хориҷии бисёрсамтӣ дар тӯли солҳои Истиқлолият нишон дод, ки ба роҳ мондани муносибатҳои дӯстона ва мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни олам ва қутбҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир ба таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ, рушди сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти миллӣ ва касби ҷойгоҳи шоиста дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуд.

Идомаи ин сиёсат, ки муносибати неки Тоҷикистонро ба ҳама миллатҳо ва кишварҳои ҷаҳон ва барқарории ҳамкориҳои мутақобилан судманди онро бо ҳамаи шарикони минтақавию байналмилалӣ ифода мекунад, дар марҳилаи ҳассоси сиёсиву амниятии минтақа ва ҷаҳони имрӯз низ ба манфиатҳои олии давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ аст. Бинобар ин, дар Консепсия сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун сиёсати хориҷии мустақили бисёрсамтӣ, ки ба эҳтироми бечунучарои ҳуқуқи байналмилалӣ асос ёфта ва ба таври воқеъбинона ва амалгароёна татбиқ мегардад, муайян шудааст. Ин сиёсат моҳиятан сиёсати “дарҳои кушода”, сулҳхоҳона ва беғараз арзёбӣ гардидааст, ки ҳадафи густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистонро бо ҳамаи кишварҳои дуру наздик дар асоси баробарӣ, эътирофи манфиатҳои тарафайн ва эҳтироми ҳамдигар   пайгирӣ мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолиятҳои хориҷӣ ва робита бо ҷаҳони муосир ҳамавақт паймонҳои байни давлатӣ ва меъёрҳои эътироф гардидаи ҳуқуқи байналмилалиро ба асос мегирад. Ин пойбандӣ ба аҳкоми ҳуқуқи байналмилалӣ боиси шаффоф ва қобили пешгӯӣ будани сиёсати хориҷии кишвар аст, ки ин матлаб дар Консепсия дарҷ ёфтааст.

Дар ин санад ҳамчунин заминаҳои консептуалии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байнидавлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа чун дӯстӣ, накӯҳамсоягӣ ва адами мудохила ба корҳои дохилии якдигар муайян шуда, эҷоди навори эътимоду амният дар тӯли марзҳои кишвар аз ҳадафҳои ин сиёсат муаррифӣ шудааст.

Дар низоми муносибатҳои байналмилалии ҷаҳони муосир равандҳои ҳамгироии сиёсиву иқтисодии бисёрҷониба ва гуногун сатҳу вусъати рӯзафзун пайдо кардаанд. Бинобар ин, дар Консепсияи сиёсати хориҷииТоҷикистон яке аз ҳадафҳои сиёсати хориҷии он таъмини иштироки густурдаи кишвар дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ муайян шудааст, то бадин васила Тоҷикистон дар таҳкими амнияту субот ва ҳамкориву муколамаи созандаи байналмилалӣ ҳадалимкон саҳм гузорад ва имкониятҳои созмонҳои мазкурро барои рушди устувори кишвар ҷалб намояд.

Бо дарназардошти тавсеаи равандҳои муҳими геополитикии минтақавию байналмилалӣ ва глобализатсионии ҷаҳони муосир, дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ назари усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин равандҳо баён гардида, таъкид шудааст, ки Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад ва итминон дорад, ки ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд.

Дар Консепсия мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, хушунату зӯроварӣ ва таассубу бадбинии милливу диниву фарҳангӣ, ки имрӯзҳо дар нуқоти гуногуни олам ба назар мерасанд, матраҳ гардида, аз ҷумла, таъкид гардидааст, ки низоми нави ташаккулёбандаи ҷаҳонӣ бояд бар ҳамкориву баробар ва мутақобилан судманди ҳамаи кишварҳои ҷаҳон асос ёбад, ҳама гуна хатарҳо бар сулҳу субот ва амнияти ҷаҳониву минтақавӣ бо роҳи созишу муколамаи созанда ва бар асоси аҳкоми  ҳуқуқи байналмилалӣ, пеш аз ҳама Ойинномаи СММ бартараф карда шавад.

Дар баробари ин, ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳо барои омода намудани вокуниши муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир, аз қабили мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, қочоқи силоҳ, тундгароии мазҳабӣ ва ғайрабаён шудааст.

Дар назария ва амалияи сиёсати хориҷӣ дар баробари муносибатҳои дуҷониба имрӯз дипломатияи бисёрҷониба, ки роҳандозӣ ва тавсеаи муносибатҳо бо созмону ниҳодҳои минтақавию байналмилалиро ифода мекунад, аҳамияти беш аз пеш касб намудааст.

Равандҳои бесобиқаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии сиёсиву иқтисодӣ дар ҷаҳон, инчунин зуҳури хатару чолишҳои гуногун ҳамкориву иқдомҳои муштарак ва ҳамоҳангиҳои фарогири кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҷиҳати эҷоди низоми пойдору одилонаи байналмилалӣ, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳо ва рафъи мушкилоти глобалии ҷаҳони муосир талаб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви фаъоли анҷумани давлатҳои мутамаддин иштироки фаъолона ва саҳми созандаро дар фаъолияти ин созмонҳои минтақавию байналмилалӣ аз ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ меҳисобад.

Тоҷикистон зимни ҷонибдорӣ аз нақши СММ чун ягона ниҳоди танзимкунандаи муносибатҳои байналмилалӣ ва тасмимгириҳо вобаста ба амалиёти дастҷамъона дар мавриди ҳифзи сулҳ ва таҳкими амнияти низоми байналмилалӣ.

Таъмину пуштибонии манфиатҳои миллӣ ва пешбурди фаъолонаи ташаббусу иқдомоти созандаи Тоҷикистон дар СММ, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он, аз ҷумла ЮНЕСКО, инчунин саъю талош ҷиҳати касби узвияти Тоҷикистон дар мақомот ва сохторҳои интихобии СММ аз вазифаҳои калидии сиёсати хориҷии кишвар маҳсуб мегардад.

Бадин гуна, дар Консепсия ҳадаф ва вазифаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар мавриди ширкати кишвар дар фаъолияти созмонҳои дигар низ баён гардидаанд, ки дар сархатти онҳо ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ дар чаҳорчӯби ин созмонҳо қарор доранд.

Ҳадафи дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон мусоидат ба ташаккули иқтисодиёти самаранок тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамгироии Тоҷикистон ба иқтисодиёти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, инчунин таъмини амнияти иқтисодии кишвар муаррифӣ гардида, ба мақсади тавсеаи робитаҳои дуҷонибаю бисёр ҷонибаи иқтисодии хориҷӣ ва роҳандозии ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ зарурати иҷрои номгӯи мушаххаси вазифаҳо таъкид шудааст.

Дар бахши марбут ба дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об мавқеи усулии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи захираҳои обӣ баён шудааст. Ин мавқеъ ба принсипҳои накӯ ҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда асос ёфтааст. Вобаста ба ин, дар Консепсия изҳор шудааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун кишвари боло об ва манбаи асосии ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳ барои таъмини минтақа бо об хатар эҷод намекунад. Бо дар назардошти ин, яке аз вазифаҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ва саъю талош ҷиҳати ҳалли мушкилот дар ин самт дар рӯҳияи ҳамкориву шарокати баробарнафъи минтақавӣ муайян шудааст.    

Бо ҳидоят ва ибтикороти хушоянди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо дар солҳои Истиқлолият дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ба таври густурда роҳандозӣ намуд, ки ҳадафи он таъкиди зарурат ва талқини ғояи ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст.

Идомаи чунин дипломатияи созанда ва ибтикороти хушоянд дар соҳаи об ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст. Дар воқеъ, баргузорӣ ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба арзёбии натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” 2005-2015 ва қабули барномаи нави даҳсолаи байналмиллалии амал «Об барои ҳаёт» барои солҳои 2018-2028 бори дигар нақши созандаи кишвари мо ва Президенти онро дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ таъйид намуд.

Роҳандозии дипломатияи фарҳангӣ ва башардӯстона имрӯз  яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ҳадафҳои асосии он мусоидат ба таъмини ҳастии маънавӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои асили миллии фарҳангиву ахлоқии халқи тоҷик, муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳайси кишвари дорои фарҳангу тамаддуни қадима ва давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд, тавсеаи ҳамкориҳои самарабахши фарҳангию башардӯстона бо кишварҳои олам ба мақсади таҳкими шинохти мусбати Тоҷикистон ва мардуми он, мебошад. Дар Консепсия вазифаҳои мушаххаси сиёсати хориҷии кишвар ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо мушаххасан зикр шудаанд.

Мусаллам аст, ки фазои иттилоотии ҷаҳонӣ имрӯз ба саҳнаи бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангию динии марказҳои қудрати дунёи муосир ва абзори муассири фароҳам овардани афкори омма ва самт додани он ба нафъи доираҳои муайян табдил ёфтааст.Дар ин шароит дипломатияи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ба таъмини амнияти иттилоотии кишварро ҳадафи асосии худ қарор дода, дар доираи пайгирӣ ва татбиқи ин ҳадаф вазифаҳои муайянро ба ӯҳда дорад, ки онҳо дар Консепсия зикр шудаанд.

Дар таъини самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва афзалиятҳо дар он ба назаргирифтани махсусиятҳои мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр муҳим аст. Дар дунё имрӯз кишваре нест, ки танхо ва бидуни муносибат бо кишварҳои дигар арзи ҳастӣ намояд. Ҷумҳурии Точикистон низ истисно намебошад. Аз рӯи ин гуфта агар Тоҷикистонро дар маркази доирае қарор диҳем, давродаври онро се ҳалқаи давлатҳо печонидаанд.

Ҳалқаи аввал - ҳалқаи давлатҳои ҳамсояи наздик ва ҳаммарзи он, хосса Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон;

Ҳалқаи дувум - аз давлатҳои ба истилоҳ«ҳамсояи девордармиён», аз қабили Ҷумҳурии исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ҳалқаи сеюм - кишварҳои манфиатдоре, мисли Федератсияи Русия,Ҷумҳурияти Туркия, ИМА, Арабистони Саудӣ ва ғайра.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро бо нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ иштироки фаъол дорад. Вале ин ширкати фаъолонаи мо ва ба арсаи ҷаҳонӣ баромадани Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар Иҷлосияи XVIII Шӯрои Олии Чумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 1993 зимни зарурати танзими консепсияи сиёсати хориҷии кишвар таъкид намуда буд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, мавқеи геополитикӣ ва манофеи иқтисодиаш ба 5 ҳавзаи сиёсӣ дохил мешавад.

Ҳавзаи якум, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки бо вуҷуди душвориҳои солҳои аввали ташаккулаш ба сӯи таҳкими равобити ҳама ҷиҳати тамоили ботинӣ дорад;

Ҳавзаи дуввум, Осиёи Марказист, ки акнунун рӯ ба ваҳдати иқтисодию сиёсӣ овардааст;

Ҳавзаи саввум, фазои зисту амали давлатҳои ҳамсояи форси забон аст, ки ҳанӯз ба ягон иттиҳоди муштараки сиёсӣ ё иқтисодӣ нарасида бошанд ҳам, онҳоро нафақат ҳамбастагии таърихӣ ва мазҳабию фарҳангӣ, балки дурнамои воқеии рушди миллӣ бо ҳам ҷалб мекунанд;

Ҳавзаи чахорум, доираи нуфузи давлатҳои мусулмоннишини Шарқ аст, ки онҳоро на фақат ягонагии дину ойин ва суннатҳои рӯҳонӣ, балки имконот ва эҳтиёҷоти рушди миллӣ низ ба ҳам мепайванданд;

Ҳавзаи панҷум, ҷомеаи байналмилалист, ки ҷамъбастагии зоҳирию ботиниаш беш аз пеш қувват мегирад ва ҳам оҳиставу пайваста ба сӯи тамаддуни воҳиди умумибашарӣ роҳ мепаймояд».

Дар маркази доираи диққати кишварҳо ва минтақаҳои номбаршуда қарор гирифтан Точикистон се омили асосӣ дорад: иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ. Диққати он кишварҳоро, пеш аз ҳама, сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Тоҷикистон – тилло, нуқра, пахта, арзиз, мис, оҳан, уран, ҳамчунин мавқеи стратегии он ва равандҳои сиёсию иҷтимоие, ки солҳои охир дар сарзамини мо ба вуҷуд омадаанд, ба худ ҷалб намудааст.

Илова бар ин Тоҷикистон барои бисёрии ин кишварҳо бозори муносибу мувофиқи фурӯши молҳояшон мебошад. Махсусан, барои кишварҳое, ки молҳояшон дар бозори ҷаҳонӣ ба рақобати сахти кишварҳои ғарбӣ ва давлатҳои пешрафтаи шарқӣ рӯ ба рӯст. Аз ин сабаб онҳо кӯшиш доранд, ки дар Тоҷикистон нуфуз дошта бошанд, то хостаҳои сиёсию иқтисодӣ ва низомиашонро бароварда созанд.

Сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар шароити муосир хусусияти прагматикиро дорост, ки он имконият медиҳад бо давлатҳои ҷаҳон бештар муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро ба роҳ монад. Дар муносибат бо давлатҳои ҳамсарҳад ва давлатҳои сохти демократӣ дошта Тоҷикистон сиёсати дӯстӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии дигар давлатҳо, ҳал намудани масъалаҳо бо роҳи осоиштаро пурра ҷонибдорӣ менамояд. Вобаста ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ андешаҳои якчанд сарони давлатҳои дунё маълум аст, ки чанде аз онҳоро зикр менамоем. Чунончӣ, сарвазири Федератсияи Россия Д. Медведев зикр намудааст, ки Тоҷикистон тайи бист соли гузашта муваффақиятҳои назаррас ба даст оварда, обрӯи худро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштааст. Президенти Амриқо Барак Обама зикр намудааст, ки ИМА бо Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи он барои ҳамкории қавӣ дар роҳи сулҳу дӯстӣ кор мекунад. Мо имконияти таҳким бахшидани равобити дуҷонибаю минтақавии иқтисодӣ ва ҳифз аз хавфу таҳдиди терроризмро қадр мекунем. Иёлоти Муттаҳида ба манзури рушди ҷомеаи бехатар, шукуфон ва демократӣ ба ҳамкории худ бо Тоҷикистон содиқ мемонад.

Азбаски кишварҳои гуногун нисбати Ҷумҳурии Тоҷикистон хостаҳои гуногун, манфиатҳои гуногун доранд ва аксар хостаҳои онҳо бо хостаҳо ва манфиатҳои давлатҳои дигар дар тазод мебошад, байни ин кишварҳо рақобате вуҷуд дорад. Ва ин рақобати онҳо ба вазъи Тоҷикистон бе таъсир нахоҳад буд. Чунончӣ, Покистон ва Эрон хоҳони онанд, ки дар Афғонистон ҳукумате дар сари қудрат бошад, ки бо истифода аз он манфиатҳояшонро на танҳо дар худи он кишвар, балки дар Точикистон низ амали созанд. Барои ҳамин хам ба ин ва ё он нерӯи сиёсию низомӣ ва қавмию миллии дар Афғонистон буда, таваҷчӯҳ доранд. Дар навбати худ ба Покистон, Эрон ва Афғонистон кишварҳои дигари дунё, ба таври мушаххас ИМА, давлатҳои аврупоӣ ва баъзе аз давлатҳои араб умед мебанданд, то манфиатҳои хешро аз тариқи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намоянд.

Дар чунин вазъият роҳи дуруст барои Тоҷикистон он аст, ки дар ин ҳалқаҳои пурпечутоби муносибат бо кишварҳои дигар истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва низомии хешро ҳифз намояд ва бо ҳамаи он кишварҳо муносибати ҳасана дошта бошад. Дар акси ҳол, худро ба сифати давлати мустақил гум хоҳад кард ва ҳайсияти хешро аз даст хоҳад дод.

Ҳамкориҳои густурда ва мутақобилан судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ – Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Иттиҳоди Иқтисодии АвроОсиё, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо ва, албатта, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳангоми муайян намудани самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва афзалиятҳои он Тоҷикистон ба ҳадафҳо ва манфиатҳои миллии худ такя мекунад. Афзалиятҳо дар сиёсати хориҷӣ доимӣ ва бетағйир буда наметавонанд, онҳо ба сатҳ ва мӯҳтавои муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ва ё он кишвар,фазои умумии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии минтақа ва ҷаҳон айният доранд.Мавқеи геополитикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиби қавмию миллии он сатҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии он пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъол, амалигаро ва мутавозину мутаносибро тақозо мекунад. Барори сиёсати хориҷии ин ва ё он кишвар вобаста ба риояи таносуби ҳадафҳои миллӣ ва имкониятҳои воқеии он мамлакат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро пайгирона дар амал татбиқ намуда, эҷоди воситаҳои самарабахши ба ҳам овардани манфиатҳои миллӣ ва кӯшишҳои байналмилалӣ, муттаҳид намудани саъю талошҳои ҳамаи давлатҳоро барои омода намудани аксуламали муносиб дар баробари таҳдид ва хатарҳои замони муосир имконпазир мешуморад. Чунин бардошт дар доираи равандҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро сарфи назар аз вусъат, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии нерӯҳо таъмин менамояд. Тоҷикистон, ки бо сабаби мавқеи ҷуғрофии худ дар меҳвари манфиатҳои геополитикии нерӯҳои муқтадири олам қарор гирифтааст, дар шароити мавҷуда ва дар ояндаи наздик ният дорад сиёсати ҳадафмандонаро пеш бурда, минбаъд низ стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷонибаро дунбол намояд.

Ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дурнамои дароз муддат, тавре зикр шуд, бо мақсади ҳифзи манфиатҳои олии кишвар бояд аз фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои рушди устувори гуногунарсаи мамлакат, инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр, дарёфти ризоият ва манфиатҳои мутақобила бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ҷараёни ҳалли вазифаҳое иборат бошанд, ки онҳоро афзалиятҳои сиёсати хориҷии давлатамон муайян мекунанд.

Мавқеи геополитикии Тоҷикистон, имкониятҳои табииву демографии он, инчунин сатҳи тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон пеш бурдани сиёсати хориҷии фаъол, воқеъбинона ва сиёсати «дарҳои кушод»-ро мунтазам амалӣ мегардонад.

Бо ин мақсад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байни давлатӣ бо кишварҳои ҳаммарз ва минтақа сиёсати дӯстӣ, ҳамсоягии нек, мудохила накардан ба корҳои дохилии якдигарро пеш мебарад ва дар ҳалли масоили баҳснок, аз ҷумла масъалаҳои сарҳадӣ ва обу энергетика, ба воситаи ҳалли осоиштаи онҳо, яъне музокироту гуфтушунид, афзалияти комил медиҳад.

Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тӯли бисту спанҷ охир борҳо намоиш додааст.

Кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ


12.04.2021     848
C:\inetpub\tajmedun\bitrix\modules\main\classes\mysql\main.php